Шӯрои Ҳаракати сиёсии “Гуруҳи 24” пас аз баррасии ҳамаҷонибаи амалҳо ва рафтори Туйчӣ Маллоев қарор кард, ки бо сабаби хиёнат ба арзишҳо ва ҳадафҳои мубориза, ҳамкорӣ бо ниҳодҳои амниятии режими диктатории Раҳмонов ва сафари ӯ ба шаҳри Душанбе, номбурда аз сафи Ҳаракат хориҷ карда шавад.
Амали мазкур на танҳо бар зидди меъёрҳои дохилӣ, балки бар хилофи принсипҳои асосии муборизаи сиёсӣ ва эътимоди аъзои Ҳаракат мебошад.
Ҳаракат ҳамзамон таъкид менамояд, ки мубориза барои озодӣ, адолат ва арзишҳои мардумсолорӣ бо иродаи қавӣ ва иттиҳоди устувор идома хоҳад ёфт.
Шӯрои Ҳаракати сиёсии “Гуруҳи 24”
12.11.2025

