6.1 C
Dushanbe
21.12.2024

Дастгир шудани Қувватов Умарали дар Дубай

24.12.2012 дар фурудгоҳи шаҳри Дубай Қувватов Умарали, роҳбари Гурӯҳи 24 бо дархости ҳукумати Тоҷикистон дастгир шуда буд. Аз атрофиёни Қувватов нафарони кам дар бораи сафари ӯ ба шаҳри Дубай хабар доштанд. Ҳукумати Раҳмонов интиқоли ӯро ба Тоҷикистон дар нақша дошт. Қувватовро ба масъалаҳои иқтисодӣ гунаҳкор шуморида, тӯҳмат мезаданд, ки гуё 6 миллион долларро аз хешу ақрабои президент Эмомалӣ Раҳмонов ба таври ғайриқонунӣ ғасб кардааст. Худи Қувватов таъкид бар он мекард, ки ин ҳама тӯҳмат ва супориши сиёсие беш нест. 10 моҳро паси панҷара сипарӣ намуда, бояд ба Тоҷикистон интиқол дода мешуд. Вале бо дархост ва туфайли баъзе ташкилотҳои бонуфӯзи байналмиллалии оид ба ҳимояи ҳуқуқи башар аз қабили СММ, Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) ва САҲА  (OSCE), Қувватов 26-уми сентябри соли 2013 озод карда шуд.

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза