12.1 C
Dushanbe
30.12.2024

Асосгузори Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” Умаралӣ Қувватов 55-сола шуд, аммо мутаассифона шодравон бо мо нест.


Асосгузори Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” Умаралӣ Қувватов 55-сола шуд, аммо мутаассифона шодравон бо мо нест.

Мо тан ба фидо додем, 

То зинда шумо бошед…

Имрӯз, 21 ноябр Асосгузори Ҳаракати сиёсии  “Гурӯҳи-24”, шодравон Умаралӣ Қувватов ба синни мубораки 55 қадам гузошт.

Ӯ дар муддати умри кӯтоҳ ва фаъолияти на чандон тулонии сиёсии худ тавонист на танҳо сутуни режими худкомаи Раҳмоновро ба ларза оварад, балки як теъдод ҷавононро ба самти худогоҳӣ раҳнамоӣ ва мубориза бар зулму золим кунад ва пас аз худ мактаби сиёсӣ боқӣ гузорад. Имрӯз ин мактаб бо ҳазорон нафар аъзо ва тарафдорони худ дар сангари мубориза бо низоми диктаторӣ,  фосид ва хонаводагии Раҳмонов қарор дорад ва ба яке аз нирӯҳои асосии мухолифони сиёсии режими Раҳмонов табдил ёфтааст.

Ҳоло теъдоди зиёди аъзо ва тарафдорони ин ҳаракати сиёсӣ на танҳо дар Аврупо ва дигар кишварҳо ба мубориза алайҳи сиёсати саркӯбгаронаи ин низоми диктаторӣ машғул мебошанд, балки ин ҳаракати сиёсӣ дар дохили Тоҷикистон низ пайравону тарафдорони зиёд дорад.

Режими диктатории Раҳмонов қасд дошт бо қатли ноҷавонмардонаи Умаралӣ Қувватов оташи аз ҷониби ӯ афрӯхтаро  хомӯш кунад, вале иштибоҳ кард. Дар баробари маҳви ҷисмонии Умаралӣ Қувватов зиндагии рӯҳонии ӯ оғоз шуд, вале оташи қалби даҳҳо нафар фурӯзонтар шуд ва тадриҷан роҳи ақлу дили ҳазорон нафар ҳамватанони моро дар роҳи бедории сиёсӣ ва мубориза алайҳи режими диктатории Раҳмонов равшан мекунад.

Раҳбари арҷманд,  Умаралӣ Қувватов!

Ту осуда ва ором бихоб! Зеро роҳи бунёдгузоштаи Ту идома дорад. Он рӯз дур нест, ки пайравону тарафдорони мактаби сиёсии Ту ҳамроҳ бо дигар нирӯҳои мухолифи созанда, мардуми заҷркашидаи Тоҷикистони азизро аз  ситами Раҳмонови золим озод хоҳанд кард.
Рӯҳат шод, хонаи охиратат обод, ёдат гиромӣ!

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза