8.1 C
Dushanbe
21.12.2024

Нишаст бахшида ба 70 солагии “Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар”

Рӯзи 10-уми декабр дар институти Ҳуқуқи инсон дар шаҳри Ошвиенчими Лаҳистон бахшида ба 70 солагии “Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар” нишасте баргузор гардид, ки дар он созмону ташкилотҳои гуногуне аз қабили : International Youth Meeting Center in Oświęcim, Oświęcimski Instytut Praw Człowieka, stowarzyszenie na rzecz rozwoju społeczeństwa obywatelskiego pro humanum, Christophorus Jugenwerk, Caritas, Germany, Oświęcimskie Forum Praw Człowieka, рӯзноманигорон ва инчунин донишҷӯёну номзадони илм аз факултаҳои ҳуқуқи донишгоҳҳои мухталифи Лаҳистон ширкат карданд.

Ширкаткунандагон дар мавзӯъҳои гуногун перомуни ҳуқуқи инсон сӯҳбатҳо анҷом доданд. Ба ин нишаст намоянда ва сухангӯи “Гурӯҳи 24” – Сайидалӣ Ашӯров ҳам даъват шуд ва ӯ дар мавзӯъи “Ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқи инсон дар кишвар, озодии баён, ва сабабҳои ҳиҷрати қишрҳои гуногуни кишвар” суханронӣ намуда, аз вазъи асафбори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гузориш дод. Ӯ режими Раҳмоновро ба поймол кардани ҳуқуқҳои фардӣ ва конститутсионии шаҳрвандон айбдор намуда, даҳҳо далоил ва ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқи шаҳрвандонро аз тарафи худи Раҳмонов ва ҳукумати ӯ ба ширкатдорони ин нишаст ба намоиш гузошт ва чеҳраи аслии Раҳмоновро ошкортар намуд. Созмонҳои пуштибони ҳуқуқи инсон аз гузориши Сайидалӣ Ашӯров хуб пазироӣ карданд. Ёдовар мешавем, ки 10-уми декабр соли 1948 ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар” ба ҳадафи пуштибони аз ҳуқуқи инсон шинохта шуд ва ин рӯзро ҳар сол ба ин муносибат созмонҳои ҳуқуқӣ ҷашн мегиранд.

Баҳши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза