-2.9 C
Dushanbe
03.03.2025

Номаи саркушода ба Дабири кулли САҲА

Ҷаноби Феридун Синирлиоғлу!

Бо эҳтиром ба Шумо муроҷиат намуда, даъват мекунем, ки узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар САҲА мутаваққиф намоед. Сабаби ин дар он аст, ки ҳукумати кунунии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Раҳмонов, пайваста принсипҳо ва ӯҳдадориҳои асосии САҲА-ро нақз мекунад.

Аз ҷумла:
• Нақзи принсипҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон: Дар давоми 30 соли охир дар кишвар интихоботи озоду демократӣ, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад, баргузор нагаштааст. Ин амалҳо мухолифи ӯҳдадориҳои САҲА оид ба риояи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ мебошанд.
• Маҳдуд кардани шаффофияти интихоботӣ: Дар интихоботи охирин ҳукумат ба нозирони САҲА ва журналистони мустақил иҷозати назорати раванди интихоботро надод, ки ин поймолкунии ошкорои принсипи шаффофияти интихоботӣ мебошад.
• Нодида гирифтани ҳамкориҳои байналмилалӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли се соли охир дар конфронсҳои САҲА иштирок накарда, талабот ва тавсияҳои созмонро комилан нодида мегирад.
• Фишор ба мухолифин ва ҷомеаи шаҳрвандӣ: Фишор ва таъқиби сиёсӣ нисбат ба мухолифини ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои мустақил ба сатҳи хатарнок расидааст, ки ин бо меъёрҳои ҳуқуқи инсон ва идоракунии демократӣ мухолифат дорад.
Бо дарназардошти ин, мо аз САҲА хоҳиш менамоем, ки масъалаи боздоштани узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар созмон баррасӣ кунад, то он даме, ки мақомоти кишвар қадамҳои воқеӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти демократия, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун набардоранд.

Умедворем, ки ба ин мушкилот таваҷҷуҳ зоҳир намуда, арзишҳоеро, ки дар асоси фаолияти САҲА қарор доранд, ҳимоя хоҳед кард.

Бо эҳтиром,
Дилшод Шарипов
Раиси Кумитаи иҷроияи ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза