11.1 C
Dushanbe
21.12.2024

ЁДБУДИ ШАҲИДИ ЗИНДАЁД, ШОДРАВОН ВА МУАССИСИ ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ-24” УМАРАЛӢ ҚУВАТОВ

ЁДБУДИ ШАҲИДИ ЗИНДАЁД, ШОДРАВОН ВА МУАССИСИ ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ-24” УМАРАЛӢ ҚУВАТОВ

Нӯҳ сол қабл, 5 марти соли 2015 Умаралӣ Қуватов дар шаҳри Истанбули Туркия аз тарафи қотилони режими Раҳмонов ба қатл расонида шуд. (Мо аз Худоем ва ба сӯи Ӯ равонем… Бақара, ояи 156) 

Ин сиёсатмадори барҷаста, муборизи оташин барои барқарор кардани режими мардумсолорӣ ва одилона бар зидди режими диктатурии Раҳмонов баромад. Марде, ки муяссар шуд дар як муддати кӯтоҳ дар атрофи худ одамони ҳамфикру муборизро ҷамъ карда, садҳо одамони озодихоҳро бо роҳи муборизаи худ пеш барад. Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи-24», ки аз ҷониби ӯ таъсис ёфтааст, зиндагӣ ва муборизаро барои озодӣ, мардумсолорӣ ва адолат идома медиҳад. Раҳмонов хеле иштибоҳ карда буд, ки бо нобуд кардани роҳбари ҳаракат, «Гурӯҳи-24»-ро аз байн мебарад.

Баръакс, баъди марги Умаралӣ Қуватов ҳамфикрони Ӯ боз ҳам бештар гирдиҳам омаданд ва муборизаву идеяи Ӯро давом дода истодаанд. Ин ҷунбиш берун аз Русия ва Туркия низ паҳн шуд ва пайравонаш дар Аврупову Амрико низ ҳамроҳ шуданд. Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”-ро Созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар, кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико эътироф кардаанд.

Умаралӣ Қувватов ҷони худро барои халқу ояндаи Тоҷикистон бахшидааст. Мо ин қурбониро ба ёд меорем ва кори Ӯро давом медиҳем. Рӯзе Тоҷикистон аз режими диктатории Раҳмонов озод мешавад ва ҳар кас он чизеро, ки сазовори он ҳаст, хоҳад гирифт.

Хотираи мубораки Умаралӣ Қувватов дар саҳифаи таърихи Халқи Тоҷик хоҳад монд. Аллоҳи меҳрубон ҷояшро ҷаннатул-фирдавс гардонад. Амин.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза