2.1 C
Dushanbe
21.12.2024

Таъзияи “Гурӯҳи 24” ба хонаводагони қурбониёни зиндони Хӯҷанд

Дар даргирии хунине, ки рӯзи 7-уми ноябр миёни зиндониён ва зиндонбонон дар маҳбаси рақами 3/3-и шаҳри Хӯҷанд рӯх дод, дасти кам 27 кушта ва беш аз 100 нафар захмӣ аз ҳарду ҷониб ба ҷо гузошт. Иллати дақиқи ин ҳодиса ҳанӯз маълум нашудааст, вале метавон гуфт, ки сиёсат ва равиши нодурусту ситамгаронаи режими Раҳмонов ҳаст, ки чунин рӯидодҳои хунин дар кишвар сурат мегиранд. Чун миллатро ба ду қисм ҷудо кардан ва аз худ душман тарошидан, оқибат ба чунин ҳаводис оварда мерасонад.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ба хонавода ва наздикони қурбониёни зиндонӣ ва зиндонбонҳое, ки дар ин задухурд ҷони худро бохтаанд, ҳамдардӣ намуда, барои эшон бардошту бурдборӣ ва подоши онро хоҳон аст.

Ҳар амале, ки билохира ба хушунат ва ифротгароӣ расида, дар натиҷа ҷони чандин инсонҳо аз даст меравад, ба шиддат маҳкум аст. Аз нигоҳи мо, пешгирии чунин ҳаводисро бе хуну хароба низ метавон анҷом дод, вале чи суд вақте тасмими қатл дар мақомоти баланд гирифта мешавад. Мисле, ки як идда мехоҳанд ҳамеша ашк дар чашмони модарон ҷори буда, боз шумораи ятимону бевазанон афзоиш ёбад.

Бидуни шак баён медорем, ки пушти ин ҳодиса, макр ва бозиҳои бузурги режими Раҳмонов пинҳон аст ва ҳар ду ҷониб, зиндониён ва зиндонбонҳо қурбони сиёсатҳои навбатии носолими режим гаштаанд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ин қазияро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор хоҳад дод ва дар наздиктарин фурсат паҳлӯҳо ва тафсилоти онро ба мардум ошкор хоҳад кард.

Шӯрои ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”
8.11.2018

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза