4.1 C
Dushanbe
25.12.2025

ЭЪЛОН!!!! ЭЪЛОН!!! ЭЪЛОН!!!!

 

Қобилҷони навҷавони 10-солаи моро ваҳшиёна куштанд!!

Вақти хомӯшӣ гузашт!! Вақти нанг — нанг асту вақти ҷанг — ҷанг!!

Онҳо на танҳо Қобилҷонро куштанд, балки ба ин иктифо накарда, бар рӯи тобути хунини ин ҶИГАРБАНДИ мо масхара карданду хандиданд! Фашистҳои бетараҳҳум! Ваҳшиҳои бадҷаҳл!

Мо САДОИ ҚОБИЛҶОН хоҳем шуд!!

Дӯстони азиз, ҳамдиёрони гиромӣ, мо тоҷикони Олмон дар ин мусибати миллӣ бо нашри навору суҳбатҳо таскин наёфтем ва тасмим гирифтем, ки як ҳамоиши эътирозӣ назди консулгарии Русия дар шаҳри Бонни Ҷумҳурии Олмон баргузор намоем!

Бинобар ин, аз тамоми тоҷикони Олмон ва Урупо, ки тавони ширкат кардан дар ин гирдиҳамоиро дошта бошанд, дархост мекунем, то биёянд ва ин миллати пора-пораи моро дубора сарҷамъ созем ва камтарин эътирози худро ба хотири наврасони қурбоншудаи худ баён дорем!!

Дар ин рӯзҳои мусибати миллӣ бетараф набошед!!

Ин як қатли маъмулӣ набуд!! Ин як ҷинояти тасодуфӣ набуд! Ин ҳосили фарҳанг ва андешаҳои миллатгароёна ва муҳоҷирбадбинонаи давлати Русия аст!!

Давлати ишғолгар!! Ҷангҷӯ, манфур ва кӯдаккуш!!

Инҳо моро дар хонаҳо, расонаҳо, радио ва телевизионҳо, кӯчаю бозорҳо ва порлумону маҷлисҳояшон бад гуфтанд!! Аз мо Равшану Ҷамшуд дар зеҳнҳо сохтанд ва ин нафратро дар дидҳояшон парвариданд!!

Навбати кӯдаконашон расид!!

Мо ба ҳамаи ин бояд нуқта гузорем!!

Бас!!!!!! Стоп, Русия!!!! Кофист!!!!

Биё, то фардо хишти ОЯНДАИ худро гузорем!!

Суроға:

Stadt Bonn, 53177, Waldstr. 42, gegenüber des russischen Generalkonsulats (Ecke Belderbuschstraße)

📍 шаҳри Бонн, назди Консулгарии Федератсияи Русия

Замон:

🗓 Якшанбе, 21.12.2025

⏰ Вақт: 12:00–14:00

Тамоми ҳамватанони мо, новобаста аз дину мазҳаб, андеша ва мавқеъашон, метавонанд ширкат варзанд!!!

Агар ману ту аз худ ва аз кӯдаки худ дифоъ накунем, пас кӣ бояд аз кӯдакон ва шарафи мо дифоъ кунад?!!

Пас, рӯзи якшанбе вомехӯрем?!!

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза