31.1 C
Dushanbe
24.07.2024

ГИРДИҲАМОИИ “ГУРӮҲИ-24” ДАР КИШВАРИ УТРИШ

Имрӯз 15.03.2024, Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”, дар шаҳри Венаи кишвари Утриш, назди сафорати кишвари Туркия гирдиҳамоӣ ташкил кард. Дар ин гирдиҳамоӣ намоянда аз Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни сиёсии Тоҷикистон Абдусаттор Бобоев инчунин фаолони сиёсӣ Шавкати Муҳаммад ва Вайсиддин Одинаев иштирок ва суханронӣ карданд. Ин гирдиҳамоӣ ба хотири нопадид гардидани роҳбари ин ҳаракат – Суҳроб Зафар ва намояндаи ин гурӯҳ дар Туркия – Насимҷон Шарипов баргузор гардид. Ҳадафи тазаҳуроткунандагон аз кишвари Туркия ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ин буд, ки ҷойи будубоши Суҳроб Зафар ва Насимҷон Шариповро муайян кунад.

Тазоҳургарон нигаронии худро аз нопадид шудани роҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” Суҳроб Зафар ва намояндаи ин ҳаракат дар Турки Насимҷон Шарипов ва аз рабудани онҳо баёнияҳои худро иброз карданд. Инчунин аз намояндагони Туркия хоҳиш карданд, ки ҳарчи зудтар барои пайдо кардани Насимҷон Шарипов ва Суҳроб Зафар талош варзанд ва мусоидат намоянд.
Инчунин бо аксҳои гуногуне аз Суҳроб Зафар ва Насимҷон Шарипов ва шиорҳое бо монанди: “Аз шумо фақат интизори адолатро дорем”, “Туркия кишвари адолатпарвараст“, “Суҳроб Зафар ва Насим Шарифовро ба диктатор Раҳмонов насупоред!” …ва ғайра сӯҳбатҳо доштанд.

Дар раванди тазоҳурот иштирокчиён бо навбат суханронӣ карданд ва хоҳишҳои худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Сафорати Туркия расонданд. Як хоҳиши Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” аз мақомотҳои Туркия дар суханрониҳо ин буд, ки мақомоти Туркия набояд мухолифони ҳукумати диктатур Раҳмоновро ихроҷ кунад ва сарнавишти онҳоро ба монанди дигар мухолифони истирдодшудае, ки дохили зиндонҳои Раҳмонов шуданд, таслим кунад.

Масъули баргузоркунандаи гирдиҳамоӣ, Абузар Хоҷазода гуфт, ки ин гирдиҳамоиҳо аз рӯзи душанбе идома ва то рӯзи пайдо ва маълум шудани онҳо идома дорад.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”.

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза