0.1 C
Dushanbe
25.12.2024

Сӯҳроб Зафар озод шуд!

Имрӯз, додгоҳи марказии шаҳри Истанбули Туркия бегуноҳии роҳбари “Гурӯҳи 24” – Сӯҳроб Зафарро аз тамоми иттиҳомоте, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон равона шуда буданд, сафед намуда, ҳукми озодии ӯро содир кард. Шахси Раҳмонов ва ҳукумати ӯ боз ҳам дар баробари иродаи мардумӣ ва пойдории адолати кишвари Туркия расман шикаст хурд. Мо ин бор набояд ғофилгир бошем, чун макру нақшаҳои душман идома дорад. Дар сурати шикаст хурдани нақшаи “A” -и Раҳмонов, нақшаи “Б”, ки он ҷисман нобуд кардани мухолифи худ аст, ба кор хоҳад рафт. Бо рафъи як хатар ва он ҳам хатари истирдод, дар баробари хатари дигаре қарор дорем, ки он хатаре хатарноктар аст.

Ёдовар мешавем, ки Сӯҳроб Зафар бо Насимҷон Шарифов рӯзи 19-уми марти соли равон бо дархости ҳукумати Тоҷикистон дар Туркия боздошт шуда буданд. Додгоҳ Насимҷон Шарифовро рӯзи 29-уми май озод кард, вале парвандаи Сӯҳроб Зафар то ҳанӯз идома дошт. Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” сипосгузории худро ба тамоми онҳое, ки дар ин қазия бетараф набуданд ва барои озодии Сӯҳроб Зафар талош карданд, баён мекунад. Махсусан, аз ҳукумати Туркия ва роҳбари ин кишвар – Раҷаб Тайиб Урдуғон, Созмонҳои байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи инсон, дар раъси онҳо дидбони ҳуқуқи башар (HRW), Созмонҳои дохилӣ дар Туркия, аз ҷумла, адвакатҳои муҳтарами онҳо ва инчунин, ҳамватаноне, ки пайваста даст ба дуъо буданд. Тафсилоти бештар баъдан нашр хоҳад шуд.

Бахши иттилоотии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза