1.1 C
Dushanbe
14.01.2025

Изҳороти расмии Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”

 

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” аз мурофиаҳои ахири паси дарҳои баста изҳори нигаронии шадид мекунад. Дар ин мурофиаҳо додситон барои шахсиятҳои зерин, ки бо иттиҳоми хиёнат ба давлат ва ғасби қудрат муҳокима мешаванд, чунин муддатҳои ҳабсро талаб кардааст:

1. Саидҷаъфар Усмонзода (раиси пешини Ҳизби демократ) – 30 сол ҳабс.

2. Ҳамроҳхон Зарифӣ (вазири пешини корҳои хориҷӣ) – 30 сол ҳабс.

3. Шокирҷон Ҳакимов (муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ) – 24 сол ҳабс.

4. Акбаршоҳ Искандаров (раиси собиқи Шӯрои олӣ) – 23 сол ҳабс.

5. Абдулфайз Атоӣ (сардори пешини Раёсати ВКХ) – 23 сол ҳабс.

6. Аҳмадшоҳ Комилзода (муовини пешини раиси Ҳизби демократ) – 23 сол ҳабс.

7. Нурамин Ғанизода (сарҳанги бознишастаи амният) – 26 сол ҳабс.

8. Ҷамшед Боев (сарҳанги бознишастаи амният) – 26 сол ҳабс.

 

Ин талаби ҷазоҳои шадид, ки ба шахсони дар синни хеле калонсол иртибот доранд, дар амал баробар ба ҳабси абад мебошад.
Чунин амалкардҳо нишон медиҳанд, ки режими Раҳмонов дар Тоҷикистон ба озодии сухан, фикр ва ҳуқуқи сиёсӣ таҳаммул надорад.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” мурофиаҳои мазкурро ҳамчун нақзи ошкорои ҳуқуқи инсон ва адолат медонад ва онҳоро қатъиян маҳкум мекунад. Ва аз мардуми Тоҷикистон даъват мекунад, ки бо роҳҳои осоишта барои адолат ва ҳуқуқҳои худ дар паҳлӯи мо мубориза баранд!

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” барои озодӣ ва адолат!

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза