0.1 C
Dushanbe
26.12.2024

Дар садри баргардонии мухолифин Рустами Эмомалӣ меистад?

Чанде пеш собиқ узви “Гурӯҳи 24” – Файзуллоҷон Сафаров маъруф ба “мураббӣ” ба Тоҷикистон баргашт. Ӯ пеш аз рафтан дар саҳифаи фейсбукии худ бо овардани моддае аз Сарқонуни кишвар ҳамаро ёдрасон кард, ки: “Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар шаҳрванд ҳақ дорад ихтиёран ба сафи ҳизби сиёсӣ шомил шуда, ҳамчунин ихтиёран аз сафи он хориҷ шавад. Ман, Файзуллоҷон Сафаров, ихтиёран аз Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” хориҷ мешавам ва қаламрави Федератсияи Русияро тарк намуда, ба Тоҷикистон бармегардам”.

Ин қазия дар матбуот рангу тоб гирифта, чандин суолҳоеро дар зеҳни мардум ба бор овард. “Гурӯҳи 24” он замон бо чанд далеле аз шарҳу тафсили бозгашти Ф. Сафаров худдорӣ намуда буд. Билохира, вақти он расид, ки парда аз ин масъала бардошта шуда, асли қазия ба мардум равшан шавад.

Сомонаи “Гурӯҳи 24” тасмим гирифт, ки дар ин маврид бо намояндаи “Гурӯҳи 24” дар Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ (СНГ) – Муҳаммадсобири Абдулқаҳҳор мусоҳибае анҷом дода, асрори ин моҷароро кушояд.

Сомонаи “Гурӯҳи 24”: Мехостем перомуни қазияи узви собиқи “Гурӯҳи 24” – Ф. Сафаров бо шумо гуфтугӯе дошта бошем. Муфассал бигӯед, ки Ф. Сафаров кӣ буд ва кай ба “Гурӯҳи 24” пайваст?

М. Абдулқаҳҳор: Ф. Сафаров воқеан як ҷавони мубориз буд. Ҷавоне, ки дилаш ба ватанаш месӯхт. Ҷавоне, ки зулму беадолатиҳои мавҷударо дар Тоҷикистон мушоҳида намуда, виҷдонаш ӯро бетараф намегузошт. Ҳамин буд, ки бо озодандешон пайваст ва барои мардуми худ садо баланд кард. Ӯ узви созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” буд ва дар Русия фаолият мекард. Вақте ки ин созмон комилан шомили “Гурӯҳи 24” гашт, ӯ ҳам узви бевоситаи “Гурӯҳи 24” шуд.

Сомонаи “Гурӯҳи 24”: Чӣ нақш ва масъулияте дар гурӯҳ дошт?

М. Абдулқаҳҳор: Ф. Сафаров дар гурӯҳ як узви қаторӣ буд, ба монанди дигар аъзо. Баъдан, тасмим гирифта шуд, ки ӯро бо ҳамроҳии Меҳрубон Сатторов дар барномаи телевизюнии “Взгляд” ҳамчун муҷрии барнома мансуб кунем. Илова бар ин, ҳамчун суханрон дар портали Зелло иштирок мекард, дигар кудом масъулияте дар ҳаракат надошт ва на узви шӯро буду на аз стратегияи ҳаракат хабаре дошт.

Сомонаи “Гурӯҳи 24”: Чӣ боис шуд, ки ӯро аз иҷрои барномаи “Взгляд” барканор кардед ва барномаро мутаваққиф гузоштед ва оё ин ду бо якдигар рабт доранд?

М. Абдулқаҳҳор: Ростӣ, авохири соли 2017-ум буд, ки суолҳое атрофи Ф. Сафаров пайдо шуд ва мо тасмим гиритем барномаи “Взгляд”-ро муввақатан мутаваққиф намуда, дар ин замина таҳқиқот анҷом диҳем, то кудом андоза воқеият дорад. Баъди таҳқиқот муайян гашт, ки ӯ ба доми режими маккори Раҳмонов уфтода, бо сафорати Тоҷикистон дар Русия робита барқарор намуда, чанд бор алакай вохурӣ анҷом додааст ва баъзе супоришҳое ҳам гирифта будааст. Яке аз барномаҳое, ки бояд бо супориши режим иҷро мекард, ин ошкор кардани чеҳраҳо ва аъзоёни “Гурӯҳи 24” буд, ки дар Русия фаъолият доранд ва маълумоти онҳоро ба мақомоти Тоҷикистон додан буд. Албатта, бо вуҷуди кушишҳо дар ин амал муваффақ нашуд. Борҳо аз роҳбарият хост, то ки як мизи мудавваре ташкил кунад ва бо аъзоёни гурӯҳ дар Русия вохӯриҳо анҷом диҳад, вале чун мо аз аҳдофи ӯ огоҳ будем, иҷозат надодем ва нагузоштем, ки дар иҷрои ин амр муваффақ гардад ва ноком боқӣ монд.

Сомонаи “Гурӯҳи 24”: Чӣ сабаб шуд, ки ӯ тасмими бозгаштро гирифт ва тарки гурӯҳ кард?

М. Абдулқаҳҳор: Бубинед, ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” мисли дигар ҳизбу ҳаракатҳо аст, яъне ворид шудан ва хориҷ шудан дорад ва ин масъала дар ихтиёри худи ҳамон инсон аст ва ин як амри маъмулӣ ва табиӣ аст дар тамоми дунё. Чунин масъалаҳо барои режими худкомаи Раҳмонов чизи ғайри табиӣ мебошанд ва ҳамаро ба монанди ҲХДТ фикр мекунанд, ки дохил шудан маҷбурӣ мебошад ва касе ҳаққи хориҷ шуданро надорад. Албатта, ягона роҳ ба қатли мармӯз поён меёбад. Вале инҷо қазия дигар аст. Режими худкомаи Раҳмонов барномаеро тарҳрезӣ кардааст, ки мутобиқи он бо ҳар роҳу василае бояд мухолифинро баргардонад ва як бахши масъулияти ин кор бо салоҳиятҳои бузург бар дӯши сардори раёсати кофтукоби ҷиноятии Вазорати корҳои дохилӣ – Шоҳрӯх Саидзода, писари Абдулфаттоҳи Ғоиб гузошта шудааст. Ҳеч ҷои тааҷҷубе надорад, ки фардо бубинем касони дигар низ ба дому фиребу найранги ин рижим уфтода, вориди ин қофила гарданд. Хулоса, дар ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ҳар узв барои тасмимгирии худ соҳибҳуқуқ ва озод аст ва касе иҷборан садди роҳи касе шуда наметавонад. Ҳадафи асосии мо инқилоб ва сарнагунии режими худкомаи Раҳмонов аст. Касе иродаи қавӣ дошта бошад, то охир мемонад. Ин роҳ монанди як қаторае дар сафар мебошад, ки ҳар кас метавонад аз дилхоҳ истгоҳ вориди он гардад ва то истгоҳи лозимии худ биравад. Дар ин роҳ яке ба шаҳодат мерасаду дигаре асиру зиндонӣ мешавад ва касоне ҳам пайдо мешаванд, ки муздуру фурӯхта шаванд, вале як идда ҳатман то пирӯзӣ содиқ хоҳанд монд. Хориҷ шудани касе таъсире ба ҳаракат надорад ва маънои онро ҳам надорад, ки тамом кори гурӯҳ ба охир расидааст. Ф. Сафаров, як ҷавони соддае, ки мутаасифона, ба доми макру найрангҳои режими Раҳмонов уфтод ва бо сабабҳои гуногун аз ҷумла: бетаҷрубагӣ шайдои ваъдаю мукофотҳои режим шуд. Ҳамон гунае, ки баъзе мухолифони пеш аз мо ҳам, ба ин дом уфтода буданд ва ҳаёти худро ба нобудӣ бурданд. Ибтидо, шефтаи мансабу сарват ва ваъдаҳои ширини режим шуданд, вале интиҳояшон ба чӣ анҷомид, ин ба ҳама маълум аст. Ф. Сафаров ҳам ба дунболи ҳамонҳо. Вақте ӯ пай бурд, ки мо аз аҳдофаш огоҳ шудаем ва дигар шонси барои режим хидмат карданаш ба сифр баробар аст, дигар бо машварати режим баргашт. Шояд ваъдаи пулу мансаб ҳам шуда бошад, вале ин мусаллам аст, ки ба дӯстону ҳамроҳонаш хиёнат кард ва ба оғуши ҳукумат рафт. Ҳар кӣ аз узвияти “Гурӯҳи 24” хориҷ шавад, мушкиле нест, чун ин роҳ бе ману онҳо низ пеш меравад ва ҷои онҳоро боз касони содиқу бовафо ва шоистатар пур хоҳанд кард. Аммо агар касе хиёнат карду боз ба хиёнаткории худ идома дод, бе посух нахоҳад монд. Ф. Сафаров айни ҳамин хиёнатро зери фармони мақомот идома дода истодааст ва боз мехоҳад дигар ҷавононро ба доми худ афтонда, қурбони режими Раҳмонов кунад. Вале инҷо як нуқта бояд гуфта шавад, ки Раҳмонов касеро намебахшад ва ҳаққи худро ба касе вогузор ҳам накардааст. На ВКД ин ҳақро дорад на дигар ниҳод ё кудом мақомдоре. Касе рӯзе бар алайҳи режими Раҳмонов мубориза бурдааст, он бахшида намешавад. Инро таҷруба нишон дод. Раҳмонов ба ҳама хиёнат кард, тамоми онҳое, ки нисбаташон заррае шакк дошт, қатл ё зиндон кард. Ҳатто наздиктарин инсонҳое, ки дар паҳлуи ӯ буданд, куҷо расад ба мухолифони ошкор? Ин режим имкон дорад Гулмурод Ҳалимов ё дигар ҷавононеро, ки дар Сурияву Ироқ меҷанганд бубахшад, чун онҳо ба Раҳмонов таҳдид намекунанд. Вале мухолифоне, ки сароҳатан бо Раҳмонов ва оилаи ӯ дар набард мебошанд ва курсии ӯро таҳдид мекунанд онҳо ҳаргиз бахшида намешаванд, махсусан ҷавонони “Гурӯҳи 24”. Масъалаи ДОИШ глобалӣ мебошад ва ин ба шахси Раҳмонов дахолат надорад ва ин режим барои пулкоркунию намоишкорӣ хеле корҳоро мекунад, аз қабили садоҳое, ки баъзан мешунавем, мегӯянд: “Ҷавононе, ки аз амалҳои худ пушаймон гашта, ихтиёрӣ даст кашида, бармегарданд, бахшида мешаванд”. Аммо қазияи “Гурӯҳи 24” комилан дигар аст. Ин мустақиман ба Раҳмонов дахолат мекунад ва ин “ҷиноят” бахшида намешавад. Нуқтае, ки инҷо мехоҳам ба ҳамватанонамон ёдрасон кунам, ин мебошад, ки роҳе мо пеша гирифтаем, ҷиноят нест. Балки вазифаи шаҳрвандии худро иҷро намуда, ҳаққи қонунии худро истифода мебарем нисбати шахсе, ки воқеан ҷиноят дорад ва сарқонуни Тоҷикистонро поймол намуда, 27 сол мешавад ҳукмрон аст ва кишвари моро ба вартаи нобудӣ мебарад. Ин аст, ки Раҳмоновро нигарон мекунад ва боварии комил дорам, ки парвое ба Сурия ё Ироқ рафтани кудоми мо надорад. Бармегардем ба асли матлаб, ҳама медонанд, ки Раҳмонов ва режими хунхори ӯ ба касе раҳм намекунад. Ҳатто бо аъзою дӯстон ва ҳамсангарони худ. Қазияи Ёқуб Салимов, ки замоне ҷонфидои Раҳмонов буд ва ба хотири ӯ ҷони худро зери хатар гузошт, оқибат ӯро барои 15 сол пушти зиндон равон кард, ин бояд панде барои ҳар як соҳибшууре бошад! Ин гуна мисолҳои зинда ҳазорҳо вуҷуд доранд чун, Сангак Сафаров, Ғаффор Мирзоев, Лангариевҳо, Чоловҳо ва дигарон… Хулоса, ин ҳам боз як макри навбатӣ аст. Замоне истифода мебаранд ва чун корашон охар ёфт, ба ҳамон мукофоте, ки Ёқубу дигарон мушарраф шуданд, сарфароз хоҳанд гашт.

Сомонаи “Гурӯҳи 24”: Ахиран, ӯ якчанд акси худро, ки дар маркази Душанбе қарор дорад, дар саҳифаи фейбукии худ мунташир кард. Оё дар чӣ вазъ буданаш ва бо чӣ кор машғул буданаш огоҳие доред?

М. Абдулқаҳҳор: Бале, то ҷое аз ҳоли ӯ огаҳем ва дар чӣ вазъ қарор доштанаш ҳам хабар дорем. Ӯ дигар Ф. Сафаров нест, балки як обзори амният ва ВКД аст. Бояд қайд кунам, ки саҳифаҳои интернетии Ф. Сафаров ҳоло дар ихтиёри худаш нест, балки комилан зери контроли мақомот мебошанд. Режими Раҳмонов ҳам ба умеде, ки “моҳии тиллоӣ”-е ба шаст овардам гуфта, зиёд наболад, чун он моҳичааш ҳеҷ асаре надорад ва барои худи режим дарди сар хоҳад шуд. ВКД бо истифода аз ӯ навореро ҳам омода кардаанд, ки шояд рӯзҳои наздик дар шабакаҳои телевизюнӣ ба намоиш гузошта шавад. Илова бар ин, ӯро ба хонаи ҳар як узви “Гурӯҳи 24” бурда, ба волидайни онҳо мегӯянд, ки бубинед ин ҳам узви ҳамон гурӯҳ буд ва баргашту аз «ҷаноби олӣ» бахшиш пурсиду ҳоло озод аст ва ҳеҷ мушкиле надорад ва шумо ҳам фарзандони худро баргардонед. Дар ин маворид далелҳо вуҷуд дорад. Ҷуз аъзои гурӯҳи мо, ин шеваро режим болои дигар ҳизбу ҳаракатҳо низ кор бурда истодааст ва аз Русия чандин мухолифони дигарро бурдаанд ва бо онҳо ҳам филмҳое сохта, ба наздикӣ алайҳи мухолифини режими Раҳмонов истифода хоҳанд бурд.

Сомонаи “Гурӯҳи 24”: Ташаккур барои гуфтугӯи самимиатон. Бароятон пирӯзӣ ва парастишҳои пурфайз дар ин моҳ хосторем.

М. Абдулқаҳҳор: Ташаккур!

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза