Тоҷикон дар ҳама давру замон бо далерию мардонагии худ машҳур будаанд. Гузаштагони мо ҳамчун фарзандони аслии Тоҷикистон ҷонҳои худро дареғ надошта, бар зидди истилогарони бегона бар алайҳи халқи худ, мубориза мебурданд. Бояд қайд кард, ки бо гузашти асрҳо ин ҳама тағйир наёфтааст. Ҳоло ҳам, ҳазорон родмардони мо ҷонҳои худро дар хатар гузошта, далерона бар зидди режими хунхори Раҳмонов мубориза мебаранд ва чеҳраи аслии президенти Тоҷикистонро на танҳо ба ҳамватанон, балки ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ низ, ошкор мекунанд. Яке аз ин фарзандони далеру шуҷоъи Тоҷикистон ин – Эҳсон Одинаев мебошад.
Эҳсон саннаи 12-уми июни соли 1991-ум дар ноҳияи Шаҳринав ба дунё омадааст. Соли 2007-ум, баъди хатми синфи 9-уми мактаби рақами 101-уми ш. Турсунзода, ӯ маҷбур мешавад ба Русия ҳиҷрат кунад. Дар рӯзҳои аввали муҳоҷират, ӯ ба ҳама душвориҳое, ки ҳамватанони мо дар муҳоҷирати меҳнатӣ аз сар мегузаронанд, рӯбарӯ мешавад. Шабҳои сардиро дар сохтмонҳои Солнечногорскии вилояти Москва гузаронида, напардохтани маош ва ин ҳама заррае аз душвориҳои ба сари Эҳсон ва оилаи онҳо омада мебошад.
Ҳамватанони мо, ки дар солҳои 2007-2008-ум, дар муҳоҷирати меҳнатӣ будаанд, эҳтимолан медонанд, ки дар он солҳо зиндагӣ кардан дар Русия душвору хатарнок буд. Соли 2009-ум, ба Эҳсон муяссар шуд, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо гурӯҳе аз ҳамватанон шинос шавад, ки дар ҷамъияти ” Иттиҳоди Тоҷикони Русия”, ки роҳбарияшро Абдулло Давлатов ба ӯҳда дошт, фаъолият мекарданд. Ба зудӣ, Эҳсон фаъоли ихтиёрии ҷамъияти номбурда шуд.
Ҳамроҳи Эҳсон дар ин ҳаракати ҷавонон бародараш Вайсуддин ҳам, фаъолона иштирок мекард. Аз рӯи гуфтаҳои ӯ, Абдулло Давлатов дар навбати аввал ҷавононро ба дӯстдории ватани худ ва фахр кардан аз ин миллат будан даъват мекард, чунки дар он замон тоҷикон метарсиданд дар ягон ҷо аз кадом миллат будани худ ҳарф зананд.
Қарор доштан дар сафи ” Иттиҳоди Тоҷикони Русия” ба Эҳсон кӯмак кард, то аз вазъи фалокатовари тоҷикон бохабар шавад, ки ин вазъ ӯро бетараф нагузошт. Эҳсон ва ҳамфикронаш зидди он буданд, ки тоҷиконро ҳамчун як табақаи хизматгор ҳисоб кунанд, вақто ки мардуми мо як таъриху фарҳанги бой ва куҳан доранд.
Ин, ҷавононро водор кард, то баҳри пешбурди фарҳанги мардуми худ фаъолона ҳаракат кунанд. Ва Эҳсон бо рафиқонаш бо ҳар гуна ҷамъиятҳо ҳамкориҳои худро сар карданд. Ҷуз ин чандин бор кӯшиш карданд ба сафорати Тоҷикистон муроҷиат кунанд. Вале ин кушишҳои онҳо, ки мехостанд сафоратро ба ин фаъолиятҳо ҷалб кунанд, бенатиҷа меанҷомид. Баръакс, аз сафорат онҳоро ҳақорат дода меронданд.
Ин ҷо бояд қайд кард, ки солҳои 2010-2011-ум, Эҳсон ҳамроҳ бо рафиқонаш ҷамъомаде бо иштироки ҳамватанон барпо намуда, аз мушкилиҳои мардуми мо суханронӣ карданд. Яке аз мақсадҳои Эҳсон ва ҷавонон барқарор кардани ҷамъияти ” Землячество ” буд, ки ба мутаҳидшавии тоҷикистониён мусоидат мекард. Ва ин фикри онҳо амалӣ шуд. Аввалин ҷамъомади ҳамватанон дар назди истгоҳи метрои “Ҷанубу ғарб” баргузор шуд.
Маҳз дар он ҷо, ба гуфтаи Вайсиддин Одинаев онҳо бо Меҳрубон Сатторов ва бисёри дигаре аз ҳамватанон шинос шуданд. Баъдан, Эҳсон ва рафиқони ӯ тасмим гирифтанд, ҷамъияти худ ” СКИФЫ” – ро бо кӯмаки Гавҳар Ҷураева ва ҳамкори вай, Мавзуна таъсис диҳанд. Аммо афсӯс, қатъан ҷавоби рад додани намояндаҳои ҳукумати Тоҷикистон ба ҳамаи пешниҳодҳои барнома, ки метавонист ба ҳамватанони мо дар ғарибӣ кӯмак кунад, боиси баста шудани ҷамъият гардид. Ғайр аз ин, аз ҳамон давра, аз солҳои 2010-2011-ум, таҳдидҳо аз тарафи сафорати Тоҷикистон сар шуданд, ки дар натиҷаи он Эҳсон ва ҳамфикрони ӯ хостанд Каромат Шарифовро ба ҳамкорӣ ҷалб кунанд. Бояд гуфт, ки вохурии фаъолони ҷавон бо Каромат баргузор шуд. Аммо мутаасифона, баъди вохӯрӣ дар сомонаи ӯ маълумоти хатоеро нашр карданд, ки гуё ҷавонони Тоҷикистон мехоҳанд анҷумани тоҷиконро таъсис диҳанд, ки дар он 400 нафар иштирок мекунанд. Баъди нашри ин маълумот, мушкилиҳои Эҳсон ва рафиқонаш аз тарафи КАМ ( КГБ) ва ВКД сар шуданд. Ин албатта, Эҳсонро ноумед кард, вале ӯ дилшикаста нашуд ва тан надод. Чун пештара ватандӯсти ҷавон ҳамроҳ бо рафиқон муборизаи худро барои ҳуқуқи ҳамватанон идома медод.
Зимистони соли 2012-ум, Эҳсон ба вохурии як соҳибкоре даъват мешавад. Баъд маълум мешавад, ки ин соҳибкор Умаралӣ Қувватов будааст. Аз ин вохурӣ Эҳсон як рӯҳияи беандоза мегирад. Мақсаду мароми Умаралӣ Қувватовро фаҳмида, Эҳсон мафтуни андешаҳои ” Гурӯҳи 24″ мешавад. Эҳсон ва чанд рафиқи ӯ барои ” Гурӯҳи 24″ кӯмакҳои хабарӣ мекарданд, ки ин ба онҳо муяссар шуд. Сафҳаи интернетии ” POLITIK.TJ ” ва сафҳаи фейсбукие бо номи мустаъори “Сарафрози Оламафрӯз” як барқе дар осмони соф буд. Бисёриҳо намедонистанд, ки пушти ин кӣ истодааст. Аммо дар солҳои 2013-2014-ум, яке аз дӯстони Эҳсон ҳамаи асрори ӯро бар духтари сафири Тоҷикистон дар Маскав фурӯхт. Дар натиҷаи ин, як набарди шадид бо иштироки КАМ ( КГБ) ва ВКД сурат гирифт ва дигар маъние надошт, ки сирри сафаҳот ва асосгузори онро пинҳон нигоҳ дошт.
Бояд қайд кард, ки дар соли 2014-ум, ба ташрифҳову таҳдидҳои пайдарҳами кормандони амният тоб наоварда, бибии Эҳсон ин дунёро падруд гуфт. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ӯ аз муборизаи худ бар зидди диктатур Раҳмонов даст накашид. Соли 2015-ум, ба оилаи Одинаевҳо як санҷиши вазнине овард. 19-уми май, Эҳсон, ки дар шаҳри Санкт- Петербург қарор дошт, бедарак шуд ва то ҳол аз тақдири ӯ ягон хабаре нест. Аммо мо хуб медонем, ки қаҳрамонҳо тамоман нопадид намешаванд. Далерӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстии Эҳсон – ин намунаи арзанда барои насли ояндаи тоҷикистониён аст!
Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24