-0.9 C
Dushanbe
22.12.2024

Ҳукми ноодилона нисбати Маҳмурод Одинаев касеро набояд бетараф гузорад

Рӯзи 27 январ расонаҳои Тоҷикистон хабар доданд, ки дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ алайҳи Махмурод Одинаев додситон хостаст, ки муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократро ба 15 соли зиндон маҳкум гардад. Ҷомеа ҳанӯз фурсат надошт ин даҳшатро дарк намуда, сари он андешад, ки ӯ чӣ ҷинояти сангинеро содир кардааст ва вакили дифоъи ӯ барои баррасии парванда фурсат надошт ибрози назар кунад, ки рӯзи дигар ҳукм содир шуд: 14 сол зиндон!

Одинаев бо моддаҳои “авбошӣ” ва “даъвати оммавӣ ба фаъолияти ифротгароёна ” гунаҳкор дониста шуд. Барои ин ҳукми ноодилона мақомотро чӣ чизе барангехт? Одинаев ҷуръат кард, ки аз Раҳмонови хурдӣ дар робита ба болоравии беасоси нархи маҳсулоти хӯрокворӣ баргузории гирдиҳамоии осоиштаро хоҳиш намояд. Шахси дуюми ҷумҳурӣ, писари Эмомалӣ Раҳмонов, шаҳрдори Душанбе Раҳмонов Рустам дархости Одинаевро бе ҷавоб гузошт, аммо пас аз 4 рӯз Одинаев нопадид шуд ва пас аз муддате дар таҳхонаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ қарор гирифт ва бидуни раҳо шудан ба муддати 14 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Писараш бошад, аз ҷониби мақомот ҷарима карда шуд.

Ба ҳама аён аст, ки парвандаи Маҳмурод Одинаев саросемавор ва ғаразнок баррасӣ шуд ва ҳукми он барқосо содир гардид. Маълум мешавад, ки акнун Раҳмонов аз пайи Ҳизби Сотсиал-Демократ, ягона ҳизбе, ки то ҳол дар кишвар фаъолият мекунад ва аъзои он ақидаҳои интиқолии худро нисбат ба Ҳукумати худкомаи Раҳмонов ба таври хеле дипломатӣ баён мекунанд, афтодааст. Раҳбари ҳизб Раҳматулло Зоиров дар баёнотҳои худ он қадар дақиқ ва хештандор аст, ки Раҳмонов наметавонад барои ба ӯ часпидан баҳонае ёбад. Аммо Раҳмонов кайҳост мехоҳад, ки бо Зоиров ҳисобро баробар кунад. Интихоботи гузаштаи президентиро ба хотир меорем: Зоиров барои ишғоли ин мақом ширкат накарда, ошкоро изҳор дошт, ки интихобот дар Тоҷикистон одилона нест ва дар ҳар сурат ғолиб аллакай маълум аст. Раҳмонов инро намебахшад. Ба ӯ лозим аст, ки дар кишвар манзараи қонунсолорӣ вонамуд сохта, мухолифонашро бадном кунад, барои сиёҳ кардани Заиров ӯ ба далелҳои созгор эҳтиёҷ дорад. Қаблан Раҳматилло Зойиров барои ибрози ошкоро ва интиқодҳояш борҳо мавриди латукӯб қарор гирифт, аъзои Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Шуҳрат Қудратов бошад, бо тӯҳмат равонаи зиндон шуд. Инак мақомот муовини ӯ Одинаевро боздошт карданд ва маълум аст, ки ӯро ба ҳамкорӣ водор намуда, маҷбур карданд, ки бар зидди раҳбари Ҳизби сотсиал-демократ шаҳодат диҳад. Пас ҳадафи ҳамаи инҳо як буд: маҳв намудани Зоиров ва ҳизби ӯ.

Имрӯз Раҳмонов алайҳи Ҳизби сотсиал-демократ ва раҳбари он ҳеҷ далеле надорад, аммо аз қудрат бархӯрдор аст ва издиҳоме зери дасташ ҳаст, ки омодаанд барои хоҷаашон ҳар кореро анҷом диҳанд. Агар ҳуқуқшинос-сиёсатмадори ботаҷриба Зоиров ба ҳимояи узви ҳизбаш бархезад, пас эҳтимолияти ба доми Раҳмонов афтоданаш вуҷуд дорад. Масалан, онҳое, ки аз сиёсатмадорон дифоъ мекарданд, ба монанди Бузургмеҳр Ёров, ба ин дом афтоданд. Дар чунин шароит набояд хомӯш буд, бояд ҷаҳониёнро аз ончи дар Тоҷикистон рух медиҳад, огоҳ кард ва ба созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар муроҷиат намуд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” хашму ғазаби худро нисбат ба ҳукми ноодилона ва ба таври возеҳ сиёсишудаи Махмурод Одинаев баён намуда, ҳимояти худро аз раҳбари Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматулло Заиров ва тамоми аъзои он эълом менамояд.

“Адолат нест, аммо Худо вуҷуд дорад!” – гуфт Маҳмурод Одинаев пас аз эълони ҳукм. Мо бояд ин нуктаро дар хотир гирифта, дар мубориза бар зидди қонуншиканӣ ва истибдоди ошкор то ба охир мелоки амали хеш қарор диҳем!

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза