12.1 C
Dushanbe
30.10.2024

ЗӮРОВАРӢ ВА ТАРСОНИДАН ЗЕРИ НИҚОБИ ОЗОДИИ СУХАН

Режими Раҳмонов, баъди ҳодисаи Прага бо роҳи тарсонидан ва зӯроварӣ ба хешовандони фаъолон онҳоро маҷбур карданд, ки бар зидди мухолифони режим баромад кунанд ва номи онҳоро дар назди ҷомеъа сиёҳ кунанд. Режим бо ин роҳ нишон медиҳад, ки мухолифинро ҳатто хешу наздикон ҳам тарафдори намекунанд. Тарафдорони режим алакай бо роҳи таҳдид падару модари Насим Шарифовро маҷбур карданд, ки баромад кунанд ва онҳоро дар видео сабт карданд. Имрӯз бошад кормандони ҳифзи ҳуқуқ модар ва бародари Хурсанд Наҷмиддинов ва бобои Вайсиддин Одинаевро даъват карданд. Онҳоро бо таҳдидҳо маҷбур карданд, ки ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат кунанд ва ҳаракатҳои мухолифони Раҳмоновро маҳкум кунанд ва бо ҳамин роҳ изҳори тарафдорӣ аз сиёсати Раҳмоновро кунанд.

Дар ин маврид ҳамаи ин ба тамошобинон ҳамчун як баромади ихтиёри дар ниқоби озодии сухан ва озодона изҳор кардан пешкаш карда мешавад. Аз ҷониби дигар ин як тарғиби бесаводона ва куркуронаи режими диктаториро нишон медиҳад. Онҳо худро дар чашми мардум ва ҷомеаи ҷаҳони хандаовар ва ҳамчун як масхарабоз нишон медиҳанд. Боз ин сабтҳо исботи онанд, ки режим роҳ ба суи зӯровари ва таҳдидҳоро гирифтааст.

Вақте, ки ҳамаи ин усулҳои таъсиррасони ба мардум анҷом ёбанд, Раҳмонов роҳи аз ҳама пасту ифлосро мегирад. Бо ин роҳ ӯ алакай ниқобро аз руи худ кушода ба ҳама чеҳраи ҳақиқии худро нишон дод. Худро паст ва нокас нишон дод. Ин хел ҳаракатҳои режим ягон таъсири манфие ба фаълон ва тарафдорони мо намерасонанд, баръакс рӯҳияи моро баланд мекунанд ва моро ба суи ҳаракату муборизаи фаъолтар мебаранд, чунки бо ин намоишҳои театри дар Тоҷикистон ва берун аз он ҳам кайҳо боз одат кардаанд. Ва бо давом додани ин корҳо Раҳмонов худ муҳлати ҳукмронияшро коҳиш дода истодааст.

Мо аз вазъи оилаҳои мухолифон дар Тоҷикистон бохабарем. Бозҳам бо пайдо шудани хабарҳои тоза ба шумо иттиллоот медиҳем.

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза