Рӯзи 4 январи соли 2026 дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҷаласаи солонаи ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи-24» бо иштироки намояндагон, аъзои роҳбарият ва фаолони ҳаракат баргузор гардид.
Дар ҷаласа натиҷаҳои фаолияти яксолаи ҳаракат мавриди баррасӣ қарор гирифта, масъалаҳои муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ ва тақвияти ҳамоҳангсозии фаолият дар кишварҳои гуногун муҳокима шуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа як қатор тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Аз ҷумла:
Намояндаи ҳаракат дар Аврупо Хурсанд Наҷмиддинов, бо хоҳиши худаш аз масъулиятӣ озод ва ба ҷои ӯ Алихон Кабиров таин шуд.
Ҳамчунин намояндаи ҳаракат дар Олмон Холназар Лоиқов хоҳишан озод ва ба ҷояш Раҷабалӣ Раҷабов таин гардид.
Ва намояндагии ҳаракат дар Фаронса Ҳикмиддин Маҳадбекзода, намояндагии ҳаракат дар Лаҳистонро Абдуҳалим Сафаров ба уҳда гирифтанд.
Роҳбарияти ҳаракат таъкид намуд, ки ин тағйиротҳо ба хотири баланд бардоштани самаранокии кор, тақвияти сохтори ташкилӣ ва густариши фаолияти сиёсӣ дар хориҷ аз кишвар анҷом дода шуданд.
Дар идомаи ҷаласа, пас аз анҷоми масъалаҳои таинотӣ, як қатор фаолон ва намояндагони ҳаракат бо суханрониҳои онлайнӣ ва ҳузурӣ баромад карданд.
Муҳаммадҷон Абдуллоев дар самти масъалаҳои фарҳангӣ,
Зафар Ғоибов вобаста ба фаолияти иттилоотӣ,
Абузар Хоҷазода оид ба масъалаҳои кадрӣ ва кадрсозӣ,
Сайдали Ашуров сухангӯи ҳаракат,
Беҳрӯз Тағойзода ровии барномаи Садои Мардум,
Ҳусейн Ашуров ҷойнишини раиси кумита ва масъули бахши равобити хориҷӣ,
Дилшод Шарипов раиси кумитаи иҷроия суханронӣ карданд.

Ҳамчунин, суханрониҳои Холназар Лоиқов, намояндаи қаблии гурӯҳ дар Олмон, инчунин намояндаи гурӯҳ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва дигар фаолон ва хоҳишмандон шунида шуданд.
Дар суханрониҳо зарурати идомаи муборизаи сиёсӣ, таҳкими ҳамбастагӣ миёни аъзои ҳаракат ва фаол гардондани ҷомеаи муҳоҷирон таъкид гардид.
Ҷаласаи солона ҳамчун як қадами муҳим дар самти таҳкими сохтори дохилии ҳаракат ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи фаолият арзёбӣ шуд.
Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи-24» минбаъд низ фаолияти худро барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, мубориза бо худкомагӣ ва барқарории адолат идома хоҳад дод.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” (04.01.2026)

