0.1 C
Dushanbe
21.12.2024

Нишасти ҷамъбастии солонаи ҳаракатҳои сиёсии “Гурӯҳи 24” ва “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”

Дар таърихи 1-уми январи соли 2017-ум, дар шаҳри Кёлни Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолон ва тарафдорони ҳаракатҳои сиёсии ” Гурӯҳи 24″ ва “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” баргузор шуд. Ҷаласаи мазкур аз тарафи фаъолон Абӯзар Хоҷазода, Хусрав Абдуҷабборов, Муҳаммад Кабиров ва дигарон, ки дар кишвари Олмон ба сар мебаранд, ташкил ва гузаронида шуд. Дар ин ҷаласа муовини роҳбари “Гурӯҳи 24” Ҳусейн Ашӯров ва намояндаи расмии “Гурӯҳи 24″ дар ҷумҳурии Австрия – Нуриддин Ризоӣ ширкат варзиданд. Ҷаласа дар як фазои гарм ва дӯстона баргузор шуд. Нуриддин Ризоӣ, Ҳусейн Ашӯров, Абӯзар Хоҷазода, Хусрав Абдуҷабборов бо маърӯзаҳои худ оиди натиҷаи фаъолияти ҳаракати ” Гурӯҳи 24″ дар соли 2016- ум, суханронӣ намуданд. Нуриддин Ризоӣ таъкид намуд, ки дар солҳои пасисаршуда ҳамаи фаъолияти ҳаракати сиёсии мо ба мустаҳкам намудани таҳкурсии “Гурӯҳи 24” равона шуда буд.

Дар ин ҷаласаи шаҳри Кёлн, Ҳусейн Ашӯров мавзӯи ҳаҷми корҳои анҷомшуда ва хулосаҳои он дар соли гузаштаро рӯшанӣ андохт, инчунин қарори роҳбарият оиди таъғири кадрхо ва ӯҳдадориҳои баъзе аз фаъолон расонаӣ шуд. Бо сабаби ба ӯҳдадориҳои дигар гузаштан, Абӯзар Хоҷазода аз вазифаи намояндаи расмии “Гурӯҳи 24″ дар Олмон озод карда шуд ва Хусрав Абдуҷабборов ба ин вазифа таъин карда шуд. Дар суханронии худ Хусрав Абдуҷабборов ваъда дод, ки сидқан масъулиятҳои ба ӯ вогузоштаро иҷро хоҳад кард ва барои боварии аъзоён ба ӯ изҳори сипос кард. Инчунин Нуриддин Ризоӣ  масъули бахши муносибатҳои хориҷии” Гурӯҳи 24″ таъин гардид.

Роҳбари ” Гурӯҳи 24″ Сӯҳроб Зафар шахсан дар ин ҷаласа ширкат карда натавонист, аммо ӯ тариқи пахши мустақим дар ҷаласа суханронӣ намуд. Ӯ ба фаъолон барои фаъолияти арзанда изҳори сипос намуд. Инчунин ёдовар шуд, ки шумори тарафдорони мо дар соли сипаришуда хеле афзуда аст ва ин натиҷаи бадастоварда, бешубҳа аз кӯшишу ғайрат ва меҳнати ҳамаи фаъолон ва тарафдорони мо мебошад. Ӯ бар он таъкид кард, ки дар кишварҳое, ки мо айни ҳол қарор дорем, шароити зиндагӣ ба қадри кофӣ мусоид аст. Вале набояд фаромӯш кард, ки мо бо қасди баргаштан ба ватан ба ин кишварҳо ҳиҷрат кардаем.

Роҳбари “Гурӯҳи 24” бо суханронии худ рӯҳияи фаъолонро боз ҳам баландтар бардошт ва бо фикру ақидаҳои нав дар соли оянда онҳоро илҳом бахшид. Ҷаласа бо як зиёфати начандон бузург анҷомид, ки дар рафти он иштирокчиёни ҷаласа нақшаву ғояҳоро барои соли оянда муҳокима карданд.

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза