Ба мардуми шарифи Тоҷикистон!
Мо, Гурӯҳи 24, бо эҳсоси масъулият ва садоқат ба сарзамини азизамон, Тоҷикистон, ба шумо муроҷиат мекунем. Ояндаи равшани Ватан танҳо тавассути ҳамраъйӣ, иродаи қавӣ ва тағйироти ҷиддӣ дар низоми давлатдорӣ имконпазир аст. Мо барои низоми давлатие талош мекунем, ки на танҳо манфиатҳои шахсӣ ё гурӯҳҳои алоҳида, балки манфиатҳои умумии тамоми мардумро ҳифз намояд ва ба ҳар фарди ҷомеа ҳуқуқҳои баробарро фароҳам оварад.
Ҳадафи асосии мо гузариш аз низоми президентии мутамарказ ба низоми парлумонии мардумсолор мебошад. Зеро боварӣ дорем, ки ин тағйирот ба эҷоди ҷомеаи мардумсолорӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, рушди иқтисод ва озодиҳои сиёсӣ мусоидат хоҳад кард. Муборизаи мо на танҳо барои имрӯз, балки барои наслҳои ояндаи Тоҷикистон аст, ки онҳо дар кишваре бо адолат ва мардумсолорӣ зиндагӣ кунанд.
Чаро мо ба низоми парлумонӣ ниёз дорем?
Низоми президентие, ки имрӯз дар Тоҷикистон амал мекунад, ба тамаркузи қудрат дар дасти як шахс асос ёфтааст. Президент салоҳиятҳои васеъ дошта, тамоми ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла ҳукумат, парлумон ва додгоҳҳо, таҳти назорати ӯ қарор доранд. Ин шакли идоракунӣ:
• Боиси маҳдуд шудани гуногунандешӣ мешавад;
• Шаффофияти давлатдориро коҳиш медиҳад;
• Озодии мардумро маҳдуд карда, назари ҷомеаро нодида мегирад;
• Ҳокимияти диктотурӣ ва мутлақро тақвият медиҳад.
Дар муқоиса, низоми парлумонӣ ба мардум имкониятҳои васеъ барои иштироки фаолона дар ҳаёти сиёсӣ медиҳад. Дар ин низом, сарвазир, ки аз ҷониби парлумон интихоб мешавад, ҳукумати кишварро раҳбарӣ мекунад. Президенти кишвар танҳо нақши рамзӣ мебозад ва тамоми қарорҳои муҳим аз ҷониби намояндагони мардум дар парлумон қабул мегарданд.
Чӣ гуна низоми парлумонӣ ба Тоҷикистон манфиат меорад?
1. Идораи шаффоф ва ҷавобгари
Ҳукумат таҳти назорати парлумон қарор мегирад, ки аз ҷониби мардум интихоб мешавад. Ин механизм шаффофиятро тақвият медиҳад ва ҳар як ниҳоди давлатӣ барои фаолияти худ масъулият хоҳад дошт.
2. Тақсими баробари қудрат байни шохаҳои ҳокимият ба таври баробар тақсим мешавад. Ин тамаркузи қудратро дар дасти як шахс ё гурӯҳ пешгирӣ намуда, барои таъмини адолати сиёсӣ шароит фароҳам меорад.
3. Ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон дар низоми парлумонӣ, сензура ва фишорҳои сиёсӣ коҳиш меёбанд. Шаҳрвандон метавонанд озодона андешаҳои худро баён кунанд, дар қабули қарорҳо иштирок намоянд ва дар дифоъ аз ҳуқуқҳои худ фаол бошанд.
4. Рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Кишвар бо таъмини волоияти қонун ва ҳукумати ҷавобгар, сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ афзоиш меёбанд. Ин ба рушди инфрасохтор, баланд шудани сатҳи зиндагии мардум ва коҳиши камбизоатӣ мусоидат мекунад.
5. Таъмини гуногунандешӣ дар низоми парлумонӣ, ҳар як ақида, андеша ва хоҳиши мардум шунида мешавад. Ин низом имкони эҷоди ҷомеаи мардумсолорӣ ва ҳукумате, ки бо иродаи мардум амал мекунад, фароҳам меорад.
Мо барои расидан ба ҳадафҳои худ чӣ кор мекунем?
1. Мо талош мекунем, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз манфиатҳои низоми парлумонӣ огоҳ бошад. Барои ин, мо бо воситаҳои гуногун, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷамъомадҳо ва нашрияҳо, мардумро бо моҳияти ин низом ошно месозем. Ва ташкили баҳсу мунозираҳои ҷамъиятӣ, ки дар ин баҳсҳо ҳар як шахс метавонад андешаҳои худро баён кунад ва роҳи ҳалли мушкилотро пешниҳод намояд.
2. Талаби шаффофият ва масъулият
Мо аз ҳукумати Тоҷикистон талаб мекунем, ки ба иродаи мардум гӯш диҳад ва шаффофиятро дар тамоми сатҳҳои идоракунӣ таъмин намояд.
3. Ҳамраъйӣ бо дигар кишварҳо ва ташкилотҳо
Мо талош дорем, ки тавассути ҳамкорӣ бо кишварҳои демократӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ, таҷрибаи муваффақи низоми парлумониро ба Тоҷикистон ворид намоем.
Хулоса,
Ояндаи Тоҷикистон бояд дар дасти мардуми он бошад, на дар дасти як шахс ё гурӯҳи ҳукмрон. Фақат тавассути тағйири низоми давлатдорӣ мо метавонем ояндаи дурахшони кишвари азизамонро таъмин кунем. Барои расидан ба ин ҳадаф, мо ба ҳамраъйии шумо, мардуми шарафманди Тоҷикистон, ниёз дорем.
Биёед, бо ҳамдигар муттаҳид шавем ва барои созмон додани ҷомеае, ки адолат, шаффофият ва озодӣ дар он ҳукмрон аст, талош намоем. Ин на танҳо вазифаи мо, балки ҳуқуқ ва масъулияти ҳар як шаҳрванд аст. Иброз дошт дар суҳбат бо корманди Радиои Озодӣ…
Хотирасон мекунем, ки навори суҳбат дар Студияи Радиои Озодӣ ҳаст, метавонед даромада тамошо кунед!
https://www.ozodi.org/a/guruhi-24-mekhohad-sokhti-davlatdorii-tojikiston-parlumoni-boshad-na-prezidenti/33310758.html
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”