Рӯзи 30-юми декабри 2017, ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ҷаласаи солонаи худро дар шаҳри Колни Олмон баргузор кард. Дар ин нишаст, илова бар аъзо ва ҷонибдорони “Гурӯҳи 24”, намояндагони созмони “Ҷавонон барои эхёи Тоҷикистон” ва ҳаракати “Озодӣ ва адолат” низ, иштирок карданд. Дар ин нишаст натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳ дар соли 2017-ро дида баромаданд. Масъулин дар мавзӯъҳои гуногуне аз қабили: сиёсат, иқтисодиёт, соҳаи маъориф ва тандурустӣ , мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ ва гурезаҳо, поймоли ҳуқуқи инсон ва дигар мушкилот дар Тоҷикистон суханронӣ карданд.
Зимни нишаст, як силсила тағйиру дигаргуниҳо дар сохторҳои гурӯҳ сурат гирифт. Матни эълонияро чуноне Нуриддин Ризоӣ, қироат кард дар зайл мегузорем; “Созмони “Ҷавонон барои эхёи Тоҷикистон” ва ҳаракати “Озодӣ ва адолат” минбаъд расман зери чатри ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” фаъолият хоҳанд кард. Роҳбари ҳамакнун собиқи созмони “Ҷавонон барои эхёи Тоҷикистон” Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, намояндаи “Гурӯҳи 24” дар иттиҳоди кишварҳои муштаркулманофеъ (СНГ) интихоб гардид. Инчунин, роҳбари ҳамакнун собиқи ҳаракати “Озодӣ ва адолат” – Абдурраҳмон Б. , вориди шӯрои сиёсии “Гурӯҳи 24” гардид. Зимни тағйиру иловаҳо, Сайдалӣ Ашӯров, ба хайси сухангӯи расмии ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” интихоб шуд ва Беҳрӯз Тағоизода бошад, масъулияти бахши ҷавонон ва кадрсозии “Гурӯҳи 24”-ро бар дӯш гирифт . Хусрав Абдуҷабборов, аз симати масъули намояндагии “Гурӯҳи 24” дар Олмон барканор гардида, ба ҷои ӯ Маҳмадраҷаб Сайдалиев интихоб шуд. Инчунин, Меҳрубон Сатторов, аз симати намояндагии “Гурӯҳи 24” дар Русия барканор гардида, ба ҷойи ӯ Раҳматҷони Маҳмадҷон интихоб шуд. Ҳамчунин, бахши намояндагии ҷадид дар Туркия ифтитоҳ гардида, масъулияти он ба дӯши Насим Шарипов вогузор гардид.
Намояндагони ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар дигар кишварҳо аз ҷумла, Утриш, Лаҳистон, Суед, Гурҷистон, Фаронса, Омрико, Конодо…ҳамоно масъулияти худро идома хоҳанд дод. Зимнан, қарор шуд Ҳусейн Ашӯров, дар симати муовини роҳбари “Гурӯҳи 24” ва Нуриддин Ризоӣ, дар симати шӯъбаи равобити хориҷӣ масъулияти худро идома диҳанд.
Масъули равобити хориҷии “Гурӯҳи 24” – Нуриддин Ризоӣ дар маърӯзааш перомуни мавзӯъ хитоб бар ҷавонон карда гуфт: “Ҳамаи шумо мебояд орзуи президент шуданро дошта бошед ва болои ин ҳадаф амал кунед”. Ӯ дар рафти сӯҳбаташ аз мушкилоти нигаронкунандаи ҷавонон дар кишвар, ноадолатӣ нисбати имкониятҳои ҷавонон, сиёсати нодурусти ҳукумат нисбати ҷавонон ҳарф зад. Ризоӣ аз он ёдовар шуд, ки дар Тоҷикистон як қонуни нонавишта аст, ки касе ҳаққи президент шуданро надорад, ба ҷуз аз доираи хонаводаи Раҳмонов. Ӯ афзуд: “Дар кишварҳои демократӣ институтҳои махсус машғули омодасозии кадрҳои оянда барои президентӣ мебошад, чизе, ки дар Тоҷикистон вуҷуд надорад”. Ӯ аз соли 2017 ёдовар шуда, зикр кард, ки ин солро соли ҷавонон эълон карданд, барои ғулом ва барда сохтани ҷавонон, на ин ки барои кадр ва мутахассис омода кардани онҳо .”
Баъд аз ин, фаъоли “Гурӯҳи 24” дар Олмон Низомиддин Насриддинов дар мавзӯъи “вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ дар кишвар, сатҳи зиндагии мардум” суханронӣ кард. Инчунин аз мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ёдовар шуд. Маълумотҳои омории мисол овардаи ӯ аз поёнравӣ дар ҳама сохторҳо нишон медиҳад, ҳол он ки ҳукумат ҳамеша ҳисобот ва маълумоти бардурӯғ аз пешрафт нишон медиҳад.
Намояндаи “Гурӯҳи 24” дар Туркия Насим Шарипов тариқи онлайн аз Туркия аз вазъи ВАО ва хабарнигорон дар кишвар маърӯза кард. Мувофиқи маърӯзаи ӯ дар Тоҷикистон майдони иттилоъот ба куллӣ аз тарафи режими ҳукмрон шадидан зери назорат қарор дорад ва боз аз тарафи режим барои идора кардани тафаккури мардум ба фоидаи худ истифода бурда мешавад. Дар кишвар ВАО – и мустақил вуҷуд надорад, хабарнигорон маҷбур мешаванд аз Тоҷикистон фирор кунанд. Сомонаҳои интернетии мустақил ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон баста мешаванд.
Муовини раҳбари “Гурӯҳи 24” – Ҳусейн Ашӯров дар маърӯзааш оиди таъқибу фишори мухолифин дар дохили кишвар ва берун аз кишвар суханронӣ кард. Бино ба маърӯзаи ӯ, дар солҳои ҳукмронии Раҳмонов қисми зиёди мухолифин бо парвандаҳои сохтаву қалбакӣ зиндонӣ шуданд . Ғайр аз ин, фишорҳо алайҳи мухолифин аз тарафи режим солҳои ахир ба маротиб бештар шудаанд ва дар натиҷаи ин,сафи гурезагон як баробар афзоиш ёфтааст. Сӯиқасд ба ҷони мухолифин аз тарафи мақомоти амниятӣ на танҳо дар дохили Тоҷикистон, балки берун аз он ҳам ба назар мерасанд.
Фаъоли “Гурӯҳи 24” дар Олмон – Муҳаммадҷон Абдуллоев аз таъқибу фишори ходимони дин дар Тоҷикистон маърӯза кард. Дар баромадаш ӯ аз мушкилотҳои ба мисли:маҷбуран тарошидани риши мардон ва кашидани сатру ҳиҷоби занон аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ёдовар шуд ва гуфт ҳуқуқи қишри мутадайини кишвар рӯз аз рӯз бештар поймол мегардад.
Намояндаи “Гурӯҳи 24” дар кишварҳои ИҶМ Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор тариқи онлайн перомуни соҳаҳои маъорифу тандурустӣ дар Тоҷикистон суханронӣ кард. Бино ба маърӯзаи ӯ вазъи соҳаи маориф ва тандурустӣ дар Тоҷикистон дар як вазъияти душвору нигаронкунанда қарор дорад.
Сухангӯйи “Гурӯҳи 24” – Сайдалӣ Ашӯров дар маърӯзааш дар мавзӯъи “Сохтори оилаи ҳукмрони Тоҷикистон” баромад кард. Ӯ дар суханронияш системаи идоракунии ҳамаи соҳаҳои кишварро аз тарафи оилаи Раҳмонов тавзеҳ дод.
Роҳбари “Гурӯҳи 24” – Сӯҳроб Зафар дар қисмати поёнии нишаст суханронӣ кард . Дар суханронияш ӯ дар бораи ситамдидагон, ситамгарон, мухолифин ва нақши онҳо дар ин марҳила ёдоварӣ кард. Ба ҷуз ин ,Сӯҳроб Зафар сабабҳои нагузарондани гирдиҳамоиҳои эътирозӣ аз тарафи “Гурӯҳи 24” дар соли 2017 ва нақшаву барномаҳои ояндаи ҳаракатро шарҳ дод.
Бояд қайд кард, ки қисмати дуввуми ҷаласаи ҷамбастии ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” пушти дарҳои баста гузашт ва ба таври расмӣ эълон ва нашр намешавад. Мақсади гузаронидани ин нишаст, ҷамъбаст кардани фаъолияти “Гурӯҳи 24” дар соли сипаришуда, гузаронидани дигаргуниҳои кадрӣ ва сохторӣ, муҳокимаи барномаҳои оянда ва ба мардуми ҷомеъа расонидани ахбор ва асбоби мушкилот ва асли воқеият дар соли 2017 буд.
Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24