12.1 C
Dushanbe
21.11.2024

10 рӯзи мубориза дар арсаи байналмиллалӣ

Рӯзи 30-юми сентябр, дар шаҳри Варшава, пойтахти Лахистон ҷаласаи САҲА, ки 10 рӯз идома дошт, ба анчом расид. Чаласаи мазкур бахшида ба муҳокимаи ҳуқуқи инсон ва вайрон намудани хукуки кўдакон буд. Дар ҷаласаи мазкур ҷониби 57 кишвари узви САҲА иштирок намуданд. Аз Тоҷикистон дар ҷаласа намояндагони ҳукумати Точикистон ҳам ҳузур доштанд, ба чуз аз онҳо фаъолони мустақил ва намояндагони мухолифини тоҷик, аз ҷумла ҳайати ҳаракати сиёсии “Гурӯхи 24” бо 10 нафар аъзо таҳти роҳбарии муовини роҳбари «Гурӯҳи 24» Ҳусейн Ашӯров ҳузур доштанд.

Дар байни баромадкунандагон пеш аз хама ҷониби мақомоти кишвари мо, баромад карда, барои сохтани таассуроте, ки дар Тоҷикистон ягон мушкилӣ бо ҳукуки инсон вуҷуд надоштанашро хостанд нишон диҳанд. Намояндагони кишвари мо дар бораи озодии кишвар ва нисбати мухолифин ягон фишор дар ҳудуди давлати мо вуҷуд надоштанаш харф заданд. Дар суханхои худ, намояндагони кишвари мо дар бораи шиканҷа, иқрор кардани мачбурӣ, инчунин оид ба озмоишҳои одилона харф мезаданд, аммо дурӯғҳои онхоро бовар кардан мумкин буд, агар дар онҷо намояндагони мо ҳузӯр намедоштанд.

Намояндагони “Гурӯҳи 24” то охирин рӯзи муҳокима бо тайёрии хуб ва гузориши мунтазам, ки ҳақиқати ҳоли ҳуқуқи халқи Тоҷикистонро нишон медод, баромад намуданд. Ҳусейн Ашӯров, Нуриддин Ризоӣ, Манучеҳри Саидмухториддин, Саидалӣ Ашӯров, Акмал Астанаев, Шабнам Худойдодова ва дигарон дар баромадҳояшон маҳдуд шудани ҳуқуқи миллати Тоҷикро ошкор карданд. Онҳо аз он ки дар ватани мо ҳеҷ гуна озодӣ нест, аз рафтори бад ва шиканҷа шудани дастгиршудагон дар маҳбасҳо, аз бе ҷазо мондани кормандони қувваҳои бехатарии Тоҷикистон, аз шароити вазнини ҳаёт дар маҳбасҳо, аз ғайриимкон будани тафтишоти одилонаи судӣ, аз маҳдуд сохтани озодии сухан, матбуот ва расонаҳои хабарӣ, аз маҳдуд сохтани ҳуқуқи шаҳрвандон дар пайравӣ аз дини худ, аз таъқибшавии арбобони сиёсии мардумӣ, аз маҳдуд сохтани ҳуқуқи шаҳрвандон барои иваз намудани ҳукумати кишвари худ нақл карданд.

Ҳусейн Ашуров дар суханронии худ қонуншикании ҳукумати Тоҷикистонро дар Созишномаи байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва Конститутсияи худ исбот кард. Пас аз далелҳои асосноки фаъолон, ҳайати намояндагони расмии Тоҷикистон бо шармандагӣ аз конфронс гурехтанд. Дар Варшава онҳо ҳеҷ далеле барои сафед кардани ҷиноятҳои худ оварда наметавонистанд. Аммо баъд аз баргаштан ба Тоҷикистон бо ёрии фаъолони ҳукуматӣ онҳо бо партофтани тухм ба хонаҳои мухолифин ва сӯзондани аксҳои онҳо ва ҳамин тавр бо баргузор намудани митинг назди дафтари САҲА дар Душанбе намоишҳо нишон доданд. Ҳамаи амалҳои онҳо танҳо вайрон кардани ҳуқуқи инсонро нишон медиҳад, ки намояндагони мо гуфта гузашта буданд.

Ҳаракати мардумӣ-сиёсии Гурӯҳи 24 ба ташкилкунандагони Конфронси дар Варшава гузаронида шуда ва ба ҳамаи фаъолоне, ки аз ҳуқуқи Тоҷикистониён дифоъ карданд, миннатдории худро мерасонад.

konf konf1 konf3 konf5 konf6 konf7 konf8 konf9 konf13 konf14 konf15 konf16 konf18 konf19 konf20 konf22 konf24 konf27 konf28 konf29 konf30 konf31 konf32 konf33 konf35 konf36 nr1

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза