0.1 C
Dushanbe
21.12.2024

Изҳори таслияти “Гурӯҳи 24 ” ба муносибати даргузашти устод Мӯъмин Қаноат

Роҳбарият ва аъзои “Гурӯҳи 24” ба муносибати даргузашти шоири тавоно, шоири дӯстдоштанӣ, ва шоҳсутуни адабиёти муосири тоҷик – устод Мӯъмин Қаноат ба хонавода, фарзандон, пайвандону наздикони устод, ба Миллат ва ба хусус қишри фарҳангии мардуми Тоҷикистон ва ба ҳаводорони форсизабони шеъри устод изҳори ҳамдардӣ намуда, ба эшон аз даргоҳи Худованд бардошту бурдборӣ ва подоши фаровоне хосторем.
Дили мо ҳам дар ин рӯз хун мегиряд ва ҳамдарду ғамгусори шумо ҳастем!
Аз Аллоҳи бахшанда талабгорем, ки гуноҳони устодро бибахшанд ва барояшон дар Биҳишти фирдавси барин ҷойгоҳи волое рӯзӣ гардонанд ва ин моҳи раҳматро боиси вуруд гаштанашон ба Ҷаннат гардонад.
Мӯъмин Қаноат, шоири мардумӣ ва маҳбуби тоҷик пас аз зӯҳри имрӯз (18.05.2018) дар синни 85 солагӣ дар ҳалқаи фарзандону наздикон дар манзили зисташон дар шаҳри Душанбе аз асари беморӣ даргузашт. Ӯ яке аз ситорагони дурахшон ва барҷастатарин шоири адабиёти садаи 20-уми тоҷик аст, ки дорои мактаби
хосси хеш буд ва шогирдоне чун Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор Сафиева, Бозор Собир, Аскар Ҳаким ва даҳҳои дигар муҳассилони мактаби ӯстанд.
Устод Мӯъмин Қаноат заҳамот ва хизматҳои шоиста ва намоёне барои адабиёти тоҷик анҷом додааст. Ӯ аз соли 1968 то соли 1977 муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва то соли 1991 роҳбарии ИНТ бар ӯҳда дошт.
Аз устоди шодравон осори мондагор ва гаронборе чун: маҷмӯаи ашъор “Шарора”, достони “Сурӯши Сталинград”, достони “Оташ” , “Модарнома”, “Тоҷикистон-исми ман”, “Гаҳвораи Сино” ва даҳҳои дигар барои миллат ва адабиёти тоҷик ба ёдгор монд.
Шоистаи зикр аст, ки устод Мӯъмин Қаноат ҳамвора дар канори мардумаш буд ва ба ҳеҷ як роҳбар ва мақомдоре мадҳу ситоише намекард. Борҳо ба хотири зиндонӣ кардани фарзонагони миллат аз ҳукумат ва роҳбари он Раҳмонов интиқод карда ва барои раҳоии эшон эътироз карда буд.

Сард шуд маҳфили ушшоқ ба дарбори дарӣ,
Мӯъмини шеъри дарӣ рафт ба дарбори Худо.
(Исфандиёр)

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза