11.1 C
Dushanbe
25.12.2024

Рӯзи дониш муборак бошад!

Рӯзи якуми сентябр дар Тоҷикистон ҳамчун рӯзи дониш муайян шудааст. Дар ин рӯз тамоми боғчаю мадрасаҳо ва донишкадаю донишгоҳҳо дарҳои худро ба рӯйи донишомӯзон ва омӯзгорон боз мекунанд.
Инак, пас аз истироҳати тобистона, мактаббаччагону донишомӯзон, омӯзгорон ва аҳли илму адаб дар пешорӯи рӯзи дониш қарор доранд. Ба ин муносибат, роҳбарият ва аъзои “Гурӯҳи 24” ҳамдиёрони азизро табрик намуда, дар ин ҷода ба онҳо аввалан донишу фаҳми комилу самарбахш ва бедорию пешрафт орзу менамояд. Ҳарчанд, ки рӯзи дониш дар Тоҷикистон фаро расидааст, аммо мутаассифона чароғи илму маърифат кайхо боз хомӯш аст ва ҳазорҳо насли наврас бидуни дониш ба воя мерасанд ва тағдири онхо чӣ мешавад, ин як пурсишест, ки дар зеҳни мардум бепосух боқӣ мемонад.
Сабаби ба ин ҳол дучор шудани миллати мо сиёсати нохирадмандонаи Раҳмонов аст. Чун ашхоси ношоистаеро аз хешу наздикони худ ба садорати Вазорати маорифу илм ва дигар шохаҳои муҳимми даргоҳи илму дониш масъул гузоштааст, ки дар натиҷа садҳо ҳазор ҷавони дигар бо дониши нопурра солона тарки ватани худ карда, дар мулкҳои мардум пастарин зиндагиро барои худ интихоб кардаанд.
Чанде пештар шоҳиди фошкориҳои Диссернет шудем ва дидем, ки масъулони ҳукумати Раҳмонов то чӣ сатҳ дониш доранд. Ҳамагӣ асардузду рисоладузд будаанд. Бо ин ҳама дузд, чӣ тавр мешавад дар роҳи илму техник пешрафт кард?! Кор то онҷо расонда шуд, ки шохиди чандин таҳкиру намоишҳое аз минбарҳои баланд ба ин миллат равона гашт ва тоҷикро ба Ҷамшуду Равшан ҳамчун рамзи нодонию ҷаҳолат табдил доданд. Мисле, ки миллати точик аз илму хирад ба дур аст. Бо тамоми ин ҳама мушкилот, боз нашармида рӯзи донишро ҷашн мегиранду аз минбарҳо ба мардум ваъдаҳои дуруғини ояндаи дурахшон медиханд.
Ягона роҳи пешрафт ва дурахшондани дубораи илми тоҷик, барканории ҳамаи шахсони нолоиқ аз мансабҳои калиди ва баланд бардоштани мақоми омӯзгору шароити шоиста муҳайё кардан барои онҳост. Ба ҳар ҳол, дур нест он рӯзҳо, ки ҳатман чароғи илму маърифат дар ватани мо боз дубора бидурахшад ва фазои илму дониш ба мову шумо сарбаландӣ орад.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза