Рӯзи 8-уми декабр ноҳияи Конибодом шоҳиди як фоҷиаи дигар гардид, ки дар он 6 узви як оила ба таври ваҳшиёна кушта шуданд.
Сараввал ҳамдардии аъзои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”-ро ба хонаводаи фавтшуда мерасонад ва аз даргоҳи Худованд талаби дуо дорем, то фавтшудагонро раҳмату мағфират ва дохили ҷаннат гардонад.
Ҷасадҳои онҳо бо шеваи даҳшатнок ёфт шуданд ва то ҳол омилони ин ҷиноят ошкор нашудаанд. Ин на танҳо як ҳодисаи фоҷиабор, балки нишони дигари шикасти низоми амниятӣ дар кишвар аст.
Тавре, ки маълум аст, ин бори аввал нест дар ин минтақа ва ё дигар манотиқи кишвар чунин ҷиноятҳои сангин рӯй медиҳанд. Тоҷикистон, ки солона 26%-и буҷаи худро барои ниҳодҳои амниятӣ, аз ҷумла (КДАМ) Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ, Вазорати Корҳои Дохилӣ (ВКД) ва дигар ниҳодҳои қудратӣ сарф мекунад, бояд яке аз кишварҳои амнтарини минтақа бошад. Аммо воқеият комилан дигар аст.
Ҳар сол миллиардҳо сомонӣ аз буҷаи кишвар ба дастгоҳи амниятӣ сарф мешавад, вале ин сарфу харҷ натавонистааст амнияти сокинонро таъмин кунад. Ба ҷои онки ниҳодҳои амниятӣ ба таъмини ҳифзи шаҳрвандон машғул шаванд, балки онҳо бештар барои ҳифзи як низоми худкома ва таъқиби мухолифин истифода мешаванд. Маҳз ҳамин афзалиятдиҳӣ ба манфиатҳои режими ҳукмрон боиси беназоратии манотиқ ва густариши ҷинояткорӣ гардидааст.
Чунин ҳодисаҳо на танҳо сатҳи баланди ноамниро нишон медиҳанд, балки обрӯи кишварро дар сатҳи байналмилалӣ коста мекунанд. Дар ҳоле, ки мақомот аз “пешрафтҳо” сухан мегӯянд, ҳақиқат он аст, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳамеша бо тарсу ҳарос зиндагӣ мекунад.
Ҳукумат бояд барои чунин шикастҳо ҷавобгар бошад. Агар солона 26%-и буҷа барои амният сарф мешавад, пас чаро мардум аз чунин ҳодисаҳо дар тарсу ҳарос ҳастанд? Куҷост натиҷаи ин сарфу харҷ? Ҳангоми рӯх додани ҷиноятҳои ваҳшиёна мисли ҳодисаи Конибодом, ҳар як масъули амният бояд барои шикасти худ ҳисоб диҳад.
1. Фасод ва маҳалгароӣ дар ниҳодҳои амниятӣ: Маълум аст, ки аксарияти мансабдорони амниятӣ бештар бо фасод машғуланд, на таъмини амнияти мардум.
2. Таваҷҷуҳ ба таъқиби мухолифин:
Ба ҷои таъмини амнияти мардум, бештари нерӯҳои амниятӣ барои таъқиб, боздошт ва истирдоди мухолифони сиёсӣ сафарбар карда мешаванд.
3. Камбуди назорат ва таъминоти дуруст:
Ҳатто дар ноҳияҳои дурдаст, ки бештар осебпазир ҳастанд, ягон низоми пешгирикунанда вуҷуд надорад.
Барои пешгирӣ аз чунин фоҷиаҳо, ҳукумат бояд аввалан самти афзалиятҳои худро иваз кунад. Ба ҷои сарф кардани маблағ барои таъқиби мардум, ин маблағ бояд барои ҳифзи амнияти ҳақиқии онҳо истифода шавад. Ислоҳоти амиқи ниҳодҳои амниятӣ бо ҷалби кадрҳои босалоҳият ва беғараз талаботи асосии рӯз аст.
Ҳодисаи Конибодом бори дигар ба ҷомеа нишон дод, ки низоми феълӣ танҳо дар хидмати ҳифзи манфиатҳои худкома аст ва амнияти мардумро сарфи назар кардааст. Агар чораҳои фаврӣ гирифта нашаванд, чунин фоҷиаҳо идома хоҳанд ёфт ва ҷомеаи Тоҷикистонро боз ҳам ба ботлоқи ноамнӣ ва ноумедӣ мекашанд.
Вақти он расидааст, ки мардум талаб кунанд: Амният на барои режими худкома, балки барои шаҳрвандон бояд бошад.
Бо эҳтиром Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”