Изҳороти Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Маскав.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” ҳамлаи террористиро, ки рӯзи 22 марти соли ҷорӣ дар маҷмааи Крокус Сити Ҳолл, дар наздикии шаҳри Маскав ба вуқӯъ пайваст, беш аз 100 кушта бар ҷой гузошт, шадидан маҳкум мекунад. Ва ба тамоми аҳли оила, дӯстон ва наздикони қурбониёни ин фоҷиа таслияти самимии худро баён мекунад.
Дар соатҳои аввали баъди ин ҳодиса мақомоти Русия чанд шаҳрванди Тоҷикистонро ба унвони гумонбар ном бурдаанд. Аммо дере нагузашта Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эълон карданд, ки афроди номбурда дар қаламрави Тоҷикистон ҳузур доранд ва аз даст доштани онҳо дар ҳамлаи террористиро рад карданд. Айни замон тафтишот ба охир нарасидааст ва бояд аз хулосаву баёноти шитобкорӣ худдорӣ кард. Аммо ба ҳар сурат наметавон ба миллати қотилон таваҷҷуҳ кард ва кинаву адовати миллиро барангехт.
Мо зидди ҷанг ва зидди зуроварӣ ва мо як ҳаракати сулҳҷуёнаи сиёсием!!!
Террористон аз миллати гайриинсонӣ буда, аз куҷое набошанд ба ҷазои сахтарин кашида шаванд. Ва гунаҳгорону афроде, ки дар ин шомиланд, ҳарчи зудтар пайдо ва боздошт шаванд.
Мо, намояндагони миллатҳои гуногун солҳои зиёд дар ғаму шодӣ паҳлу ба паҳлу зиндагӣ карда, ранҷҳои зиёдеро аз сар гузаронидаем.
Мо аз ҳар як шахс даъват мекунем, ки ҳар як тоҷикро ҷинояткор набинад! Террорист миллат надорад!
Миллати тоҷикро дар тӯли таърих бо бузургҳо ва донишмандонаш мешиносанд, аммо мутаасифона дар тӯли ҳукумронии Раҳмонов миллатро як миллати пасти беқадр ва миллати дузду ғоратгар ва аз ҳама бадтараш миллати террорист мешносанд.
Кӯшишҳои шабонарӯзии Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” ва идеяҳои минбаъдааш ҳаминаст, ки миллати Тоҷикро ба миллати тавонову бузург ва ҳукуматашро ба як ҳукумати одилона баргардонад.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”