Ҳар рӯз дар фазои маҷозӣ оморҳое паҳн мешаванд, ки боиси нигаронии мо, шаҳрвандони кишвар, гардидаанд. Ҳамаи ин бошад, ба ҷанг бурда шудани гурӯҳ-гурӯҳ ҳамватанони мо ба манфиати бегонагон аст.
Мутаассифона, дар тӯли чор соли охир мо шоҳиди садҳо ҷасади беҷони тоҷикон шудем, ки дар ҷанги зидди Украина ҳалок шудаанд. Пайвастан ба ҷанги бегона бо роҳҳои гуногун сурат мегирад.
Табиист, ки сиёсати нодуруст, каммасъулиятӣ ва набудани низоми муҳофизатии самаранок дар кишвар боис шудааст, ки ҳамватанони моро аз бозор, кӯча, шӯъбаҳои пулис ва ҳатто аз маҳбасҳо маҷбур ба ҷанг баранд.
Оморе, ки чанд ҳафта қабл ба расонаҳо роҳ ёфт, марги зиёда аз 400 шаҳрванди Тоҷикистонро тасдиқ мекунад. Ин воқеан мусибати бузург бар сари миллат аст. Тасаввур кардан душвор нест, ки ин фоҷиа ба зиндагии садҳо оила чӣ гуна таъсири манфӣ мерасонад.
Мутобиқи Сарқонуни кишвар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатто дар хориҷи кишвар зери ҳимояи давлат қарор доранд. Пас савол пеш меояд:
– Оё боре дидаед, ки ягон ниҳоди давлатӣ барои муҳоҷирон дар чунин ҳолат чора андешида бошад?
– Оё боре дидаед, ки роҳбарияти кишвар ба ин ҷиноятҳо аксуламал нишон дода бошад?
То имрӯз, мутаассифона, ҳеҷ гуна посухи ҷиддӣ дода нашудааст.
Аз ин рӯ, мо уҳдадорем боз ҳам садоямонро баланд кунем ва аз ҳукумати кишвар талаб намоем, ки роҳи ин ҷиноятро бигирад ва нагузорад, ки садҳо шаҳрвандони мо дар ҷанги бегона маҷбур ба ҳалокат расанд.
Аз ҳамаи падару модарон ва тамоми ҳамватанон даъват мекунем, ки бетараф набошанд. Танҳо дар ҳамбастагӣ мо метавонем ҳукуматро водор созем, ки пеши роҳи ин фоҷиаро бигирад ва нагузорад, ки дар хонаҳои тоҷикон мотам пушида шавад.

