8.1 C
Dushanbe
30.12.2024

БА ИФТИХОРИ МОДАРИ МУҲАҶҶАБА ВА МУАЗЗАМА

Аллоҳи меҳрубон он занҳоеро, ки зиннати худро ба мардуми бегона нишон медиҳанд, аз ин кори бадашон манъ карда гуфтааст: “Занҳо зинатҳои худро дар назди мардуми бегона нишон надиҳанд.” Яъне, занҳову модарон зиннати худро, ки аз зару зевар,либосҳои дилчасп ба бар кардан ва зебоиҳои баданӣ иборатанд, назди мардҳои бегона ё номаҳрам намоиш надиҳанд. Зеро занҳои ботақво ҳамагуна ороишотро бояд барои шавҳари худ дар хона анҷом диҳанд. Аммо баъзе модарон аз маҷбурӣ ба берун мебароянд, барои дарс, савдо ё ба ҷое даъват мешаванд, бояд сару либос ва зиннати худро таги контрол бояд қарор диҳанд. Ва илло бе зарурат ва бо ороиши замонавӣ ва барои дигаронро ба худ ҷалб кардан барояд, дар лаънати Аллоҳ гирифтор мешавад.

Аллоҳи меҳрубон дар давоми оят барои занҳо боз хитоб мекунад: “Бояд занҳо чодарҳою рӯймолҳои худро бар гарданҳою пешбандҳои худ бипушонанд…”

Дар замони ҷоҳилият, пеш аз ислом одатҳои занҳо ин буд, ки вақте ба бозор ва ё ба ягон ҷои даъватшуда мерафтанд, худро ба руймол ва ё ба чодар намепушониданд, гарданҳою муйҳояшон ва гушҳою пешбандҳояшон намоён буд, баъд аз зуҳури Ислом Аллоҳи меҳрубон амр кард занҳоро ба пушонидани тамоми бадан, то ки аз дигар занҳои бадкору бадрафтор ва аз дигар занҳои кофирон фарқ дошта бошанд. Лозим аст барои зан пушонидани тамоми баданаш аз мардуми бегона ва пинҳон доштани зиннаташ мисли гарданбанду гушвор ва ё нигин ва ё садои дилфиреби пояфзолаш ва дигар чизҳое, ки назари мардонро ҷалб мекунад.

Аллоҳи бузург дар давоми оят гуфтааст: “Зоҳир накунанд занҳо зиннатҳои худро дар назди мардуми бегона, магар барои занҳо ичозат аст зоҳир кардани зиннати худ дар назди шавҳарон ва дар назди касоне, ки барои занҳо маҳрам, ба мисли падаронашон ва падарони шавҳаронашон ва фарзандонашон ва фарзандони шавҳаронашон ва бародаронашон ва фарзандони бародаронашон ва фарзандони хоҳарон ва занҳои мусалмон ва гуломҳои занҳо ва мардони пиронсоле, ки хоҷат бар занҳо надоранд ва кудакони хурдсоле, ки аз холи занҳо хабардор нестанд, мебошад” (Сураи Нур).

Азоби илоҳи барои он занҳоест, ки вақте ба ягон ҷо рафтанӣ шаванд, либосҳои зебо ва дилфиреб пушида, ба кадри тавонашон зинат карда, баъд мераванд ва ҳолон, ки агар ба назди шавҳаронашон бираванд мисли дигар ҷо рафтан зиннат намекунанд. Ин зиннатҳои зан ба хотири бегонагон, дар киёмат мисли торикию залолат аст ва барояш роҳи наҷоту халосӣ нест ва азоби Худованд бар онҳо хоҳад буд, магар он занҳое, ки тавба карданд ба сӯи Парвардигорашон аз гуноҳонашон баргаштаанд ва шавҳарони худро розӣ ва хушнуд кунанд, он занҳо ба фазлу карами Худованди бузург наҷотёфтагонанд.

АКНУН БА ҲИҶОБИ ЗАНҲОИ МУСАЛМОН МЕПАРДОЗЕМ.

Модари азиз ва хоҳари меҳрубон, Аллоҳи меҳрубон фарз гардондааст русарӣ (ҳиҷоб)-ро барои ҳар зани мусалмон ва фарз гардонидааст барои мардҳо нигоҳ доштани занону хоҳарони худро аз мардони бадкору бадрафтор ва нигоҳ доштани номусу қадри занону хоҳарони худро дар байни мардум.

Душманони Ислом мегӯянд, ки русарӣ (ҳиҷоб) барои сахтгирӣ ба занҳо, поймол шудани ҳуқуқи занҳо аст ва ё ҳиҷоб барои беқадрии занҳо аст ва ё баъзе аз ахмақон ва аблаҳон мегуянд, ки агар дил покиза бошад, ҳиҷоб ё либоси шариатӣ лозим нест.

Ба валлоҳ қасам, ки рӯҳи онҳо лаззати имонро начашидааст ва ақли онҳо хақиқати Исломро нашинохтааст, вагарна мефаҳмиданд, ки озодии зан дар озодии бадану ҷисм аст, вақте зан бо русариву чодар бошад, бадану ҷисми он зан аз чашму ҳила кардани мардони бадкор озод ва дар амон мебошад. Вақте, ки бадани зан аз шарри бадхоҳон озод бошад, ин беҳтарин озодӣ аст барои зан ва агар зан бе ҳиҷоб бошад ва ё дар ӯ шарму ҳаё дида нашавад, ба ҳар ҷое, ки равад чашмони мардуми бадкор ба он зан афтода, ба ҳар намуд ҳиллаю найранг он занро ба доми худ меандозанд ва ба роҳи бад мебаранд ва шояд, ки ояндаи он зан ба зиною ҳаромӣ шудан анҷом ёбад.

Албатта, занҳое, ки зебу зиннат ва атру хушбуӣ карда, ба бозорҳо мераванд ва дилҳою чашмони чандин мардумро моилу ноором мегардонанд, ин кори онҳо далел бар заиф будани имон ва иффати онҳо аст ва далел ба вайрон будани дини онҳо аст, зеро дар холе, ки берун баромадани зан аз хона бе зарурат чоиз нест, пас чихел дуруст аст ба бозор рафтан бе ҳиҷоб ва бе сатри аврат.

Паёмбари Худо (с) фармуданд: “Ду гурӯҳ дар оташи дузаханд, яке аз он ду гуруҳ занҳое мебошанд, ки барои мардони бегона либосҳои тангу тунукро мепушанд, ки баданҳояшонро намоён мекунад ва ин феъли бади ҳайвониро ба дигар занҳо низ таълим медиҳанд ва аз ин корашон мардҳо ба онҳо муҳаббат баста, фасодкору зинокор мешаванд. Дигар гурӯҳ он занҳое мебошанд, ки муйҳои сари худро мисли кувони шутур баланд мекунанд дар болои сарашон, ин ду гурӯҳи занҳо дар оташи дузах ҳастанд, лаънати худо бар он занхо бод!”

Дар дигарҷо Расули Акрам (с) фармуданд: “Дар шаби Меъроҷ Дузахро дидам, ки бисёри аҳли он занҳо буданд.” Ба сабаби ин, ки тоати худоро ба ҷо наовардаанд, ба шавҳаронашон итоат накардаанд, шавҳарон аз онҳо розӣ набуданд, ҳиҷобро партофта либосҳои нимбараҳнаро пушида ба бозорҳою кӯчаҳо давр мезананд, Аллоҳи бузург онҳоро дар қиёмат дар оташи дузах ҷой медиҳад ва барои онҳо бисёр азоби сахту дарднок хохад буд. Зеро чунин занҳо фасодкунандаю берохакунандаи дигар мардҳо, бадкунандаи чомеаи мусалмонон мебошанд. Инчунин бадномкунандаи падару модарон ва хоҳару бародарон ва дигар хешовандон мебошанд.

Модарони азиз, хоҳарону бонувони мехрубон! Вақте мегӯем, ки халкунандаю тарбияткунандаи мо Худованд аст ва мо ба ин розӣ ҳастем ва мегӯем, ки Ислом дини мо аст ва мо ба ин розӣ ҳастем ва мегӯем, ки Мухаммад (с) Пайғомбари охируззамон ва Фиристодаи Худо аст ба сӯи мо ва ба сӯи тамоми ҷинну инс ва мо ба ин розӣ хастем, пас бояд он чизе, ки Худо ва Расул (с) гуфтаанд, онро бо дилу ҷон қабул карда ба он амал кунем, то дар дунё ва охират комёб бошем.

Лизо, Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” аз тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, билхусус, аз занҳову модарон хоҳиш мекунад, то ба сатру либоси динии худ аҷр гузорад ва нагузорад ҳар нохалафе ба рӯсарии шумо даст расонад.
Русарии модари тоҷик таърихи 1000 сола дорад ва касе ҳаққи поймол кардани чунин таъриху фарҳанги модарону хоҳарони моро надорад. Ҳатто дар сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озодиҳои динӣ ва озодиҳои виҷдону сару либос дарҷ шудааст ва ҳаркасе зидди қонун мебарояд худ ҷинояткор ҳаст. Ин шабу рӯз парлумони кишвар ин қонунро мехоҳанд ҳазф карда, қонуни фаҳшоро ба мардум зери имзои худ қарор диҳанд, дар сурате, ки даҳҳо қонунҳое ҳаст, ки мебоист кайҳо тағйиру иловаҳо дохил карда мешуд. Ба мисли либосҳои нимбараҳна (мини юбка), ки фарсахҳо аз фарҳанги миллӣ ва динии мо дураст, аммо мутаассифона то ҳоло касе зиддаш аз парлумон фикр накардааст, чӣ расад манъаш!!!

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” аз баровардану имзо кардани чунин қонун розӣ набуд ва нест!!!Ҳамчунин аз ҳама шаҳрвандон хоҳиш мекунанд, то дар ин қазия хомӯш набошанд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”.

 

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза