Вазъияти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023
Ҳамватанони азиз!
Инак аз тақвим боз як соли дигар сипарӣ мешавад. Дар ин сол ҳам чун дар солҳои пеш дар ҳаёти ҷомеа ягон тамоюли мусбӣ ба назар нарасид ва Тоҷикистон ба буҳрони иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ва сиёсӣ боз ҳам амиқтар фурӯ рафт. Ҳар сол дар арафаи Соли нав Раҳмонов чун анъана дар Паёми худ ба Порлумон бо “бурҳону арқом”- и дурӯғин ва сохта аз дастоварду комёбиҳои соли гузаштаи кишвар сухан мегӯяд ва онро ҳамчун натиҷаи мусбати фаъолияти худ қаламдод мекунад. Вале воқеият дар асл дигар чиз аст. Биёед як бор ба вазъияти соли сипаришуда аз дидгоҳи воқеият нигоҳ кунем.
1. ВАЗЪИЯТИ ИҶТИМОӢ
Дар соле, ки гузашт, вазъияти иҷтимоии мардум боз ҳам бадтар шуд ва сарчашмаи асосии зиндагӣ асосан маблағи муҳоҷирони корӣ боқӣ монд. Тибқи омори Русия интиқоли пул дар соли 2023 ба Тоҷикистон ба 3,2 миллиард доллар расид.
Дар соли 2023 ҳадди ақали маош дар Тоҷикистон 600 сомониро ташкил дод. Ин нишонаи он аст, ки Тоҷикистон дар қатори фақрзадатарин кишварҳои ҷаҳон қарор дорад.
Раҳмонов дар Паёми имсолаи худ иброз жошт, ки соли оянда маоши кормандони буҷа 40 % зиёд карда мешавад. Мо дар ёд дорем, ки дар гузашта низ борҳо маоши кормандони буҷа зиёд шуда буд, вале бо баланд бардоштани маош нархи маҳсулот, махсусан хӯрокворӣ боз ҳам боло меравад ва ин иқдом ба беҳ гардидани вазъи маишии мардум таъсир намерасонад. Тибқи маълумоти расмӣ камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар соли 2022 аз 27,4 дарсади соли 2018 то ба 22,5 дарсад коҳиш ёфтааст.
Тибқи маълумоти созмонҳои байналмилалӣ дар соли сипаришуда 26,3 % аҳолии Тоҷикистон зери хатти фақр қарор доштанд. Паст будани сатҳи зиндагӣ маҷбур мекунад, ки ҳамасола ҳазорҳо нафар мутахассисони соҳаҳои гуногун, махсусан маориф ва тандурустӣ тарки вазифа карда, рӯ ба муҳоҷират оваранд.
Дар баробари ин, дар Тоҷикистон ҳамасола сафи бекорон меафзояд. Мутобиқи омори расмӣ дар соли 2022 дар Тоҷикистон сатҳи бекорӣ 8,6 дарсад афзоиш ёфт ва 55,8 ҳазор нафарро ташкил дод. Дар семоҳаи аввали соли 2023 бошад, ин омор ҳудуди 52 ҳазорро ташкил дод. Вале теъдоди зиёди бекорон дар кишвар сабти ном нашудаанд ва ин омор ба маротиб бештар аст. Бекорӣ дар навбати худ ба боло рафтани ҷиноят дар байни ҷавонон мусоидат мекунад. Паст будани сатҳи зиндагӣ ҷомеаро ба гирдоби фасод печондааст ва метавон гуфт, ки ришва имрӯз дар Тоҷикистон як ҳодисаи муқаррарӣ шудааст.
2. ВАЗЪИЯТИ ИҚТИСОДӢ
Вазъияти иқтисодии Тоҷикистон низ дар ҳамин ҳолат қарор дорад ва бо ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангии кишвар алоқаманд аст. Бисёре аз соҳаҳои асосии иқтисод ва саноати Тоҷикистон бевосита дар даст ва ё зери назорати хонаводаи Раҳмонов ва наздиконаш қарор доранд. Инҳисори ин соҳаҳо имкон намедиҳад, ки дар кишвар рақобати солим вуҷуд дошта бошад ва ин падида боиси гаронии қимати маҳсулот мешавад. Аз сабаби фасод, инҳисори иқтисод, адами амнияти иқтисодӣ сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон намеояд. Он саҳнаҳои ифтитоҳи корхонаҳо, ки Раҳмонов зимни сафарҳои корияш ба мардум намоиш медиҳад, ё аз кадом хешутабори худаш аст, ва ё ин корхонаҳо пас аз чанд муддати ифтитоҳ аз фаъолият мемонанд ва як саҳнаи намоишӣ беш нестанд.
Аз тарафи дигар, фасод, фишор ба соҳибкорӣ, номусоид будани низоми андозбандӣ ба рушди иқтисодӣ монеъ мешаванд. Ин вазъият сафи бекориро боз ҳам зиёд мекунад. Раҳмонов борҳо ваъда дода буд, ки дар фалон сол Тоҷикистон истиқлоли энергетикӣ ба даст меорад. Ҳудуди сӣ сол аст, ки ин соҳаи иқтисод ҳам гирифтори бӯҳрон аст. Тибқи маълумотҳо 70 дарсади сарчашмаҳои оби минтақа дар Тоҷикистон қарор доранд, вале Ҳукумати Раҳмонов наметавонад аз ин захира ба манфиати кишвар ва мардум истифода барад. Сӣ сол мешавад, ки мардум дар фасли зимистон аз камбуди нерӯи барқ азият мекашанд. Вале Ҳукумати Раҳмонов барқро ба дигар кишварҳо мефурӯшад ва маблағи он ба ҷайби хонаводаи ӯ ворид мешавад. Чанд рӯз пеш Ҳукумати Раҳмонов дар Туркия дар мулоқот бо Ҳукумати Толибон муҳлати шартномаи фурӯши барқ ба Афғонистонро тамдид кард.
3. ВАЗЪИЯТИ МАОРИФ ВА ФАРҲАНГ
Вазъи маориф ва фарҳанг ҳам аз ин беҳтар нест.
Паст будани маош, фасод, дар шароити бад қарор доштани макотиб боиси тарки вазифа намудани кормандони соҳаи маориф мегардад.
Маблағе, ки аз буҷаи кишвар барои рушди ин соҳаҳо ҳамасола ҷудо карда мешавад, дуздида мешавад ва ҳадафмандона истифода бурда намешавад. Мутобиқи омори расмӣ соли 2022 ҳудуди 15 ҳазор нафар ва дар соли 2023 аз он бештар омӯзгорон тарки вазифа карда, рӯ ба муҳоҷират оварданд. Ин ҳама ба паст шудани сатҳи саводнокии бачаҳо оварда мерасонад.
Вазъи фарҳанг ва илму адаб ҳам торафт бадтар мешавад. Фарҳанги шаҳрнишинӣ махсусан дар пойтахт тамоман аз байн рафтааст. Бадахлоқӣ на танҳо дар ҷомеа реша давондааст, балки ба шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам сироят кардааст, вале Ҳукумат барои аз байн бурдани ин падидаи номатлуб чора намеандешад. Аҳли фарҳанг ва зиёиён гирифтори тамаллуқ ва чоплусӣ шудаанд ва ё дар баробари ҷиноятҳову қонуншиканиҳои мақомот хомӯширо ихтиёр кардаанд. Аксари чорабиниҳои фарҳангӣ, ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ба чорабиниҳои мадҳу санохонӣ табдил ёфтааст.
4. ВАЗЪИЯТИ МУҲОҶИРОН
Тибқи омори расмӣ дар Русия ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ ҳудуди як миллион муҳоҷирони тоҷикистонӣ кору зиндагӣ мекунанд. Вале оморҳои ғайрирасмӣ ин рақамро ду миллион нишон медиҳанд. Вазъи муҳоҷирони корӣ дар Русия ва дигар кишварҳо торафт бадтар мешавад. Аз як тараф боло рафтани қимати патенти корӣ, аз тарафи дигар беқурб шудани рубли русӣ дар баробари доллар бар асари таҳримҳои байналмилалӣ ба вазъи молии муҳоҷирон таъсири манфӣ расонд.
Дар баробари вазъи тоқатфарсои кор ва будудубошу зист дар шароити бад муҳоҷирони корӣ ҳамеша аз ҷониби мақомоти интизомии Русия мавриди таҳқиру шиканҷа қарор мегиранд. Ҳар сол садҳо ҷасади муҳоҷирони корӣ ба Ватан оварда мешавад. Раҳмонов дар Паёми имсолаи худ тасдиқ кард, ки аз вазъи муҳоҷирони корӣ огоҳ аст ва ба ин худаш ва аъзои Порлумон ва роҳбаронро гунаҳкор донист. Вале ин боз ҳам як фиреби мардум аст. Раҳмонов нагуфт, ки барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон чӣ бояд кард.
Ҳукумати Русия пас аз ҳамла ба Укроин як идда аз муҳоҷиронро ба ин ҷанг ҷалб мекунад, ки бисёре аз онҳо кушта мешаванд. Вале Раҳмонов дар суханронияш дар Паём дар ин бора чизе нагуфт. Ва умуман на Раҳмонов ва на масъулинаш ба ин ҳама чашм мепӯшанд ва боре ҳам аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дифоъ накардаанд, зеро медонанд, ки побарҷо будани Ҳукумати Раҳмонов аз Русия вобаста мебошад. Тоҷикистон имрӯз ба бозичаи дасти Русия табдил ёфтааст. Русия масъалаи муҳоҷирони тоҷикро ҳамчун фишанги фишор ба муқобили Раҳмонов истифода мебарад.
5. ВАЗЪИЯТИ СИЁСӢ
Раҳмонов дар Тоҷикистон на танҳо Суду матбуот, балки Порлумони кишвар ва ҳизбҳои сиёсиро ҳам зери назорати сахти худ қарор додааст. Судҳо берун аз дастури ӯ коре карда наметавонанд. Тамоми парвандаҳои тақаллубӣ ва сохта дар солҳои ахир зидди мухолифони сиёсӣ, озодандешону намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳукмҳоро ба манфиати Раҳмонов ҳал карданд. Ҳукумат пас аз куллан аз байн бурдани озодандешӣ, ВАО- и озод, таъқибу зиндон кардани рӯзноманигорон, блогнависон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соли 2022 ва боздошту ба 7 соли зиндон маҳкум кардани рӯзноманигор Хуршед Фозилов, боздошти мудири беморхонаи “Ибни Сино” ва муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” Абдухалил Холиқзода, муҳаррири китоб, нависанда Абдуқодири Рустам ва мудири нашриёти “Эр-Граф” Сӯҳроб Раҷабзод дар соли сипаришуда дар кишвар фазои тарсу ваҳшатро барқарор кард. Ҳизбҳои кисагии сиёсии Тоҷикистон, ВАО, матбуот ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва адибону зиёиён ҳама нисбати нуқсу камбудиҳо бетараф ва хомӯш мебошанд ва фаъолияти онҳо аз ҷониби мақомоти интизомӣ зери контрол гирифта шудааст. Дар Тоҷикистон дигар ягон равзанае барои ворид шудани равшанӣ намонд. Имрӯз тамоми дороиҳои кишвар ва мардуми Тоҷикистон дар хидмати Раҳмонов ва хонаводааш қарор дода шудаанд.
Барои аз зулми режими диктатории Раҳмонов озод кардани кишвар ягона роҳ сарнагун кардани ин режим аст. Тақдири ояндаи кишвар ва мардуми Тоҷикистон дар дасти худи мардуми шарифи Тоҷикистон аст.
Ҳамватанони гиромӣ!
Бо умеди пирӯзӣ бар режими худкома, фосид ва хонаводагии Раҳмонов ва расидан ба Озодӣ ҳамаи шуморо дар соли оянд аз Худои бузург таманно дорем, ки аз дасти ин золими Раҳмонов халос гардонад ва Тоҷикистони азиз моро ҳарчи зудтар аз чанги Раҳмонов ва ҳукумати ҷинояткораш наҷот диҳад.
Ба шумо, мардуми азизи Тоҷикистон, саломатӣ, хушбахтӣ ва хушиҳои зиндагиро таманно дорем!
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”