10 декабр дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҳуқуқи башар таҷлил мешавад ва ин рӯз аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ соли 1950 расман таъсис шудааст.
Дар Тоҷикистон низ дар ин рӯз бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон чорабиниҳои гуногун: мизҳои мудаввар, конфронсҳо ва ғайра баргузор мешаванд. Шабакаҳои телевизионии марказӣ дар бораи ин чорабиниҳо, ки ҳадафи асосии он тарбия намудани ҷавонон аст, суханҳо меронанд. Аз тариқи Телевизион ба мардум гуфта мешавад, ки Конститутсияи Ҷумхурии Точикистон ба шахрвандони худ ҳуқуқи озодиҳои асосии дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар пешбинишударо кафолат медиҳад. Ва дар Тоҷикистон низ чун дигар кишварҳои демократӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон арзиши асосӣ мебошанд.
Боқимондаҳои замони гузашта ва баъзе анъанаҳо баъзан хилофи меъёрҳои байналмиллалӣ ҳастанд, аммо агар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мо бо пул кӯмак кунад, пас ба зудӣ ҳама чиз дар ҷомеаи мо ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқат мекунад. Аммо ҳоло Созмонҳои мухталифи байналмиллалӣ солҳо боз бонги изтироб мезананд ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунанд, ки ба вазъи нақзи муназзами ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ кунанд. Дар кишвари Тоҷикистон Қонуншиканиҳо зиёданд, вале баъзеи онҳоро нодида гирифтан мумкин нест, аксар вақт дар гузоришҳои байналмиллалӣ инҳо ба назар мерасанд: боздошти ғайриқонунӣ, латукӯб ва шиканҷа аз ҷониби мақомоти амниятӣ; поймол кардани ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзил ва ҳаёти шахсӣ; таъқиб ва боздошти фаъолони шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, рӯзноманигорон ва адвокатҳо; сензураи васеъ, маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоот, ҷазои ҷиноӣ барои танқиди мақомот; поймол кардани ҳуқуқ ба ҷамъомадҳои осоишта; вайрон кардани озодиҳои динӣ; маҳдуд кардани озодии ҳаракат; мушкилоти хариду фурӯши одамон ва меҳнати маҷбурӣ ва амсоли инҳо зиёданд. Бо вуҷуди гузоришҳои зиёд дар бораи нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, Раҳмонов бо ҷидду ҷаҳд вонамуд мекунад, ки ҳеҷ чиз рӯй надодааст, ҳайатҳои ҳукуматӣ конфронсҳои байналмиллалиро тарк мекунанд, ки ин мушкилот дар онҷо садо медиҳанд ва вазъи диктатурӣ будани режими Раҳмонов дар онҷо ошкор мегардад.
Раҳмонов фикр мекунад, ки тамоми кирдораш беҷазо мемонад, ҳар сол қонунҳои наверо пешниҳод мекунад, ки ҳуқуқҳои асосии шаҳрвандони моро маҳдуд мекунанд. Қонунҳое, ки мақсад аз онҳо мустаҳкам намудани клани ҳукмрон дар ҳокимият ва қавӣ гардондани он мебошад.
Дар кишварҳои мутамаддин ҳуқуқи инсон арзиши асосӣ маҳсуб мешавад, ки онро ҳам мақомот ва ҳам суди одилона ва мустақил ҳифз мекунанд. Аммо мутаассифона мақомотҳои Тоҷикистон кафили ҳуқуқи инсон на, балки кафили ҳуқуқи Раҳмонов ҳастанд. Ва Раҳмонов бошад, аз чунин мақомот истифода бурда, тамоми қонунҳои барои ҳуқуқи инсонро ба нафъи худ истифода мекунад. Риояи меъёрҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар қудрати Раҳмоновро таҳдид мекунад ва аз ин рӯ тоҷикони оддӣ имрӯз дар кишвар кафолати ҳуқуқи оддии инсониро надоранд.
Рӯзи 10 декабр, дар Рӯзи ҳуқуқи инсон, ба тоҷикон хотиррасон карданием, ки бо ҳуқуқи инсон будан ва аз ҳуқуқи инсонии худ дифоъ карда ба озодӣ ва зиндагии шоиста ҳақ дорем ва ҳеҷ кас, на Раҳмонов ҳақ дорад, ки моро аз ин маҳрум созад ва на касе дигар аз режими диктотурии Раҳмонов…
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”