-0.9 C
Dushanbe
22.12.2024

11 март дар Тоҷикистон “Рӯзи матбуот” ҷашн гирифта мешавад

Дар Тоҷикистон аз соли 1995 инҷониб 11-март ҳамасола ҳамчун “Рӯзи матбуот” таҷлил мегардад. Ин ҷашн ба ифтихори нашри нахустрӯзномаи тоҷикии “Бухорои шариф” пазируфта шудааст. Рӯзномаи «Бухорои шариф» сароғози матбуоти форсии Мовароуннаҳр хонда мешавад, ки аз 11 марти соли 1912 то 2 январи соли 1913 дар Иморати Бухоро (Когон) чоп шуд. Мирзо Сироҷи Ҳаким, аз маорифпарварони Бухоро ва Мирзо Муҳйиддин Мансури Бухороӣ (бозаргон), аз муассисони «Бухорои шариф» буданд; сардабири он Мирзоҷалол Юсуфзода (рӯзноманигор ва нависандаи озаритабор), котиби масъул Мирзо Ғаффор; масъули умури молии нашрия, яке аз сарватмандҳои машҳуру молики корхонаи пахтаи Бухоро Левин буд.

Муассисону ноширон мақсад аз нашри «Бухорои шариф»-ро дар заминаи маърифати ислому ақидаҳои ҷадидия вораҳонидани мардумон аз ҷаҳолату вомондагии феодалӣ ва иршод ба сӯи равшанию маърифат унвон карданд. «Бухорои шариф» мардуми қаламрави Бухороро аз ҳаёту зиндагии қавму миллатҳои дигар, ба вижа фарангиён (аврупоиён) ва аз ҷумла, русҳо ва ҳодисаҳои муҳимми ҷаҳон бохабар менамуд, аз эҷодиёти адибони маъруфи олам намунаҳое бо баргардони форсии тоҷикӣ ба табъ мерасонд.

Вале 2 январи соли 1913 пас аз шаш моҳи фаъолият аз сабаби рӯз то рӯз ҷалб намудани таваҷҷуҳи мардум ба воқеаҳои зиндагӣ ва бедор намудани шуури сиёсии омма он аз тарафи амири Бухоро ва Сафоратхонаи Русия баста шуд.

Заҳмату талошҳои як идда равшанфикрон Қироншоҳ Шарифзода, Пайванли Гулмурод, Абдухолиқ Набавӣ барои барқарор намудани “Рӯзи матбуот” ба ифтихори рӯзномаи “Бухорои шариф” ҳанӯз солҳои бозсозӣ шурӯъ шуд ва танҳо соли 1995 ҳукми қонунӣ гирифт.

Фазои озоди замони бозсозӣ ва солҳои аввали Истиқлол имкон дод, ки дар кишвар матбуоти озод арзи ҳастӣ ва фаъъолият намояд. Вале ин фазо бо ба сари қудрат омадани Раҳмонов торафт танг ва маҳдуд гардид ва махсусан пас аз солҳои 2013-2014 дар Тоҷикистон матбуоти озод ва мустақил тамоман аз байн бурда шуд. Ин вазъият ба он оварда расонд, ки бисёре аз рӯзноманигорон тарки кишвар намуданд. Имрӯз пеши роҳи кучактарин озодандешӣ ва гуногунфикрӣ гирифта мешавад. Танҳо соли гузашта як ҳодисаи зиндонӣ шудани рӯзноманигор ва даҳҳо ҳодисаи мавриди фишор ва ҳамла қарор гирифтани хабарнигорон дар дохили кишвар ва тавҳину таҳқири рӯзноманмгорони хориҷ аз кишвар дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ба мушоҳида расид. Вазъи бади озодии сухан ва матбуоти озод солҳои охир пайваста аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ мавриди интиқод қарор мегирад. Тоҷикистон дар соли гузашта дар шохиси озодии матбуот миёни 180 кишвари олам дар мақоми 161 ҷой гирифт.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ҳамеша озодии сухан ва гуногунандеширо ҷонибдорӣ намуда, сиёсати саркуб намудани матбуоти озодро аз ҷониби режими истибдодии Раҳмонов маҳкум менамояд.

“Рӯзи матбуот” муборак бошад!

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза