Бародари арҷманд ва мубориз Раҳматҷони Маҳмадҷон!
Бо камоли муҳаббат ва эҳтиром шуморо ба муносибати зодрӯзатон табрик гуфта, барои шумо сиҳатии комил, сабри ҷамил ва иродаи шикастнопазир таманно дорем. Худованд нигаҳбони шумо бошад ва қадаматонро дар роҳи ҳақ устувор нигоҳ дорад!
Имрӯз, дар рӯзи таваллуди шумо, мо на танҳо як санаи зиндагиро ёд мекунем, балки рӯзи таваллуди як рӯҳи озод, як шахсияти қавӣ ва як муборизи бениҳоят содиқро таҷлил менамоем. Шумо барои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ва тамоми дӯстдорони озодӣ, рамзи матонат ва далерӣ ҳастед.
Шумо собит кардед, ки зиндон наметавонад садои ҳақиқатро хомӯш созад ва муҳаббат ба Ватанро аз қалби инсон барорад. Гарчанде ки имрӯз ҷисман дур ҳастед ва дар паси панҷара қарор доред, аммо рӯҳ ва роҳи муборизатон боқӣ мондааст ва ҳамеша дар қалби мо ҷой дорад.
Роҳи муборизаи шумо идома дорад! Мо бо шумоем — имрӯз, фардо ва то он рӯзе ки ҳақиқат пирӯз гардад ва мардуми тоҷик бо чашми худ адолатро бубинанд.
Бо ин табрикнома, аз номи тамоми аъзоён ва тарафдорони Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”, бори дигар зодрӯзатонро табрик гуфта, дуо мекунем, ки Худованд сабри шумо ва тамоми озодихоҳонро ҷавоб гӯяд ва дарҳои зиндон ба рӯйи шумо ва ҳамаи касоне,ки бо ноҳақ маҳбусанд боз гардад.
Раҳматҷони азиз, рӯзе мерасад, ки дар фазои озоди Тоҷикистон, дар миёни фарзандон ва мардуми азизи хеш, зодрӯзатонро бо сарбаландӣ ҷашн хоҳед гирифт. То он рӯз – бо шумоем, дар паҳлӯи шумоем, ва бо тамоми вуҷуд ифтихор мекунем, ки чунин бародари муборизу ҳақталош дорем.
Зодрӯзатон муборак!
Бо эҳтиром ва садоқат,
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”