1.1 C
Dushanbe
23.12.2024

Табрикоти “Гурӯҳи 24” ба муносибати Иди Саиди Фитр

Ба номи Аллоҳи бениҳоят бахшанда ва бағоят меҳрабон Ҳамдиёрони азиз, мардуми шарифи мусалмони Тоҷикистон, инак лаҳзаҳое то поёни моҳи мубораки Рамазон ба шумор мондааст ва мо дар арафаи як иди бузург қарор дорем. Моҳи муборак ва пурфайзи Рамазон бо ин ҳама бузургӣ ва вижагиҳои ба худ хос, ки ҳеҷ моҳе аз сол дорои чунин хусусиёт ва баракот нест, имсол ҳам анҷом меёбад.

Дар давоми ин моҳи бузург, мусалмонон пайваста ба анҷоми корҳои накӯ ва парастишу ниёишҳо машғул буданд. Ба хусус, мардуми ранҷдидаи Тоҷикистон, бо вуҷуди он ҳама ранҷу озорҳо ва маҳдудияту фақру парешонӣ, ҳавои гарму тафсони тобистон ва корҳои машаққатбори саҳро, муҳоҷират ва корҳои сахти сохтумонӣ, аз як тараф барои хушнудии Худо ва касби аҷру подош, аз тарафи дигар бошад, барои беҳбуди баданӣ ва нигаҳдошти тандурустии хеш, рӯза доштанд. Бародароне ҷонфадои ватан, росткору ростгую мӯъмин ва дӯстдори миллату муқаддасоти он, имрӯзҳо пушти дарҳои баста ва занҷиру завлонаҳои зиндон ва зарбу шиканҷаи зиндонбонон ҳам, рӯза медоранд. Онҳое, ки хӯшиҳо ва лаззоти рӯзгори худу хонаводаи худро фадои беҳбуд ва пешрафту ободии ватан ва нисори озодӣ ва фараҳу хӯшиҳои миллат кардаанд. Ба умеде, ки рӯзе миллати азизи мо низ, аз чанголи ин хонаводаи наҳс ва шикампараст, ки миллат ва кишварро ҳадафи худу наздикони худ қарор додаанд, раҳо ёфта, дар радифи миллатҳои озодандеш чун кишварҳое пешрафта, қарор дошта бошад ва зиндагӣ дар он шоиста ва орзӯи ҳар фард гардад. Дуогӯ ҳастем, ки ҳарчӣ зудтар зиндониёни асири мо аз асорати Раҳмонов ва хонаводаи ситамгари он бо шарафу сарбаландӣ раҳо гарданд ва муҳоҷирони ғариби мо аз ғурбат ва сахтиҳои он озод шаванду ҳиҷрону фироқи онҳо бо хонаводаву зану фарзандонашон поён ёбад. Худованд шаҳодат ва ҷоннисории шуҳадои моро дар ин роҳ бипазирад, эшон ва тамоми гузаштагони моро мавриди раҳмату авфи хеш қарор диҳад ва барояшон биҳишти фирдавси ҷовидонро рӯзӣ гардонад.

Роҳбари “Гурӯҳи 24 “- Сӯҳроби Зафар аз дохили боздоштгоҳ ва тамоми аъзою ҳаводорони гурӯҳ, ҳамаи мусалмонони дунё ва дар садри он мардуми мусалмони Тоҷикистонро ба муносибати иди саиди Фитр табрику таҳният гуфта, пазириши ин ҳама некӯиҳои рамазонӣ ва парастишу розу ниёзҳоятонро аз Худои меҳрабон хосторем ва бароятон иди хӯшу рӯзгори гуворро таманно дорем. Идатон муборак бошад, ҳаммеҳанони гиромӣ!

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза