-0.9 C
Dushanbe
27.12.2024

Шоҳида Маҳмадҷонова бегуноҳ аст ва  бояд фавран озод карда шавад!

 Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогери тоҷики муқими Олмон Шерзод Маҳмадҷонов, маъруф ба Абдураҳмон 09, ки 3 феврал ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат даъват шуда,  нопадид гашта буд,  баногоҳ пайдо шуд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки то ба ҳол дар ин ниҳод қарор доштани ӯро инкор мекард, шоми 8-уми феврал дастгир шудани Шоҳида Маҳмадҷоноваро тасдиқ намуд ва бо нашри як изҳорот дар сомонааш  гуфт,  ки ӯ ба ифротгароӣ гумонбар дониста мешавад. Бино ба иттилои ин ниҳод, нисбати шаҳрванд Маҳмадҷонова Шоҳида Давлатҷоновна тибқи талаботи моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 (ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)) Кодекси ҷиноии Тоҷикистон пешбинигардида, парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, номбурда ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Ин моддаи Кодекси ҷиноӣ аз 5 то 8 сол зиндонро пешбинӣ мекунад. Ба гуфтаи модари Маҳмадҷонова, дар ин ниҳод ба ӯ гуфтаанд, духтараш “барои робита бо “Гуруҳи 24” гумонбар дониста мешавад.

   Чунин ранг гирифтани қазия ба ҳамагон маълум буд ва мисли қазияи Иззат Амон, Амриддин Аловатшоев ва боз даҳҳо қазияи дигар  чизи нав нест. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин бор ҳам тибқи нақшаи маъмулии худ амал карданд: аввал Шоҳида Маҳмадҷоноваро ба тарзи ғайриқонунӣ рабуданд, сипас, баъди сипарӣ шудани як ҳафта эълон карданд, ки ӯ боздошт шудааст. Қонуншиканӣ паси қонуншиканӣ.

   Маълум аст, ки дар ин қазия Шоҳида Маҳмадҷонова гуноҳ надорад, балки “алами Исоро аз Мӯсо”, яъне қасди писарро аз модар  меситонанд.  Ин дар ҳолест, ки тибқи қонунгузорӣ модар барои аъмоли фарзанди болиғаш ҷавобгар намебошад. Вале барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ин тарафи масъала муҳим нест, онҳо барои саркӯб намудани мухолифини худ на танҳо қонунро поймол мекунанд, балки ба ҳама гуна аъмоли зишт омодаанд.

    Дар ин қазия ҳам кормандони ҳифзи ҳуқуқ аввал Шоҳида Маҳмадҷоноваро як сол пеш барои зери интиқоди шадид қарор гирифтани сиёсати режими истибдодии Раҳмонов аз тарафи писараш  чанд муддат таҳти фишори равонӣ қарор доданд ва сипас маҷбур карданд, ки ӯ “бо хоҳиши худаш” аз кор равад. Вале ин ҳама пеши роҳи райъи писарашро гирифта натавонист ва ӯ боз фаъолияти интиқодгароёнаашро давом дод. Ин бор мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар найранги дигареро пеш гирифтанд: онҳо телефони ҳамроҳи Шоҳида Маҳмадҷоноваро мусодира намуда, ба он дилелу бурҳонҳои заруриро, ки иштироки ӯро дар фаъолияти ҳизб ё иттиҳодия фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнуъ “нишон диҳад” ворид карданд. Ва он ҳам робита бо Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”.  Акнун ин ҳама маълумоти вориднамудаи қалбакиро алайҳи ӯ истифода мебаранд.

    Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” борҳо расман эълон карда буд, ки дар бораи боздошт гардидани аъзои ҳаракат дар сомонааш хабар медиҳад ва омори мақомоти кишвар, ки бо номи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” марбут аст, дурӯғин ва тақаллубист. Ва ин бор ҳам расман эълом медорад, ки на Шерзод Маҳмадҷонов ва на модари ӯ Шоҳида Маҳмадҷонова бо Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” рабте надоранд ва ин нуктаро ҳам Шерзод Маҳмадҷонов ва ҳам модари Шоҳида Маҳмадҷонова таъкид намуданд.  Шерзод Маҳмадҷонов як нафар блогнависи тоҷикистонии муқими Олмон аст, ки тайи чанд соли ахир аз сиёсати динситезонаи мақомоти Тоҷикистон интиқод мекунад ва ба як “устухон дар гулӯи Ҳукумати Тоҷикистон” табдил ёфтааст.

   Боздошти Шоҳида Маҳмадҷонова бори дигар нишон медиҳад, ки режими худкомаи Раҳмонов барои саркӯб кардани мухолифини худ аз ҳеҷ гуна кирдори ғайришаръӣ ва ғайриинсонӣ рӯ наметобад. Магар кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва ҳамаи онҳое, ки дар ин ҷинояти нангин даст доранд, модар ва ё ҳамсару духтар надоранд? Албатта доранд, вале онҳо аз чанд чизи дигари барои як нафар мард муҳим маҳруманд: онҳо шараф, нанг, номӯс ва виҷдон надоранд. Онҳо барои вазифа ва пул омодаанд муқаддасоти инсонии худро фурӯшанд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” парвандаи Шоҳида Маҳмадҷоноваро сохтаву тақаллубӣ дониста, боздошти ӯро сахт маҳкум мекунад ва аз мардум ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон  ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар даъват менамояд, ки барои қатъи парванда ва озод намудани ин модари бегуноҳ мусоидат намоянд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза