Суханронии роҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Суҳроб Зафар бахшида ба ҷашни “Ваҳдат” “Ҷанги шаҳрвандӣ ва сулҳи тоҷикон қаҳрамон надорад, мо ҳама гунаҳкор ҳастем”

418

Раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Суҳроб Зафар дар оғози суханронии хеш бахшида ба ҷашни “Ваҳдати миллӣ” 28 июни соли 2019 изҳор дошт, ки ҳарчанд то ба имрӯз дар атрофи ин ҷашн, ки ҳамасола 27 июн дар кишварамон таҷлил мегардад, маводи зиёде ба табъ расидааст ва дар ин маврид фикру андешаҳои мухталиф ва ҳатто ба ҳам мухолиф зиёданд, мехоҳам дар ин бора назари худ ва мавқеъи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”-ро баён намоям. Дар Тоҷикистон (ба истиснои ҷашнҳои солҳои охир расмшуда бахшида ба сабзавот ва маҳсулоти кишоварзӣ) вобаста ба таъриху фарҳанги миллӣ ва сиёсиямон мо ҷашну маросимҳои зиёде дорем ва дар бораи ҳар як аз он ҷашну маросимҳо мо қаблан суҳбатҳои алоҳида доштем. Имрӯз мехоҳам танҳо пиромуни ҷашни “Ваҳдат” сӯҳбате дошта бошем.

Суҳроб Зафар сипас ба бинандагон маънои калима ё мафҳуми вожаи “ваҳдат”-ро шарҳ дода, дар атрофи заминаҳои пайдоиш ва таърихи на чандон тулонии ҷашни Ваҳдати миллӣ ибрози андеша намуд. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки пас аз пош хӯрдани Давлати Шӯравӣ Тоҷикистон аз ҷумлаи охирин кишварҳое буд, ки соҳибистиқлол гардид. Вале дере нагузашт, ки дар натиҷаи бетаҷрибагии давлатдорӣ ва дахолати дагар кишварҳои абарқудрат Тоҷикистон ба саҳнаи кашмакашҳои сиёсӣ кашида шуд ва дар кишвар дар муддати якуним сол панҷ роҳбари давлат иваз гардид. Ҳокимият ҳарчанд байни тарафҳои ба ҳам мухолиф барои як муддати кутоҳ тақсим гардид, вале муборизаи байни мафкураҳои коммунистӣ, миллӣ-демократӣ ва исломӣ аз як тараф ва мудохилаву татбиқи барномаҳои махсуси тарҳрезигардидаи кишварҳои беруна, ҳамчунин бетаҷрибагии роҳбарону сиёсатмадорон аз тарафи дигар сабаб гардид, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардад. Дар ин ҷанг ҳар ду тараф бо қатлу куштор, бехонаву дар ва овора намудани мардуми бегуноҳ ва талаву тороҷи моли кишвар ва халқ гунаҳкор ҳастанд. Пас аз бо роҳи зӯрӣ ба сари қудрат омадани Раҳмонов ва ба Афғонистон фирор намудани тарафи муқобил ҷанги шаҳрвандӣ шиддат гирифт. Дар ин замон дар Афғонистон пас аз суқути Давлати коммунистии Наҷиббулло муҷоҳидин бо раҳбарии Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд ба сари қудрат омаданд.

Инчунин зимни суханронияш хотирасон намуд, ки соли 1996 дар Афғонистон ҷангиёни гурӯҳи Толибон Ҳукумати Раббониро сарнагун намуданд ва ҳаштод дар сади ҳудуди кишварро зери тасарруфи худ дароварданд. Дар натиҷа вазъияти нируҳои Аҳмадшоҳи Масъуд ва мухолифони Ҳукумати Раҳмонов танг гардид. Вазъияти баамаломада аз нигоҳи Руссия ва дигар кишварҳои минтақа барои Осиёи Миёна хатари бузургеро ба бор овард ва масъалаи сулҳи тоҷиконро ба миён овард. Ҳарчанд Раҳмонов ва роҳбарони нируҳои сангари муқобил ба он чандон майл надоштанд, вале ин сулҳ ҳам барои Аҳмадшоҳи Масъуд, ҳам кишвари Русия ва Ӯзбакистон барои нигоҳ доштани субот дар Осиёи Миёна муҳим буд. Мардуми Тоҷикистон ва одамони қатории ҳар ду тараф ҳам хостори хатми ҷанги бародаркуш ва барқарории сулҳ буданд. Он суханҳое, ки гӯё Раҳмонов ташаббускор ва асосгузори мусолиҳаи миллӣ буд, аз сафсатае беш нест. Зеро Ҳукумати Раҳмонов мутмаин буд, ки дар ҳама ҳолат Русия манфиатдори ҳифзи марзҳои Тоҷикистон аст. Ва даъвои тарафи муқобил, ки гӯё нирӯҳои мухолифи Ҳукумати Раҳмонов то Душанбе омада буданд ва Ҳукумат ногузир ба бастани сулҳ розӣ шуд, низ суханони беасос ва пӯчанд. Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз берун тарҳрезӣ шуд ва сулҳ низ аз берун ба сари тарафҳои даргир таҳмил гардид. Дар яке аз мулоқотҳои сарони кишварҳои ИДМ аз Раҳмонов суол мекунанд, ки оё замони сулҳ фаро нарасидааст, ӯ посух медиҳад, ки” мухолифин дастонашон бо хун олуда аст, ман бо онҳо сулҳ нахоҳам кард”. Дар ҷавоб яке аз раҳбарони кишварҳо ба ӯ мегӯяд, ки “дастони ту ҳам хунолуд аст, бинобар ин масъалаи сулҳро бояд матраҳ намуд”. Раҳмонов пас аз ин шунидани ин суханон ногузир ба бастани сулҳ розӣ шуд. Ҳомиёни ҳам Раҳмонов ва ҳам сангари муқобил тарафҳои даргирро ба рӯйи мизи музокирот оварданд. Сулҳ барқарор шуд ва мардуми ҳар ду тараф аз гуноҳи ҳамдигар гузаштанд ва оштӣ карданд.

Раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ба масъалаи гурезаҳо, ки “ яке аз дастовардҳо бузурги Раҳмонов дониста мешавад”, таваққуф намуда гуфт, ки воқеъан ҳудуди як миллион нафар гурезаҳо ба ватан баргаштанд, вале қисми зиёди онҳо ё бехонаву дар монданд, ё худашон ба Русия ба мардикорӣ рафта, манзили худро аз нав сохтанд. Раҳмонов имрӯз даъво мекунад, ки ман гӯрезаҳоро баргардонидам, вале ба онҳо барои барқарор намудани манзили зисташон Ҳукумат коре анҷом надодааст. Ин мардуми ба Ватан баргашта аз сабаби набудани кор маҷбур шуд, бар Русия ва дигар кишварҳо ба мардикорӣ равад. Раҳбарони ҳар ду тараф бошанд, ба тақсими ҳокимият ва айшу ишрати худ идома доданд ва мардуми дар ин ҷанг фиребхурдаи ҳар ду тарафро ба ҳоли худ гузоштанд ва як рӯзро бо номи “Рӯзи ваҳдати миллӣ” интихоб намуданд. Вале инҳо ҳамин ваҳдати аз берун туҳфанамударо ҳам натавонистанд ҳифз намоянд. Пас аз чанд рӯзи ваҳдат боз дар кишвар ҷангу хунрезӣ сар зад ва гурӯҳҳои ҳукуматӣ байни ҳам силоҳкашӣ карданд ва гӯё “гурӯҳҳои ба сулҳ муқобил”-ро саркӯб намуданд. Баъди имзои Аҳдномаи сулҳи миёни тоҷикон боз солҳои дароз ҷангу хунрезӣ давом кард. Раҳмонов оҳиста – оҳиста он қумондонҳоеро, ки ба ӯ халал мерасониданд ва чун устухон дар гулӯяш буданд, аз байн бурд.

Суҳроб Зафар сипас таваҷҷуҳи шунавандагонро ба шахсияти Раҳмонов ҷалб намуд. Аз нигоҳи ӯ Раҳмонов дар сар задани ҷанг мисли дигарон гуноҳ надорад. Замоне, ки ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шуд, ӯро касе намешинохт. Пас аз оғози ҷанг ӯро ҳамчун лухтак муваққатан ба ин вазифа интихоб карданд. Ӯро аввал гурӯҳҳои силоҳбадаст ба манфиати худ истифода мебурданд, вале ӯ тадриҷан ҳамаи онҳоеро , ки пеши роҳашро мегирифтанд, аз байн бурд ва оҳиста-оҳиста золимтар шудан гирифт ва қатлу куштораш бештар шуд. Ӯ махсусан пас аз солҳои 2006-2007 ба қатлу куштори ошкори мухолифинаш оғоз намуд. Имрӯз тарафдорони ҳар ду тараф аз роҳбарони худ қаҳрамон метарошанд ва дар ҷанги байни тоҷикон ҳамдигарро гунаҳгор медонанд. Вале назари ман ин аст, ки дар рехтани хуни беш аз сад ҳазор шаҳрвандони кишвар ҳар ду тараф гунаҳгор ҳастанд. Ин ҷанг қаҳрамон надошт ва ин сулҳу ваҳдат ҳам “асосгузор” надорад. Буданд гурӯҳҳое, ки дар байни ду майдон қарор доштанд ва пеши роҳи ин ҷангро гирифтанӣ шуданд. Агар онҳо дар мавқеъашон то охир истода, дар ин роҳ қурбон мешуданд, онҳо имрӯз метавон қаҳрамон гуфт. Мавқеъи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар ин масъала қатъист: ҷанг ва сулҳи тоҷикон қаҳрамон надорад. Дар ин фоҷеъа мо ҳама гунаҳкорем!

Дар поёни суханронии худ Суҳроб Зафар таъкид намуд, ки бояд тамоми номгузориҳои муассисаҳои давлатии то ба ҳол дар ин самт анҷомдодашуда бекор карда шаванд. Аз нигоҳи ӯ, мо бар хилофи номгузории ғайриодилона бояд дар як макон номи ҳамаи қурбониёни ин ҷангро сабт кунем ва дар Рӯзи Ваҳдат на рақсу бозӣ: гӯё, ки рӯзи таваллуди Раҳмонов бошад, балки хотираи қурбониёни ин ҷангро гиромӣ дорем, то ин барои ояндагон сабақи таърихӣ гардад. Имрӯз ҳар ду тараф бояд мардонавор иқрор шаванд, ки онҳо дар ин ҷанг иштибоҳ карданду гунаҳкоранд ва аз мардум узрхоҳӣ намоянд. Ман ҳам дар он шабу рӯзҳо иштирок доштам ва аз мардум борҳо бахшиш пурсидаам ва имрӯз бори дигар узр мехоҳам.

Бахши иттилоотии “Гурӯҳи 24”

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here