6.1 C
Dushanbe
21.12.2024

Озодии баён дар Тоҷикистон ба як чизи дастнорас табдил ёфтааст. Рӯзноманигорон боз боздошт шуданд

Имсол мубаллиғон ва тарафдорони режими худкомаи Раҳмонов табли шодӣ заданд, ки вазъияти озодии сухан дар кишвар беҳтар шудааст ва Тоҷикистон дар радабандии нави озодии матбуот даҳ зина боло рафта, аз ҷойи 162 ба ҷойи 152 қарор гирифт. Вале пас аз  ҳодисаҳои ахири  фишору боздошти рӯзноманигорон онҳо ба ин масъала чӣ мегуфта бошанд? Магар шодиву хурсандии онҳо зӯд набудааст? 

Рӯзи гузашта дар бораи боздошти ду хабарнигори дигар дар Тоҷикистон: Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминӣ маълум гардид. Ҳардуи онҳо ҳам аз Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ, ки рӯзи 15 июни соли ҷорӣ боздошт шуда буданд, пуштибонӣ карданд.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода рӯзи 7 июл барои бозпурсӣ боздошт ва баъдан дар шаҳри Ваҳдат раҳо шуд. Ҳамзамон дар манзили ӯ кофтукоб сурат гирифта, телефони мобилиашро мусодира карданд. Вай бо матбуот тамос нагирифта, дар бораи боздошташ нанавишт, зеро шартномаи ифшо накардани маълумотро имзо кардааст. Аммо баъди ду рӯз ӯро дубора барои гирифтани телефони мобилияш  ба шӯъба даъват карданд. То кунун макони будубоши Абдусаттор Пирмуҳаммадзода маълум нест, мақомот бошад, дар бораи ин қазия шарҳе надоданд.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ки дар радио кор мекард, пас аз рафтанаш дар Ютуб ба блогнависӣ шурӯъ кард ва  бо интиқодҳояш аз сиёсати иқтисодии мақомот маъруф аст. Пас аз боздошти Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ дар блоги худ амали мақомотро маҳкум кард.

Рӯзи 8 июл рӯзноманигор Завқибек Саидаминӣ дар Душанбе боздошт шуд. Маълум гардид, ки ӯро барои бозпурсӣ ба ҳамин Шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат овардаанд. Аз ҷониби мақомот низ дар ин қазия шарҳи расмӣ нест.

Завқибек Саидаминӣ дар нашрияҳои мустақил ва Шабакаи аввали телевизиони давлатӣ кор кардааст. Пас аз рафтан ӯ ба тиҷорат машғул шуд, аммо ба шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолона роҳбарӣ мекард.

  Тайи ду моҳи ахир дар Тоҷикистон хабарнигорон Абдулло Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Мамадсултон Мавлоназаров, Хушрӯз Ҷумъаев ва ҳамчунин фаъъоли шаҳрвандӣ Улфатхоним Мамадшоева боздошт шуданд. Илова бар ин, дар Душанбе ба чаҳор хабарнигор ва оператори Радиои Озодӣ ва телевизиони “Настоящее время” ҳамла сурат гирифт.

Имрӯз дар Тоҷикистон озодии баён нархи хеле гарон дорад: барои он дар кишвари мо бисёр чизҳоро ва ҳатто ҷони худро аз даст додан мумкин аст. Ҳаётеро, ки Худованди бузург ба мо ато кардааст,  дар Тоҷикистон метавонад Раҳмонов ба осонӣ аз мо бигирад. Раҳмонов манфиат ва ободии хешу табор ва наздиконашро аз ҳама чиз, ҳатто Тоҷикистон боло мегузорад. Ӯ ҳамагӣ фақат як бор интихоб шуд (4 маротибаи боқимондаро интихоботи қонунию одилона номидан мумкин нест) ва ба як золими ҳақиқӣ мубаддал гардид.

Аз замони ба қудрат расидан Раҳмонов тавонист ҳама мухолифонеро, ки метавонистанд ба ӯ халал расонанд, аз байн бубарад. Бисёриҳо дар шароити пурасрор фавтиданд, баъзеҳо бо парвандаи сохта зиндонӣ шуданд. Маҳз ҳамин усул ба Раҳмонов писанд аст ва имрӯз ҳар як шаҳрванди норозӣ бе суду тафтишот ба осонӣ зиндонӣ мешавад.

Раҳмонов аз рӯзҳои аввал то имрӯз на бар зидди фасоду камбизоатӣ, балки бар зидди онҳое, ки сухани ҳақро мегӯянд, мубориза мебарад. Бо ин роҳ ӯ одамонро метарсонад. Ҳамаи одамоне, ки тафаккури демократӣ доранд, душмани хонаводаи Раҳмонов мебошанд. Онҳоро ҳатто берун аз Тоҷикистон низ таъқиб мекунанд. Тавре, ки ҳодисаҳои ахир нишон медиҳанд,  тамоми қаламрави кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ барои дигарандешон амн нестанд, «дастони хунин»-и Раҳмонов ба мухолифин танҳо ба Аврупо ва он сӯи уқёнус намерасад.

Ҳоло Раҳмонов ба таври ҷиддӣ ба матбуот дарафтодаст. Ӯ рӯзноманигоронро боздошт карда, метарсонад, нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноии сохта оғоз мекунад. Раҳмонов ба ҷои шунидани танқиди одилона мехоҳад забони онҳоро баста нигоҳ дорад.

Ҳама рӯзноманигорони боздоштшуда мавзӯъҳои мубрами ҷомеаро матраҳ мекарданд, рӯйдодҳои муҳимро инъикос менамуданд, аммо гуфтани ҳақиқат дар Тоҷикистон  корномаест, ки инсонро аз ҳама чиз, ҳатто ҳаёт маҳрум месозад.

Имрӯз дар кишвар як расонаи озод боқӣ намондааст!

Зимни рӯйдодҳои ахир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, кормандон ва раҳбарияти хабаргузории “Азия Плюс” аз мақомот ҳушдор гирифтанд: агар хабарҳои Бадахшонро пахш кунанд, ин ниҳод баста хоҳад шуд. Акнун метавон тахмин кард, ки «Азия Плюс» дигар ҳама рӯйдодҳои кишварро озодона инъикос намекунад.

Тоҷикон имрӯз танҳо ду роҳ доранд: ё қаноат карда, аз беқонунӣ чашм пӯшанд, ё дар ғурбат, дур аз оила ва Ватан зиндагӣ кунанд, вале озод бошанд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” боздошти хабарнигоронро шадидан маҳкум мекунад! Мо аз тамоми созмонҳои ҷаҳонии ҳуқуқи башар хоҳиш мекунем, то ба ин қазия таваҷҷӯҳ кунанд, ки режими диктатурӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна қонун ва ҳуқуқи инсонро поймол мекунад.

 

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза