Ошӯбҳои сохта ва хуни маҳбусон: бозии ҳамешагии режими Раҳмонов

27

 

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” бо нигаронии ҷиддӣ такрор ёфтани сенарияи хатарнок ва яксонро дар зиндонҳои Тоҷикистон маҳкум мекунад. Дар солҳои охир ҳар боре, ки вазъияти сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар кишвар муташанниҷ мегардад мақомоти расмӣ аз рух додани “ошӯб” дар зиндонҳо хабар медиҳанд ва пас аз он марги чанд маҳбусро эълон мекунанд. Ин ҳама бидуни таҳқиқоти мустақил бидуни шаффофият ва бидуни иҷозати назорати ҷомеа сурат мегирад.
Режими Раҳмонов пайваста аз як қолаби собит истифода мебарад: аввал хомӯшии комил баъдан изҳороти кӯтоҳ ва яктарафаи мақомоти давлатӣ ва дар ниҳоят бастани парванда бо ибораи такроршаванда ва ношаффоф “маҳбусон ҳангоми ошӯб кушта шуданд”.

Тибқи изҳороти расмии мақомот охирин чунин ҳодиса рӯзи 31-уми январ дар зиндони шаҳри Хуҷанд рух додааст, ки дар натиҷа се нафар маҳбус ҷони худро аз даст додаанд. Аммо то имрӯз ҳеҷ маълумоти муфассал дар бораи номи кушташудагон ҷузъиёти воқеа ва шароити марги онҳо нашр нашудааст. Маҳдуд будани иттилоъ танҳо ба версияи яктарафаи давлат саволҳои ҷиддиро ба миён меорад.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” бар ин назар аст ки чунин “ошӯбҳо” на ҳамчун воқеаҳои худҷӯш, балки ҳамчун абзори сиёсӣ истифода мешаванд. Ин сенария метавонад барои аз байн бурдани садоҳои норозӣ маҳбусони сиёсӣ ё шоҳидоне бошад, ки қобилияти расонидани ҳақиқатро ба ҷомеа доранд.

Бо дарназардошти онки низоми зиндонӣ дар Тоҷикистон пурра зери назорати сохторҳои қудратӣ қарор дорад сухан рондан аз “ошӯби худсарона” бе ҳузури нозирони мустақил ва байналмилалӣ қобили қабул нест ва бештар ба таҳқири афкори умум шабоҳат дорад.
Хомӯшии ҷомеаи байналмилалӣ ва набудани фишори ҷиддӣ ба режими ҳоким боис мегардад, ки ин давраи зӯроварӣ идома ёбад. Ҳар маҳбусе, ки имрӯз бо баҳонаи “ошӯб” ҷони худро аз даст медиҳад метавонад қурбонии навбатии як низоми беҷавобгар бошад.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” қотеона таъкид мекунад: то замоне, ки таҳқиқоти мустақил шаффоф ва байналмилалӣ дар бораи ҳамаи чунин ҳодисаҳо иҷозат дода нашавад ҳар як изҳороти расмии мақомоти Тоҷикистон бояд зери суоли ҷиддӣ қарор гирад. Зиндон набояд ба қабр табдил ёбад ва “ошӯб” набояд пардае барои қатл бошад.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” ба пайвандону наздикони ҳамаи маҳбусоне, ки дар ин ҳодисаҳо ҷони худро аз даст додаанд таъзияи самимӣ баён намуда бо онҳо дар ин мусибати сангин ҳамдардӣ мекунад. Ёди даргузаштагон гиромӣ бод.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”