8.1 C
Dushanbe
21.12.2024

Ҳамдардии “Гурӯҳи-24” ба хонаводаи қурбониёни зиндонӣ

Дирӯз, санаи 7-уми июли соли ҷорӣ, дафтари матбуотии ВКД аз заҳролудшавии шуморе аз зиндониёни интиқолшаванда дар роҳи Хуҷанд – Душанбе, ки дар натиҷаи он 14 зиндонӣ ҷон бохтаанд, хабар дод.

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи роҳбарияти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон мебоист 128 нафар маҳкумшуда, ки аз он 120 нафарро мардон ва 8 нафарро занон ташкил мекарданд, аз зиндонҳои шаҳрҳои Хӯҷанд ва Истаравшан ба шаҳрҳои Душанбе, Ёвон ва Норак барои идомаи ҷазо, интиқол ёбанд.

ВКД дар хабари машкуки худ аз он мегӯяд, ки гӯиё дар роҳ яке аз маҳбусон се нонеро, ки бо худ доштааст, байни 16 зиндонӣ тақсим кардааст ва гуиё заҳролуд будани нонҳо сабаби заҳролудшавӣ ва ҳалокати 14 нафар гардидааст.

“Гурӯҳи-24” ба муносибати шаҳодати ин зиндониёни ситамдида ба хонаводаи онҳо ҳамдардӣ намуда, ба эшон дар ин мусибати сангин бардошт ва подоше аз Худо хостор аст. Бояд гуфт, ки ин як заҳролудшавии маъмулӣ набуда, эҳтимол меравад, ки идомаи ҳамон амалиёти нобудсозии зиндониёни ба қавли ҳукумат ва барои ҳукумат “хатарнок” бошад, ки пеш аз ин ҳам дар зиндонҳои Хӯҷанду Ваҳдат ва Душанбе афроди зиёдеро ба шаҳодат расонида буданд. Вале мақомот ҳамеша бо нашри маълумотҳои машкук ба чашми ҷомеа хок мепошад. Воқеият ин аст, ки ин раванд, яъне ҷисман нобуд кардани мухолифин ва онҳое, ки ба андешаи ҳукумат барои онҳо хатарзост, яке аз барномаҳои ҳукумати Раҳмонов ба шумор меравад.

Маълумотҳое, ки нашр мекунанд, на ба ақли солим мувофиқат мекунаду на ба қоидаҳои зиндон ва интиқоли зиндониҳо ва ин дар сатҳи паст қарор доштани сохтори давлатиро нишон медиҳад. Дар 8 моҳи охир ин бори сеюм аст, ки бо зиндониҳо чунин ҳодисаҳои хунин рӯх медиҳад.

Пас аз ҳодисаи хунини зиндон Хӯҷанд, барои беҳбуд ёфтани низоми зиндонҳо сардори раёсати зиндонҳои Тоҷикистонро иваз карданд, вале баръакс ба ҷои беҳбудӣ, кор бадтар шуд. Аз баски ҳукумат ғайримардумӣ ва як ҳукумати худкома аст, таҳқиқи холисонаи чунин ҳодисаҳо ғайри имкон аст. На созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва на аҳаде ба дарёфти дақиқи асли ҳодиса даст меёбанд.

Аз ин рӯ, мо аз шаҳрвандон ва шоҳидони ҳодиса хоҳиш мекунем, ки агар маълумоти бештар ва дақиқтаре дар даст дошта бошанд, ба мо фиристанд. Мо мардумро мебояд, ки аз рух додонаи чунин ҳодисаҳо пешгирӣ кунем ва ба доди ҳамдигар бирасем, вале ягона амал ва роҳе, ки бояд паймуд, ин шикасти режими Раҳмонов ва расидан ба як ҳукумати мардумӣ аст.

Бахши иттилоотии “Гурӯҳи-24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза