3.1 C
Dushanbe
21.12.2024

МУОМИЛАИ МАҚОМОТИ ТУРКУ ТОҶИК ВОБАСТА БА РАБУДАНИ СУҲРОБ ЗАФАР ВА НАСИМҶОН ШАРИПОВ.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” ҳамагуна ахбор вобаста ба истирдоди ғайриқонунии роҳбари ҳаракат – Сӯҳроб Зафар ва намонядаи он дар Туркия – Насимҷон Шариповро тасдиқ ва ё рад намекунад, зеро ягон хабари дақиқ аз манобеи расмӣ ба даст наовардааст, лекин чанд ҳолат моро нигарон кардааст, ки нишоне аз як муъомила байни мақомти турку тоҷикро медиҳад.

Тавре хабар карда будем, Насимҷон Шарипов – намояндаи ҳаракат дар Туркия, аз санаи 23 феврали соли ҷорӣ нопадид гашт, вале дар таърихи 15-уми март телефонаш барои чанд соат фаъол шуд ва паёмҳои ирсолшударо мехонд, аммо посух намедод. Ин амал дар гузашта танҳо таввассути мақомоти қудратӣ Тоҷикистон пас аз истирдод ва ё бурдани ягон мухолифи тоҷик сурат мегирифт ва телефони ӯро фаъол карда, назорат мекарданд. Мармуз нопадид шудани Сӯҳроб ва Насимҷон дар Туркимя бори аввал аст, ки сурат мегирад ва ҳеҷ вақт дар замони дастгир шудани онҳо чунин ҳолате қаблан рӯх надода буд, ва онҳо ҳамеша пеш аз дастгир шудан ва ё баъд аз дастгир шудан ба мо иттилоъ медоданд.

Нуқтаи дигар гувоҳӣ аз муомилаи мақомоти турку тоҷик он аст, ки вақте наворҳои назоратиро пайгирӣ мекардем, як мошини бо шишаҳои сиёҳкардашуда дар садметрие, ки Насимҷон ғайб зад, аз камераҳои назоратӣ гузашт ва инчунин садоҳое ба гӯш мерасид, ки дар вақти боздошт Шарипов муқавомат нишон дадааст. Мешавад гуфт, ки ҳамон мошини сиёҳи сиёҳшиша, ки дар садметрии дур аз камераҳои назоратӣ гузашт, Насимҷон Шариповро рабуда буд.

Инчунин, ҳуқуқшиносони турк, ки қаблан ҳамеша ҳамкорӣ мекарданду дар сурати боздошти аъзои ҳаракат пайгири қазияҳо буданд, вале ин бор, онҳо парвандаро мегиранду баъди чанде аз он даст мекашанд ва аз ин кор худдорӣ мекунанд, ин метавонад паёме бошад, ки рабуда шудани роҳбари “Гурӯҳи 24” ва намояндаи он, дар сатҳи болоии мақомоти Туркия ва Тоҷикистон сурат гирифта бошад! Чун ҳеҷ касе ҷасорати пеш пурдани парвандаро надорад! Ҳоло ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” ҳуқуқшиноси хориҷӣ таввассути ташкилотҳои ҳуқуқӣ гирифтаасту парвандаи аъзои нопадидшудаи ҳаракатро пеш мебарад.
“Гурӯҳи-24” ин парвандаро то ба охир мерасонад ва онҳое, ки дар ин кори нангин даст доранд, бояд ҷазо гиранд!

Хулоса, дар пушти қазия аъзои нопадидшудаи ҳаракат як муомилаи бузурге байни мақомоти турку тоҷик вуҷуд дорад, ки намехоҳанд касеро бохабар кунанд. Ошкор нашудани ҷиноякорони қатли марҳум Умаралӣ Қуваатов дар шаҳри Истанбули Туркия дар соли 2015 бо бастани литсейҳои туркии марбут ба Фатҳуллоҳ Гюлен дар Тоҷикистон муъомила шуда буд. Қазияи нопадидшавии аъзои ҳаракат дар Туркия бошад, бо қазияи нопадидшавии муаллимони литсейҳои туркӣ дар Тоҷикистон низ метавонад як муомилаи ҷадиде байни мақомоти турку тоҷик бошад.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза