3.1 C
Dushanbe
20.12.2024

Раҳмонов иқрор шуд, ки нисбати мушкилоти муҳоҷирон бетафовут аст!


Раҳмонов иқрор шуд, ки нисбати мушкилоти муҳоҷирон бетафовут аст!

Аз касе пӯшида нест, ки Раҳмонов ва масъулину ниҳодҳои марбутаи Ҳукумати Тоҷикистон нисбати муҳоҷирони корӣ ва мушкилоти онҳо бетафовут ҳастанд ва мо боре ҳам надидаем ва нашунидаем, ки Раҳмонов дар мулоқотҳояш бо Президенти Русия ба ин масъала дахл карда, аз ҳуқуқҳои онҳо дифоъ карда бошад. Ҳатто дар замони бӯҳрони бемории Ковид 19 ҳам дари Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва консулгариҳояш ба рӯи муҳоҷирон баста буданд. Вале касе гумон надошт, ки ин суханонро мардуми Тоҷикистон, махсусан муҳоҷирон аз забони худи Раҳмонов мешунаванд. Имрӯз Раҳмонов ҳангоми ироаи Паёмаш ба Порлумони Тоҷикистон ба ин ҳақиқати талх иқрор шуд. Ӯ ба намояндагони мардумӣ дар Порлумони кишвар муроҷиат карда гуфт:  «…ман аз аҳволи бад ва мушкилоти муҳоҷирони корӣ дар Русия огоҳӣ дорам, медонам, ки ҳар сол садҳо ҷасади муҳоҷирон ба Ватан оварда мешавад, вале ҳамаи мо, аз ман сар карда,  дар фикри нафси худ ҳастем!».

Ин иқрори Раҳмонов, ба андешаи раҳбари ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” Сӯҳроб Зафар ғайриогоҳона баён гардид ва самимӣ будани он ҳам зери суол аст. Зеро, агар Президенти Тоҷикистон аз мушкилоти муҳоҷирони корӣ огоҳ бошад, пас чаро дар зарфи сӣ сол боре ҳам барои ҳалли он коре накард, ин масъаларо дар мулоқотҳои сатҳи давлатӣ ба миён нагузошт, ба масъулони соҳа супориш надод, ки Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ва Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва дигар кишварҳо барои ҳалли он мусоидат кунанд. Агар Раҳмонов аз кушта шудани муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ, ки маҷбуран аз ҷониби мақомоти Русия ба ҷанги зидди Укроин сафарбар мешаванд, огоҳ бошад, пас чаро ба ин масъала дахолат намекунад? Зеро Раҳмонов хуб мефаҳмад, ки ӯ ва Ҳукуматаш бо пуштибонии Русия ҳокимият мекунанд ва дар муқобили аъмоли Русия чизе гуфта наметавонад.

Раҳмонов боз иқрор шуд, мо дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирони корӣ коре накардем, зеро дар фикри нафси худ ҳастем. Яъне нафси Раҳмонов ва намояндагони Порлумон аз тақдири мардум,  махсусан муҳоҷирон, ки сарчашмаи даромади  аҳолии Тоҷикистон мебошанд ва хазинаи давлатро ҳамасола пур мекунанд, болотар будааст.

Ба гумони ғолиб, Раҳмонов бо чунин шева баён кардани фикрашро интизор набуд. Ӯ шояд инро гуфтан намехост, вале ҳақиқатро гуфт. Ин суханон маънои онро дорад, ки воқеан ҳам барои Раҳмонов, хонаводаи ӯ ва аъзои Ҳукумату Порлумон манфиати шахсӣ аз манфиати кишвар ва мардум болотар аст. Инро мардуми Тоҷикистон, махсусан муҳоҷирон аз забони худи Раҳмонов шуниданд.

Солҳост, ки Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” дар ин бора мегӯяд, вале қисме аз мардуми Тоҷикистон ба ин гуфтаҳои мо бовар намекарданд, шояд акнун бовар кунанд.  Мухотаби мо махсусан муҳоҷирони корӣ мебошанд!

Ин иқрори Раҳмонов аз пахши мустақим садо дод ва агар минбаъд ин қисми суханронӣ бурида шавад, аз эҳтимол дур нест!

Ин иқрори Раҳмонов бояд мардуми Тоҷикистон, махсусан муҳоҷирони кориро аз хоби ғафлат бедор кунад. Зеро аз забони Раҳмонов шуниданд, ки ин Ҳукумат ва Порлумон мардумӣ нестанд ва ҳеҷгоҳ дар фикри мардуми Тоҷикистон набуданд ва нахоҳанд буд.

Қобили зикр аст, ки режими диктатории Раҳмонов аз соли аввали сари қудрат омаданаш дар фикри худ ва оилаи худ буду бас! Ва солҳост, ки мардуми заҳматкаши муҳоҷири тоҷик аз ин режими худкома ва ваъдаҳои пучу холияш, ки ҳар ҷамъбасти сол мегузаронад, умедашон канда асту ҳар мушкилие болояшон омадаро худ дастаҷамъона ҳаллу фасл менамоянд ва мунтазири ҳатто сафорати ин худкома нестанд, дар ҳоле, ки тақрибан 40% дар сади буҷаи кишвар аз ҷониби муҳоҷирон пур карда мешавад. 

Лизо ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” аз ҳамаи мардуми кишвар тақозо дорад, ки ин гуфтаҳои Раҳмоновро бо диққат пайгирӣ кунанд ва омода бошанд, ки ин дуруғҳои минбаъдаи Раҳмонов то куҷо ин гуфтаҳо амалӣ мешаванд…

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза