9.1 C
Dushanbe
29.04.2024

Муовини роҳбари “Гурӯҳи 24”: Ҳеч гоҳ мухолифи ваҳдат набудем ва нестем

Мусоҳибаи Ҳусейн Ашӯров – муовини роҳбари “Гурӯҳи 24” бо хабаргузории эронии “Тасним”.
Муовини роҳбари “Гурӯҳи 24” гуфт: “Гурӯҳи 24” ҳеч гоҳ мухолифи ваҳдат ва гирди ҳам омадан набуд ва нест, аммо барои шакл гирифтани як эътилоф, ислоҳоти дохилӣ ва ҳадафи яксону муаян доштани ҳаракатҳо лозим аст. Баъдан мешавад рӯи барномаҳои муштарак кор кард.
Ба гузориши гурӯҳи байналмилаллии хабаргузории тасним, шаклгирии “Паймони миллии Тоҷикистон” тавассути 4 гурӯҳ; ҲНИТ, ҶРИ, АОТ, АМОМ, яке аз мавзӯъҳои баҳсбарангези ахир дар арсаи сиёсии Тоҷикистон буда аст.
Дар канори тамоми мавориди матраҳшуда дар бораи “Паймони миллӣ” адами ҳузури “Гурӯҳи 24” дар ин эътилоф (ки пеш аз ин низ қобили пешбинӣ буд) яке аз муҳимтарин мавзуъҳои мавриди баҳс буда аст. Дар ҳамин росто мусоҳибаеро бо оқои Ҳусейн Ашуров, муовини роҳбари “Гурӯҳи 24” перомуни таҳаввулоти марбут ба ин гурӯҳ дар нишасти Варшав ва нигоҳҳои ин гурӯҳ перомуни “Паймони миллӣ” сурат додаем, ки дар идома мехонед.
Тасним: Аз “Гурӯҳи 24” ҳам як ҳай’ат дар нишасти Варшав ширкат карда буд. Аслитарин мавзӯоти матраҳшуда тавассути ин ҳай’ат дар ин нишаст чӣ мавориде буд?
Ашӯров: Бале, ин бори сеюм аст, ки намояндагони мо дар конфронси САҲА ширкат меварзанд. Имсол ҳам як ҳай’ат иборат аз 10 нафар бо роҳбарии бародар Нуриддин Ризоӣ – масъули бахши равобити хориҷии “Гурӯҳи 24” ( ба Варшав) фиристода шуд ва аз оғози ин нишаст дар он ҳозир шуда, мушкилоти асосии мардуми Тоҷикистонро ба самъ ва назари ҷомеаи ҷаҳонӣ расонданд. Албатта, мавзуъҳои мубрамро ҳамчун поймолшудани бесобиқаи ҳуқуқи башар, муҳоҷират, ноадолатӣ нисбати аққалиятҳои мазҳабию нажодӣ, зиндониҳои сиёсӣ, рабудани мухолифони бурунмарзӣ, адами вуҷуди озодии баён дар Тоҷикистон ва…-ро матраҳ кардем. Ҳамчунин, дар нишастҳои вижа бо намояндагони дигар кишварҳо ва масъулини САҲА масоили марбут ба Сӯҳроб Зафар-роҳбари “Гурӯҳи 24”, ки дар кишвари Туркия беш аз 6 моҳ аст дар боздошт қарор дорад ва бархе масоили муҳими дигарро низ дар миён гузоштем.
Тасним: Дар хусуси вазъияти оқои Сӯҳроб Зафар, роҳбари “Гурӯҳи 24” чӣ ройзаниҳое дар ин нишаст сурат гирифт?
Ашӯров: Бале, ҳамонтавре, ки гуфта шуд, ин масъала ҳам дар сӯҳбатҳои вижа ва ҳам аз минбари конфронс тавассути яке аз намояндагони мо сурат гирифт ва бо ишора ба намояндагони Туркия аз эшон дархост шуд то ҳарчӣ зудтар ба қазияи Сӯҳроб Зафар расидагӣ шавад ва нагузоранд, ки як нафари бегуноҳ ва бидуни ҳеч ҷурме муддати дароз пушти панҷара (зиндон) бимонад. Зеро ин бори аввал нест, ки ӯ бо дархости ҳукумати Тоҷикистон аз тарафи мақомоти Туркия боздошт мешавад ва муддатҳо пеш бегуноҳии ӯ аз тарафи додгоҳи олии Туркия исбот шуда аст. Дар ин маврид бори дигар таъкид кардем то кишварҳои узви САҲА иттиҳомоти бофтаву сохтаи ҷониби Тоҷикистон нисбат ба мухолифини бурунмарзиро бовар накунанд ва табиати низоми ҳокимро дар Тоҷикистон хуб бишносанд.
Тасним: Дар маросими солрӯзи Истиқлоли Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти Варшав шоҳиди шаклгирии як эътилоф миёни бархе гурӯҳҳои упузисюнӣ таҳти унвони “Паймони миллии Тоҷикистон” будем. Мавзеъи “Гурӯҳи 24” нисбат ба ин эътилоф чист?
Ашӯров: Гирди ҳам омадан ва сарҷамъ шудани мухолифин дар умум хуб аст ва ин як гом ру ба ҷулу ҳисоб мешавад. Аммо дар мавриди “Паймони миллӣ” чанд мулоҳиза вуҷуд дорад, ки фикр мекунам ҳоло вақти муносиб барои гуфтанаш нест. Кофист зикр кунам, ки “Гурӯҳи 24” аз замони таъсисаш мардум ва гурӯҳҳои дигарро ба иттиҳод фаро мехонд. Ин худ баёнгари он аст, ки “Гурӯҳи 24” ҳеҷ вақт мухолифи ваҳдат ва гирди ҳам омадан набуд ва нест. Вале барои шаклгирифтани як эътилоф чуноне, ки қаблан ҳам эълон доштем, ислоҳоти дохилӣ ва ҳадафи яксон ва муайян доштани ҳаракатҳо лозим аст. Баъдан мешавад рӯи барномаҳои муштарак кор кард. Бидуни ин, як эътилоф пойдор ва устувор нахоҳад буд.
Тасним: Дар хабарҳо шунидем, ки Сайфулло Сафаров, ба Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ пешниҳоди баргузории музокирот дар Душанберо дода буд. Сарфи назар аз салоҳиятҳои Сафаров ва шароити ин пешниҳод, оё нисбат ба “Гурӯҳи 24” ҳамчунин пешниҳодоте ироа шуд? Посухи намояндагони “Гурӯҳи 24” чӣ буд?
Ашӯров: Мавқеи “Гурӯҳи 24” нисбат ба режими мавҷуда дар Тоҷикистон ва ба хусус, роҳбари мустабид, худхоҳ ва қонуншикани он – Раҳмонов рӯшан аст. Мо ин шахсият ва ҳукумати ӯро аслан қабул надорем ва ӯро ба расмият ҳам намешиносем, чӣ расад ба музокира кардан ва сари як миз нишастан бо ӯ. “Паймони миллӣ”, ки худ рӯзи 9-уми сентябр таъсис шуд, бо гузашти чанд рӯз омодааст то бо ҳукумат вориди музокирот шавад, ҳоло маълум нест, ки Сайфулло Сафаров чӣ салоҳияте дар иҷрои ин нақш дорад ва анҷоми ин музокирот чӣ мешавад. Вале як бор фиреб хурдан аз тарафи рақиб, хиёнат дидан ва пушти дар мондан, боз ҳам омадан ва бо чунин хиёнаткороне музокира кардан, аз мантиқу ақл берун аст.
Аз нигоҳи мо, рӯи як миз нишастан ва анҷоми ҳар навъ музокироте бо режим, худ ҷиноят аст ва хиёнат маҳсуб мешавад. Имрӯз куҷо ҳастанд касоне, ки бо Раҳмонов музокира карда буданд? Сулҳ карда ва 30% ва 70% қудратро миёни худ тақсим карда буданд? Ё ба зиндон афтоданд ва ё тавассути Раҳмонов кушта шуданд. Магар ин барои ҳама дарс нашуд? Хулоса, ҳадафи мо бузургтар ва фаротар аз инҳост. Ҳадафи ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” мушаххас буда, инқилоб аст ва василаи расидан ба он ҳадаф низ мушаххас аст, яъне тавассути мардум. Аз тамоми минбарҳо онро ошкор баён медорем ва аз касе ҳарос надорем, чун инро ҳаққи машруъи мардуми худ мешуморем ва то нафаси охир барои иҷрои ин ҳадаф талош хоҳем кард.
Тасним: Оё агар рӯзе “Гурӯҳи 24” ба ин натиҷа бирасад, ки акнун замони иттиҳод барои дастёбӣ ба як ҳадафи воҳид аст, оё ҳозир аст ихтилофотро бо дигар гурӯҳҳо канор бигзорад ва вориди он иттиҳод шавад?
Ашӯров: Аввалан, як нуқтаро бояд равшан кунем, ки мо бо ҳеҷ гурӯҳе мушкилӣ надорем, душмани мову онҳо ва ҳама мардуми Тоҷикистон як нафар аст. Дуввуман, ихтилофи аслии мо бо аҳдофи дарпешгирифта ва василаҳои он гурӯҳҳост. Ин масъала миёни мо як ихтилофи ҷавҳарӣ ва усулӣ аст. Ҳар гурӯҳе, ки бо барнома ва аҳдофи мо созгорӣ дорад, мо метавонем бо он ҳамкорӣ кунем. Бубинед, торих беҳтарин омӯзгор аст ва аз он бояд ибрат гирифт. Касе, ки як бор ба аҳд хиёнат кард, боз ҳам онро такрор мекунад. Мо аз торих дарси хубе омӯхтаем ва қадамҳои худро санҷида бармедорем ва коре намекунем, ки дубора дар чоҳе биафтем, ки дигарон зада буданд. Хулоса, ҳар гоҳ, ки дигар аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолиф ба ин натиҷа бирасанд, ки ягона роҳи наҷоти кишвар ва мардуми мо дар инқилоб аст, бо онҳо метавонем перомуни барномаҳои муштарак фаъолиятҳоро оғоз кунем.

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза