7.1 C
Dushanbe
27.12.2024

Суханронии намояндаи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар Украин Зафар Ғоибов дар Конфронси солонаи Созмони амният ва ҳамкории дар Аврупо 

Суханронии намояндаи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар Украин Зафар Ғоибов дар Конфронси солонаи Созмони амният ва ҳамкории дар Аврупо.

Имрӯз, 3 октябр намояндаи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24″ дар кишвари Украин Зафар Ғоибов дар Конфронси солонаи Созмони Амнияти Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Варшаваи кишвари Лаҳистон дар мавзӯи “Таҳаммулпазирӣ ва адами табъиз. Имкониятҳо ва ҳуқуқҳои баробар барои занон ва мардон” суханронӣ кард. 

“Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, – суханашро оғоз кард Зафар Ғоибов, баробарии ҳарду ҷинсро кафолат медиҳад. Аммо табъизи ҷинсӣ дар Тоҷикисто як мушкили бузург аст. Бозори меҳнати кишвар ба мардон нигаронида шудааст, пайдо кардани кор барои занон хеле мушкил аст. Дар Хадамоти шуғли аҳолии Тоҷикистон аксаран занон сабти ном шудаанд. Корфармоён ҳамеша ба номзадҳои мард афзалият медиҳанд. Дар баробари ин, ба зан имконнопазир аст исбот кунад, ки вай аз рӯи ҷинс табъиз шудааст.

Дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи нақзи ҳуқуқи занон аз рӯи ҷинс ба қайд гирифта нашудааст, аммо на аз он сабаб, ки чунин табъиз вуҷуд надорад, балки барои он ки занон дар ин бора ба мақомоти интизомӣ ва додгоҳӣ муроҷиат намекунанд, зеро медонанд, ки мақомот тарафи киро мегирад. Духтарон дар Тоҷикистон хеле барвақт бо нобаробарии ҷинсӣ рӯбарӯ мешаванд: бисёре аз хонаводаҳо тасмим мегиранд, ки барои ба мактаб додани духтарашон пул сарф накунанд, зеро бовар доранд, ки чизи асосӣ барои духтар ба шавҳар додан ӯст, на таҳсилаш. Бисёр занон  ҳатто маълумоти мактабӣ надоранд ва як қисми камашон мактабҳои олиро хатм мекунанд. Танҳо ҳудуди 5 дарсади занон дар Тоҷикистон маълумоти олӣ доранд.

Дар идомаи суханронии худ Зафар Ғоибов таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон маъмултарин шакли табъиз алайҳи занон хушунати хонаводагӣ аст. Тибқи иттилои ғайрирасмӣ, тақрибан аз се ду ҳиссаи занони тоҷик ба ин ё он шакл мавриди хушунати хонаводагӣ қарор мегиранд. Аксар вақт занонро бар хилофи хоҳиши худ ба шавҳар медиҳанд, хешу табори шавҳар онҳоро ба кори  сахт маҷбур мекунанд.

Камбизоатии густурда дар кишвар ба занон имкони таҳсил ва кори хубро намедиҳад ва набуди кор занро беҳуқуқ ва комилан вобастаи шавҳар мекунад. Барои заноне, ки ба хушунати хонаводагӣ дучор шудаанд, чораҳои дастгирии давлатӣ вуҷуд надоранд, ягон ниҳоде мавҷуд нест, ки ҳуқуқи занонро ҳимоя кунад. Қонунҳои низоми демократӣ ва дунявӣ зӯроварӣ ва бераҳмиро эътироф намекунанд.

Аммо, суханашро ба поён расонд Зафар Ғоибов, дар сатҳи давлатӣ кӯшиш мекунанд, ки табъизи занонро мушоҳида накунанд, зеро аз онҳо шикояти расмӣ вуҷуд надорад.”


Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза