20.1 C
Dushanbe
11.03.2025

Як сол дар чанголи диктатор: Ёдоварӣ аз Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарипов

 

Рӯзи 10 марти соли 2024 як саҳифаи сиёҳ дар таърихи мубориза барои озодӣ ва адолат дар Тоҷикистон боз шуд. Он рӯз Сӯҳроб Зафар, раҳбари ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”, дар Туркия нопадид шуд. Шаш моҳ пас, прокурори золим Юсуф Раҳмонов бо сари баланд эълон кард, ки ӯ ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Ва баъдан ба 30 соли зиндон маҳкум гардид. Ҳамроҳи ӯ, Насимҷон Шарипов низ ба 20 соли зиндон равона шуд.

Имрӯз, 10 марти соли 2025, як сол мешавад, ки ин ду муборизи озодӣ дар чанги режими худкома қарор доранд. Як сол пур аз шиканҷа, таҳқир ва бедодгариҳое, ки ҳукумати диктатор Раҳмонов нисбат ба мухолифони худ раво мебинад.

Дуздидани мухолифони сиёсӣ аз кишварҳои дигар ва истирдоди иҷбории онҳо ба Тоҷикистон кайҳо ба як анъанаи сиёсии ин режим золим табдил ёфтааст. Пеш аз ин даҳҳо нафари дигар чунин сарнавишт доштанд. Аммо чӣ гуна мумкин аст, ки дар асри 21, дар ҳузури созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, ин гуна амалҳои террори давлатӣ идома ёбанд?

То замоне, ки ҷомеаи бедори тоҷик бо қатъият истода, режими диктатор Раҳмоновро ба ҷавобгарӣ намекашад, ин ҷиноятҳо идома хоҳанд ёфт.

Имрӯз, ёдоварии яксолагии рабуда шудани Сӯҳроб Зафар на танҳо як санаи шуми таърихист. Ин як фарёдест ба ҳамаи онҳое, ки барои озодӣ, адолат ва ҳуқуқи инсон мубориза мебаранд.

Ҳукумати худкомаи Раҳмонов метавонад мухолифонро рабояд, онҳоро шиканҷа кунад ва ҳатто ба ҳабсҳои тӯлонӣ маҳкум намояд. Аммо он чизе, ки ҳеҷ диктаторе натавонистааст бикунад, ин хомӯш кардани ормон ва иродаи мардум аст.

Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарипов имрӯз дар паси панҷараҳои зиндон ҳастанд, аммо номи онҳо бо ҳар нафаси инсонҳои озодандеш зинда хоҳад монд.

Бигзор ҷаҳон фаромӯш накунад!
Бигзор ин як соли дард барои бедор кардани виҷдони ҳар як инсони озод бошад!

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза