5.1 C
Dushanbe
24.11.2024

Табрикоти ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ба муносибати Иди Саиди Қурбон

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли мусулмонони дунёро бо Иди саиди Қурбон (Адҳо) табрик намуда, аз даргоҳи Худованди Мутаъол баҳри шумо эмони комил, мағфирати гуноҳҳо, ҳидоят ва устуворӣ дар дин ва ояндаи равшан таманно менамояд.

Ҳамватанони арҷманд! Иди Қурбон дар баробари он, ки суруру шодмонӣ ва дастгирии ятимону камбизоатон дар ҷой дорад, ҳамин тавр таслими бе қайду шарт шудан дар баробари дастур ва фармони Худованд (ҷ) низ мебошад. Тавре, ки ҳазрати Иброҳим (а) барои ба даст овардани ризояти Парвардигораш худгузаштагӣ намуд ва дар баробари фармону дастуроти Илоҳи таслим шуда омода буд фарзанд ва ҷигарбандашро фидо намояд…

Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон ва хусусан мусалмонон дар баробари имтиҳони Илоҳи қарор доранд. Бо сабаби паҳншавии вабои аср ба номи “Ковид 19” қариб, ки тамоми мардуми мусалмон аз адо кардани рукнҳои аслии Иди Қурбон маҳрум мешаванд.

Ҳамватанони гиромӣ! Дар ин рӯзи фархӯнда аз даргоҳи Худованди Мутаъол қабули тоату ибодат, тандурусти ва беҳтарин хушиҳои рӯзгорро ба ҳамаи шумо орзу менамоем. Орзумандем, ки ин Иди Саид ба хонадони ҳар яки шумо файзу баракат, фатҳу нусрат ва некиву саодатмандиро арзонӣ намояд. Дар ин рӯзҳои муборак дуъогӯи онем, ки Худованд ин ваборо аз бадани инсоният дур кунад ва башарро дубора ба зиндагии осуда баргардонад!

Он Худованде ки дар дил нури Имон офарид,

Дар шаби торик бингар моҳи тобон офарид.

Теғро бар ҳалки Исмоили пайғамбар ниҳод,

Баъд аз он бар муъминонаш иди Қурбон офарид.

Идатон муборак!

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза