Мо ҳамагӣ аз Худоем ва бозгашти мо ба сӯйи Ӯст.
Қалам аз навиштан дар чунин рӯзе ва барои чунин як модаре оҷизу нотавон ва бечора аст. Шунидани хабари реҳлати модаре қаҳрамон ва муҷоҳиде чашмбароҳ ба ростӣ сангин аст. Имрӯз, қаҳрамонмодари яке аз хоҳарони мубориз ва муҷоҳиде дар роҳи Худо – Қумриниссо Ҷабборовна ва ҳамсари муборизи шаҳид, муассиси “Гурӯҳи 24” – Умаралӣ Қувватов, дунёи фониро падруд гуфта, ба дидори Парвардигор пайваст . Модари азиз, солҳо зери шиканҷаҳои равонӣ ва фироқи ҷигарбандаш чун асире дар асорати ҳукумати Раҳмонов ба сар мебурд. Вале таслими ҳеҷ нохалафе намешуд ва барои ҷигарбандони муборизаш даст ба дуо буд. Худованд модари меҳрабон ва ғамгусори ҷигаррешро биомурзад ва мавриди меҳрабонияш қарор диҳад. Ҷояшро дар яке аз боғҳои сабзу хуррами Биҳишти барин қарор диҳад . Ва ба бозмондагонашон бардошту бурдборӣ ва подоши фаровоне аз даргоҳи Худо хоҳонем. Эй хоҳари азиз, мо ҳам шарики ин дарду ғам ва мусибати шумеом! Ҳамдардии моро ба муносабати ин сӯгворӣ бипазиред!
Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24