5.1 C
Dushanbe
22.12.2024

Гирдиҳамоӣ дар пуштибонӣ аз қазияҳои муборизин ва паноҳҷӯёни сиёсӣ

 Тавре мо огаҳ ҳастем, дар ҳоли ҳозир дар кишварҳои Аврупо теъдоди зиёди паноҳандагони тоҷикистонӣ ба зиндагӣ ва фаъолият машғуланд. Вале дар баробари ин баъзе аз паноҳҷӯён ба мушкили дарёфти паноандагӣ мувоҷеҳанд. Ахиран мақомоти кишвари Олмон ва бархе аз кишварҳои Аврупо ба дархости як теъдод аз паноҳҷӯёни сиёсии тоҷикистонӣ дар бораи додани паноҳандагӣ ҷавоби рад доданд, ки ин ҳодиса метавонад ба истирдоди ин муборизин ва мухолифин ба Тоҷикистон сабаб гардад.

    Дар ин робита фардо, дар назди Вазорати муҳоҷирати кишвари Олмон воқеъ дар шаҳри Кёлн дар ҳимоят ва пуштибонӣ аз фаъолияти муборизин ва мухолифони сиёсии Ҳукумати истибдодии Раҳмонов гирдиҳамоии аъзои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” баргузор мешавад. Дар ин гирдиҳамоӣ дар назар аст, ки иштирокчиён аз Ҳукумати Олмон ва дигар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо талаб намоянд, ки дар таҳқиқ ва аз нав баррасии  қазияҳои мухолифин ва паноҳҷӯёни сиёсӣ ба адолат ва қонунҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ такя намоянд ва барои ба Тоҷикистон истирдод намудани онҳо шитоб накунанд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза