11.1 C
Dushanbe
21.12.2024

Сухангӯи “Гурӯҳи 24” дар мусоҳиба бо нашрияи Тасним: Туркия Сӯҳроб Зафарро ба Тоҷикистон истирдод нахоҳад кард

Сухангӯи гурӯҳи сиёсии 24 гуфт: бар асоси таҷрибаи ду боздошти пешини Сӯҳроб Зафар, роҳбари ин гурӯҳ, баъид аст, мақомоти Туркия тасмим бар истирдоди вай бигирад. Ба гузориши гурӯҳи байналмиллали хабаргузории “Тасним”, “Гурӯҳи 24” яке аз ҷараёноти сиёсии фаол ва мухолифи Тоҷикистон аст,ки фаолияти худро ба раҳбарии Умаралӣ Қувватов, дар соли 2012 оғоз ба кор кард. Бо бастатар шудани тадриҷии фазои сиёсии Тоҷикистон барои мухолифон, ин гурӯҳ низ, водор ба тарки кишвар шуда ва ҳамакнун фаолон ва роҳбарони он дар кишварҳои назири Туркия, Русия, ва Аврупо ба сар мебаранд. Бо қатли машкуки Умаралӣ Қувватов, раҳбари ин гурӯҳ дар 5-уми марти соли 2015, роҳбарии ин гурӯҳ барои муддати кӯтоҳе ба Шарофиддин Гадоев ва дар ниҳоят Сӯҳроб Зафар расид. Пайгириҳо ва иқдомоти давлати Тоҷикистон барои таҳти таъқиб қарор додани мухолифон, домани гурӯҳи сиёсии 24-ро низ гигифта ва 4 моҳ аст, ки роҳбари ин гурӯҳ – Сӯҳроб Зафар дар Туркия боздошт шудааст. Ахиран, расонаҳои тоҷик ва бархе фаолони ҳуқуқи башарӣ иддао карданд, ки пас аз ройзаниҳои давлати Тоҷикистон, Туркия дар ҳоли омодагӣ барои истирдоди роҳбари “Гурӯҳи 24” ба Тоҷикистон аст. Муҳимтарин иллати ин масъала интиқоли Сӯҳроб Зафар ба боздоштгоҳи идораи муҳоҷирати Туркия аст, ки маҷрумин маъмулан пеш аз истирдод ба ин маҳал мунтақил мешаванд. Дар ҳамин росто, гуфтугӯе бо Саидалӣ Ашӯров, сухангӯи “Гурӯҳи24” тартиб додаем, ки дар идома мехонед.

Тасним: Ҳудуди 4 моҳ аст, ки Сӯҳроб Зафар дар боздошт ба сар мебарад. Таи ин чаҳор мох аъзо ва фаолиятҳои “Гӯрӯҳи 24” дар ғиёби вай чӣ гуна будааст?

Саидалӣ Ашӯров: Бале, воқеан роҳбари “Гурӯҳи 24” аз торихи 19.03.2018 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Туркия боздошт шуда, нигаҳдорӣ мешавад ва то имрӯз таҳқиқи парванда ва иттиҳомоте, ки нисбати ӯ равона шудааст, идома дорад. Дуруст аст, ки ин воқеа дар рӯҳияи аъзо ва тарафдорони ҳаракат таъсири худро мегузорад, аммо бояд дар назар дошт, ки ҳадафи давлати Тоҷикистон дар ин роҳ таваққуфи комили ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” буд, ки бидуни шак чунин нашуд ва баръакс , мо шоҳиди он будем, ки фаолият бештар шуд ва тавсеа пайдо кард.

Нуктаи дигар ин аст, ки то ин лаҳза Сӯҳроб Зафар мудом бо масъулин ва аъзои шӯро дар тамос аст, ва дар идораи гурӯҳ саҳим аст. Ҷанбаи дигари масъала ин аст, ки боздошти Сӯҳроб Зафар боис шуд, ки масоили марбут ба нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ошкортар шуда, баррасӣ шавад. Шикори мухолифин ва адами таҳаммули дигарандешон, яке аз чеҳраҳои режими Тоҷикистон аст. Боздошти ин шахс (Сӯҳроб Зафар) ошкор кард, ки ҳукумате ки иддаои демукросӣ дорад, таҳаммули кучактарин интиқодро надошта ва омода аст, бо ҳар қимате рақиби худро аз миён бардорад.

Тасним: Тайи ин муддате, ки Сӯҳроб Зафар боздошт шудааст, оё иқдомоте аз сӯи созмонҳои байналмиллалӣ ва ҳуқуқи башарӣ барои озодии вай аз боздошт сурат гирифтааст?

Ашӯров: Дар ин замина, метавон гуфт, ки бисёре аз созмонҳои байналмиллалӣ дар ҳавзаи ҳуқуқи башар назири дидбони ҳуқуқи башар (HRW), Кумитаи Ҳелсинкии Норвеж, ниҳодҳои вобаста ба Иттиҳодияи Аврупо, СММ ва иддае аз ҳуқуқдонон саҳми худро гузоштанд, вале фикр мекунам, ин кофӣ нест ва барои раҳоии Сӯҳроб Зафар бояд талоши бештаре кард.

Тасним: Ҳамзамон бо Сӯҳроб Зафар, Насим Шарипов ҳам боздошт шуда буд, аммо чанде пеш шоҳиди он будем, ки вай озод шуд. Иллати озодии Шарипов ва адами озодии Сӯҳроби Зафар чист?

Ашӯров: Бале, хушбахтона бародар Насимҷон Шарифов рӯзи 29.05.2018 , табраа ва озод шуд. Иллати тӯлонӣ шудани парвандаи бародар Сӯҳроб Зафар дар он аст, ки иттиҳомоте, ки ба ӯ заданд, бештар аз Шарифов аст.

Ба унвони мисол, яке аз иттиҳомоте, ки ба Сӯҳроб Зафар нисбат медиҳанд, ин аст, ки вай хатаре барои ҷомеаи Туркия аст. Дар ҳоле ки хатари мо танҳо барои як хонавода аст ва он ҳам ҳукумати хонаводагии Тоҷикистон аст.

Иттиҳоми дигаре ин аст, ки ӯ роҳбари як созмони террористӣ аст. Дар ҳоле ки ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” на дар Тоҷикистон ба чунин унвоне шинохта мешавад ва на кишвари Туркия инро қабул дорад. Ногуфта намонад, ки ин аввалин дастгирӣ ва боздошти Сӯҳроб Зафар дар Туркия нест, балки бори севвуми вай аст. Ҳар бор ҳам бегуноҳии ӯро додгоҳ тасдиқ карда аст. Мақомотӣ Тоҷикистон пеш аз ин ду бор ноком мондаанд, ва акнун бо дарс гирифтан аз таҷриботи гузашта, бо сангинтар кардани иттиҳомот, мехоҳанд мақомоти Туркияро фиреб бидиҳанд. Албатта фикр намекунам, мақомоти Туркия дар ин ҳад содда бошанд, ки фиреби ин туҳматҳои бе асосро бихурад.

Тасним: Гуфта мешавад, ки мақомоти Туркия барои истирдоди Сӯхроб Зафар ва чанд тан аз дигар точикон омода мешаванд ва вайро ба боздоштгоҳи идораи муҳоҷират мунтақил кардаанд. Оё ин мавзӯъ сиҳҳат дорад? Чузъиёти бештаре дар ин замина агар вучуд дорад, бигӯед.

Ашӯров: Бале, интиқоли Сӯҳроб Зафар ҳақиқат дорад, вале ин барои амнияти ӯ сурат гирифтааст. Шакке нест, ки давлати Тоҷикистон тамоми саъй ва кушиши худро барои таҳвил ва истирдоди вай, сурат медиҳад. Чаро ки асли моҷаро ҳам, аз онҳо оғоз шуда аст ва то охир талош хоҳанд кард. Аммо мутмаин ҳастам, ки талошҳояшон бе фоида хоҳад монд.

Тасним: Агар чунин аст, пас иллати тадовуми боздошти Сӯҳроб Зафар барои 4 моҳ чӣ буд? Оё сирфан фишорҳои давлати Тоҷикистон боиси ин мавӯъ шуда ва ё авомили дигаре ҳам муассир аст?

Ашӯров: Ҳамон тавр ки зикр шуд, иллати боздошти Сӯҳроб Зафар аз ҷониби давлати Туркиё дархостҳои фаровони давлати Тоҷикистон ва ворид шудани иттиҳомоте нисбат ба ӯ мебошад.

Ин як раванде маъмулӣ дар низоми қазои (додгоҳи)-и ҳар кишваре аст. Ҳаргоҳ ки нисбат ба касе иттиҳоме равона шавад , ӯ аз сӯи додгоҳ мебоист мушкилотро ҳал кунад.

Иллати дар Туркия боқӣ мондани Сӯҳроб Зафар ва намояндагони мо, ин, эътимод ба он ва адолати роҳбарияти Анқара мебошад. Бародар Сӯҳроб Зафар борҳо баён карда буд, ки: ” Иллати интхоби Туркия барои зиндагӣ ва муборизааш, ин, пойдории адолат дар ин кишвар аст.”

Аз фишор инҷо зикр кардаед, хидмати шумо арз кунам, ки давлати Тоҷикистон аз чунин қудрате бархурдор нест. Воқеъан, ҳанӯз давлати Эмомалӣ Раҳмонов тавоноии аъмоли фишор ба кишваре монанди Сумолиро ҳам надорад, чи бирасад ба кишвари қудратманде чун Туркия, вале ба ҳар ҳол табиъати мубориза ҳамин аст. Сахтӣ ва зиндон дорад. Дар ниҳоят чӣ ба пирӯзӣ хатм шавад ва чӣ ба шаҳодат, дар ҳар ду сурат мо пирӯзем.

Тасним: Дар сурати истирдоди вай ба Тоҷикистон, барномаи “Гурӯҳи 24” барои оянда чӣ хоҳад буд? Оё боз ҳам аъзои фаол дар Туркия хоҳанд монд?

Ашӯров: Аз манзари таҷриба ва адолат дар торихи фаъолияти “Гурӯҳи 24” дар Туркия, метавонам бигӯям, ки мақомоти Туркия ин тасмимро нахоҳад гирифт. Аз сӯи дигар ҳам, барои ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” истирдод ва рабудани фаолони ӯ назири Мақсуд Иброҳимов ва Эҳсон Одинаев ва ҳатто ба шаҳодат расондани раҳбари он – Умаралӣ Қувватов (р) мавзӯоти тозае нестанд . Чунин иттифоқотеро мо пештар аз сар гузарондаем. Аммо бо вуҷуди зарбаҳои шадид, мушкилотро таҳаммул карда, ва ин ҳаракат идома ёфта аст. Ба ҳар ҳол ҳар кас хиёл кунад, бо зиндонӣ кардан ё куштани афрод метавон ҷӯлуи тағйир ва инқилобро гирифт, сахт дар иштибоҳ аст. Тоҷикистон фарзандони зиёде дорад,ки ин роҳро идома хоҳанд дод.

https://www.tasnimnews.com/fa/news/1397/04/30/1781583/سخنگوی-گروه-24-ترکیه-سهراب-ظفر-را-به-تاجیکستان-استرداد-نخواهد-کرد

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза