2.1 C
Dushanbe
21.12.2024

Изҳороти Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” дар робита ба эъзоми нерӯҳои низомии Тоҷикистон ба Қазоқистон

 Тавре ҳамагон огаҳ ҳастем, рӯзи панҷум аст, ки дар Қазоқистон аз сабаби боло рафтани арзиши маводи сӯхт эътирозҳои мардумӣ давом доранд. Ин тазоҳурот, ки дар аксари шаҳрҳои кишвар ва пойтахти Қазоқистон шаҳри Нурсултон даҳҳо ҳазор мардуми аз сиёсати ҳукумат норозиро ба кӯчаву хиёбонҳо овард, аз дархости иқтисодӣ оғоз ёфта, тадриҷан обуранги сиёсӣ гирифт ва пояҳои Ҳукумати Қазоқистонро ба ларза овард. Дар ҷараёни бархӯрди муътаризин бо нерӯҳои қудратӣ аз ҳар ду ҷониб даҳҳо нафар кушта, садҳо нафар захмӣ ва ҳазорон нафар боздошт шуданд.

Ҳукумати Қазоқистон баъди аз даст додани контроли вазъият эълон кард, ки ин кори дасти террористоне мебошад, ки аз хориҷ идора мешаванд ва шоми 5-январ тасмим гирифт, ки барои ба эътидол овардани вазъ ба Созмони Паймони Амнияти Дастиҷамъӣ муроҷиат кунад. Тибқи Оинномаи ин созмон дар сурати таҳдид аз хориҷ ба яке аз аъзои ин созмон бо даъвати ҳамон кишвар нерӯҳои муштараки СПАД ҳақ доранд барои кӯмак вориди кишвари мазкур шаванд.

Дар қатори нерӯҳои аъзои дигари СПАД Тоҷикистон ҳам ҳудуди 200 нафар низомиёни худро ба Қазоқистон эъзом намуд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” ҳаводиси ахири Қазоқистонро масъалаи дохилии ин кишвар арзёбӣ карда, эълом медорад, ки он на кори дасти нерӯҳои хориҷӣ, балки решаҳои амиқи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ доранд. Мардуми Қазоқистон, ки имрӯз дар кӯчаву хиёбонҳо даст ба тазоҳурот задаанд, террорист нестанд. Онҳо ба мисли мардуми бархе аз кишварҳои пасошӯравӣ, ки ҳудуди 30 сол аст дар низоми диктатурӣ ва муҳити фасод зиндагӣ мекунанд, мехоҳанд як ҷомеаи озод ва демократӣ бунёд кунанд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” эъзоми нерӯҳои низомии Тоҷикистон ба Қазоқистонро сахт маҳкум карда, онро мудохила ба корҳои кишвари дигар меҳисобад.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза