8.1 C
Dushanbe
05.02.2025

ХАБАРИ ФАВРӢ!

 

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24“ ба иттилои Шумо мерасонем, ки Фирӯз Бобоев, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаоли Ҳаракати сиёсии „Гурӯҳи-24“ дафъаи дуюм аз тарафаи кормандони ҳифзи ҳуқуқи Туркия дастгир шуда ва ба маркарзи истирдод интиқол меёбад.

Фирӯз Бобоев аз соли 2016 дар Туркия ба унвони паноҳандаи сиёсӣ зиндагӣ дорад. Ва аз соли 2018 дар дафтари Комисарияти Олии Созмони Миллал, дар умури паноҳандагон ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ зери рақами / Case nr: 414-18C23784 / сабт гашта, иқомати муваққатии кишвари Туркяиро низ дорад.

Бобоев Фирӯз фаолиятҳои сиёсиашро зери барномаҳои Ҳаракат сиёсии “Гурӯҳи-24” идома дода, пайваста аз мушкилотҳои мардуми кишвар ва ноадолатиҳои режими диктатории Раҳмонов танқид мекард. Дафъаи аввал бо дархости режими Раҳмонов санаи 03.08.2024 аз тарафи полиси Туркия дастгир шуд ва то санаи 10.10.2024 дар маркази истирдодии шаҳри Чанқалла боқӣ монд. Адвокати Бобоев Фирӯз ҳукми истирдоди ӯро барои муддати 266 рӯз таваққуф намуд, аммо санаи 23.01.2025 боз дубора ӯро дастгир намуданд ва феълан дар ҳолати истирдод қарор дорад. Аз санаи дастгир кардани Бобоев Фирӯз адвокаташ барои манъи ҳукми истирдод ва озодии кӯшиш дорад. 

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”, дар ин қазия аз тамоми муассисаҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва кишварҳои демукросӣ, дам аз ҳуқуқи инсон мезананд, даъват ба амал меорад, то барои озодии фаоли сиёсӣ Бобоев Фирӯз кӯшиши худро дареғ надоранд ва ҳарҷи зудтар дар ин қазия дахолат намоянд, зеро аз рӯи таҷруба кишвари Туркия ҷои амн барои озодандешон нест. Ҳар дақиқа имкон дорад Бобоевро ба Тоҷикистон истирдод намоянд ва ба муддати тӯлонӣ зиндонӣ намоянд. 

Тавре маълум аст роҳбари ин ҳаракат, марҳум Умаралӣ Қувватовро бо дархости режими диктатории Раҳмонов соли 2015 дар шаҳри Истанбул пеши рӯи ҳамсар ва фарзандони ноболиғаш ба қатл расонида шуда буд. Ба ин монанд моҳи феврали соли 2024, намояндаи ҳаракат дар Туркия Насимҷон Шарипов ва баъдтар роҳбари ин ҳаракат Суҳроб Зафар бо тарзи мармуз аз тарафи режими Тоҷикистон ихтитоф шуда, баъд аз шаш моҳ эълон гардид, ки онҳо дар Тоҷикистон қарор доранд ва Насимҷон Шарипов ба муддати 20-сол ва Суҳроб Зафар ба муддати 30-сол ба зиндон маҳкум шуданд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” барои озодии аъзои фаоли ҳаракат пайваста кӯшиш намуда, омода аст бо ҳама муассисаҳои ҳуқуқӣ ва шахсони алоҳида ҳамкорӣ намуда дар сурати зарурат маълумотҳои лозимаро шарик намояд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза