6.1 C
Dushanbe
24.11.2024

Ҷаласаи ҷамъбастии Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

28 декабри соли 2020 Ҳаракати сиёсии Гурӯҳи 24 ҷаласаи солонаи худро ба тариқи онлайнӣ баргузор намуд.

Ҷаласаро Убайдулло Саидӣ- масъули бахши фарҳангӣ ҳамчун гардонандаи маҷлис оғоз намуд ва риштаи суханро ба сухангӯи ” Гурӯҳи 24″ Саидалӣ Ашӯров вогузор кард. Саидалӣ Ашӯров аз фаъолиятҳои ҳаракати сиёсӣ дар соли 2020 гузориш дод. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки дар давоми сол фаъъолон ва аъзои ” Гурӯҳи 24″ дар шаҳри Маскав бо нишонаи эътироз бар иштироки Раҳмонов дар расмигузашти низомӣ ба муносибати 75 солагии Ҷашни Ғалаба, ҳамчунин дар назди сафоратхонаҳои беш аз 10 кишвари олам дар робита бо боздошт ва ба Тоҷикистон фиристода шудани аъзои гурӯҳ Шобуддин Бадалов пикетҳои эътирозӣ баргузор намуданд. Сипас масъули Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24″ дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳоиҳои Мустақил Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор аз фаъолияти ҳаракати сиёсӣ дар ин кишварҳо ҳисобот дод. Дилшод Шарипов- масъули бахши иттилоотии созмон дар бораи нақши бахши иттилоотӣ дар раванди муборизаи сиёсӣ ва фаъолияти бахши иттилоотии” Гурӯҳи 24″ дар давоми сол муфассал сухан гуфт. Ӯ натиҷаи фаъолияти бахшро қаноатбахш арзёбӣ намуд ва изҳор дошт, ки дар соли гузашта танҳо дар канали Ютуб зиёда аз 370 навор пахш гардид, ки он назар ба соли гузашта 130 адад зиёд аст. Сипас фаъъоли ҳаракат Муҳаммадҷон Абдуллоев гуфт, ки муборизаҳои сиёсии мо ҳадафманд ҳастанд ва дар бедории мардуми мазлум нақши муҳим мебозанд.

Дар ҷаласа ҳамчунин як идда аз ширкаткунандагон, аз ҷумла Акмал Астанаев- намояндаи ҳаракат дар Лаҳистон, Муҳаммадраҷаб Саидалиев намоянда дар Олмон ва аъзои дигари ҳаракат Юсуфҷон Мирзоев ва Рустам Раҳматзода суханронӣ намуда, андешаҳои муҳим ва созанда ироа намуданд. Парвиз Раҳимзода- узви нави ҳаракат дар бораи омилҳои ба саҳнаи муборизаи сиёсӣ ворид шуданаш ибрози андеша намуд. Аъзои нави ҳаракат Зафар Ғоибов дар бораи мушкилоти мардум, махсусан муҳоҷирони меҳнатӣ дар замони вабои КОВИД-19 ва чӣ гуна аз ҷониби Ҳукумати Раҳмонов ғорат шудани кӯмакҳои башардӯстона ва дигар беадолатиҳо изҳори назар кард. Сипас ҷонишини раҳбари Ҳаракати сиёсии Гурӯҳи 24 Ҳусейн Ашӯров дар бораи масъулияти ҳар як фарди ҷомеъа барои Ватан сухан гуфт ва дар охир Қарори Шӯрои сиёсии Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”- ро баён намуд, ки бар асоси он дар сохтори ҳаракат як қатор тағйирот сурат гирифтаанд. Беҳрӯз Тағойзода аз бахши кадрҳо озод гардида, масъули бахши иттилоот таъйин шуд. Дилшод Шарипов аз масъули бахши иттилоот ба вазифаи масъули бахши кадрҳо таъйин гардид. Зафар Ғоибов намояндаи ҳаракат дар Укроин ва Убайдулло Саидӣ намояндаи ҳаракат дар Бритониё таъйин шуданд.

Дар охир ҷаласаро раҳбари Ҳаракати сиёсии Гурӯҳи 24 Сӯҳроб Зафар ҷамъбаст намуда, дар бораи мушкилот ва бурду бохти фаъолияти ҳаракат дар соли гузашта новобаста аз ҳамагирии КОВИД-19, масъалаи интихоби раҳбари Гурӯҳи 24 дар оғози сол ва дурнамои фаъолияти сиёсии ҳаракат дар соли 2021 изҳори назар карда, ба масъулини нав дар ин роҳи пурмушаққат муваффақият, ба Ҳаракати сиёсии Гурӯҳи 24 дар роҳи мубориза пирӯзӣ ва ба мардуми Тоҷикистон Озодӣ таманно кард.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза