3.1 C
Dushanbe
25.12.2024

ШАРМАНДАГИИ РАҲМОНОВ ВА ЯК РӮЗИ ТАЪРИХИИ “ГУРӮҲИ-24”

516d2d4e-1631-47c5-b06b-155ebaa24103

29 сентябри соли 2023 ба як рӯзи фаромӯшнашаванда ва шармандагии Раҳмонов дар таърихи мухолифини сиёсии Тоҷикистон ва муборизин табдил ёфт. 

Он рӯз рамзи шикасти девори тарс ва худкомагие гардид, ки тайи чанд даҳа бо шеваҳои гуногуни саркӯбгарона бар мардуми тоҷик таҳмил мешуд. Раҳмонов, ки то кунун дар ҳар сафарҳояш дар дохил ва хориҷи кишвар бо қолинҳои сурх ва истиқболҳои пурҷалол, дар иҳотаи шеър ва сурудҳо аз ҷониби ҳукуматдорони содиқаш пешвоз гирифта мешуд, ин бор ба воқеияти талхе рӯ ба рӯ шуд, ки барояш як шармандагии бузургро ба армуғон овард.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”, ки ба таври фаоле мухолифи режими Раҳмонов мебошад, дар ин рӯз аввалин шуда муборизаи воқеии худро ба ҷаҳон нишон дод. Дар сафаре, ки ба Олмон дошт, аъзои ин гурӯҳ бо тухмҳо ба пешвозаш баромаданд ва бори аввал дар таърихи ҳокимияти ӯ дар шароити демократии Аврупоӣ тавонистанд раҳбареро, ки дар дохили Тоҷикистон бо тавозӯъ ва эҳтиром фарсахҳо аз мардум дур нигоҳ дошта мешуд, хору залил кунанд. Ин иқдоми онҳо танҳо як ҳаракати сиёсии оддӣ набуд; он рамзи шикасти як системаи худкома ва таҷовуз ба хости мардумӣ буд, ки бар матбуот, озодии сухан ва ҳаракати сиёсӣ маҳдудиятҳои шадидро ҷорӣ карда буд.

Ин рӯйдод нишон дод, ки Раҳмонов, ки ӯро ҳамчун “пешвои миллат” муаррифӣ мекунанд, дар ҳоле, ки мардум бо тарсу ваҳм дар кишвар зиндагӣ мекунанд, дар беруни Тоҷикистон ҳеҷ гуна эҳтиром ва қудрат надорад. Шармандагии ӯ на танҳо барои худи Раҳмонов, балки барои тамоми системаи худкома ва фасодзадаи давлати ӯ буд. Мардуми Тоҷикистон дар ин рӯз бори аввал шоҳиди он гардиданд, ки як роҳбари худкома дар рӯ ба рӯи мухолифати воқеӣ чӣ гуна дармондаву ноумед менамояд.

Барои мардуми Тоҷикистон, ки солҳо бо фишору таҳқирҳои давлатӣ рӯ ба рӯ буданд, ин рӯз як рамзи умед ва шикастани хомӯшӣ гардид. Шарқшудани Раҳмонов ба маънои хомӯшии нохоҳам ва тарсро барҳам дод. 

Муборизони Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” исбот карданд, ки режими Раҳмонов дар сатҳи байналмиллалӣ натавонист қадру қиммат ва нуфузи худро нигоҳ дорад. Ин саҳнаи шармандагии ӯ дар Олмон дар чашмони мардуми оддӣ ва ҷаҳониён як ҳодисаи нодирест, ки дар он як роҳбар, ки дар дохили кишвар худро қаҳрамон нишон медиҳад, дар хориҷ бо ҳақиқати талх рӯ ба рӯ мешавад.

Бо ин иқдом, “Гурӯҳи-24” ва дигар муборизони тоҷик нишон доданд, ки режими Раҳмонов ногузир ба шикаст аст ва ҳар сол 29 сентябр ҳамчун як рамзи мубориза барои адолат ва озодӣ ҷашн гирифта хоҳад шуд. 

Ин рӯйдод ба мардуми Тоҷикистон рӯҳияи тоза бахшид, ки дар муборизаҳои минбаъдаи худ ба ҷонибдорӣ аз адолат, озодӣ ва ҳуқуқи инсон истодагарӣ кунанд.

Шармандагии  Раҳмонов дар ин рӯз як паёми рӯшан ба ҳамаи диктаторон ва ҳокимони худкома дар тамоми ҷаҳон буд: даври ситам ва худкомагӣ давомнокӣ надорад ва охири он ҳамеша шикасту нокомӣ аст.

Мо бо ҳамроҳии мардуми Тоҷикистон як қувваи бузург ва сутуни мустаҳкам зидди режими Раҳмонов ҳастем. Бо мо бошед мардуми шарифи Тоҷикистон, то ин режими диктатурӣ аз байн бурда шавад! 

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза