4.1 C
Dushanbe
23.11.2024

Ситамгари миллаткуш тарафдорони демократияро ифротӣ хонд

Талотуми митингу эътирозҳо аз 27-уми июл то 3-юми октябри соли 2014-ум давом кард. Роҳбарони ҳаракатҳои мардумӣ-сиёсии “Гурӯҳи 24” ва “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” ба таёрӣ ва тарафдории халқи Тоҷикистон бовар карда, хостанд 10-уми октябр, дар хиёбони Сомонии шаҳри Душанбе митинги мусолиматомез барпо кунанд. Нақшаи ин ҷамъомад пештар кашида шуда, роҳбарияти ҳаракатҳо дар шаҳрҳои Руссия митингу эътирозҳо гузаронида, ҳамзамон ба гирдиҳамоӣ омода мешуданд. Умаралӣ Қувватов муддати як моҳ дар шабакаи радиоии “Новый Таджикистан 2”, дар сомонаҳои хабарии мухолифин дар хориҷ ва дар сайтҳои иҷтимоии интернетӣ баромад карда, бо ин роҳ халқро аз ҳақиқат ва тарафдорони ҳаракатҳои мухолифинро дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он, расонаҳои байналмиллалии сиёсии мухолифин ва расонаҳои хабариро аз барнома ва нақшаҳои ояндаи ҳарду ҳаракат огоҳ мекард. Ӯ ҳамеша бар зидди диктатура, ситамгарӣ, бедодӣ, маҳдудкунии сиёсӣ, фасодкориву маҳалгароӣ ва поймолкунии ҳуқуқ аз ҷониби Раҳмонов ва наздиконаш ва ба зарурияти барпо кардани митинги сулҳомез дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мекард.

Дар ҷараёни ҳаракатҳо миёни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Руссия, Эмомалӣ Раҳмонов ва наздиконаш ба танг омада буданд. Онҳо аз хабарҳое, ки ҳамарӯза аз органҳои дахлдор, расонаҳои хабарӣ ва сафоратхона мегирифтанд ба ларза омада буданд. Раҳмонов ба зертобеъони худ фармон дод, то ҳарчи зудтар ин масъала ҳал карда шавад. Зертобеъонро масъалаи душворе бар ӯҳда буд. Аз як тараф ҳамаи эътирозҳо дар Руссия бо қоидаҳои демократӣ гузаронида шуда буданд. Аз дигар тараф онҳоро мебоист муқобилият алайҳи мухолифонро бо ягон роҳе қонунӣ кунанд. Чунки ҳукумати Руссия, бисёре аз расонаҳои хабарӣ, расонаҳои байналмиллалии сиёсии мухолифин ва ҷамъияти байналмиллалӣ ҷараёни ҳаракатҳоро назорат мекарданд. Онҳо бояд бо ҳар роҳе фаъолиятҳои ҳаракатҳои мухолифинро пешгирӣ карда ва ҳамзамон танқиди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро кам ё хомӯш мекарданд. Бо нақшаи тарҳрезишуда, КДАМ ва Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди Олии Ҷумҳурӣ оид ба экстремистӣ эълон кардани ҳаракатҳои мардумӣ-сиёсии “Гурӯҳи 24” ва “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” даъво карданд, ки ин дар чорчӯбаи ягон қонун набуда ва сафсатае беш нест.

Суоле ба миён меояд: Экстремизм чист?

Мувофиқи савияи байналмиллалӣ: “Экстремизм аз калимаи Юнонии Extremus – оташнопазирӣ, қатъӣ (зиёдаравӣ), аз ҳад зиёд гирифта шуда, маънояш тарафдорӣ ва ё пайравӣ аз ақидаву нигоҳҳои қатъӣ (зиёдаравӣ) мебошад (Одатан дар Сиёсат). Дар Экстремизм ҳам шахсҳои алоҳида ва ҳам ташкилотҳои аксаран сиёсӣ мубтало мешаванд. Миёни фаъолиятҳои Экстремистӣ фитнаангезӣ ба нооромиҳо, амалҳои террористӣ ва бурдани ҷанги партизаниро метавон қайд кард.”

Дар куҷои фаъолиятҳои мухолифин экстремизм дида мешавад? Дар баромадҳо, барномаҳо, нақша ва вазифаҳои роҳбариятҳои ҳаракатҳои мардумӣ-сиёсӣ ҳеҷ гоҳ даъват ба нооромиҳо, аксияҳои террористӣ ва бурдани ҷанги партизанӣ набуд, нест ва нахоҳад буд. Бо кадом асос мӯҳтарам Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки алоҳида ва мустақил аз ҳокимият бояд бошад, чунин қарорро баровард, агар ӯ аз ҷониби Раҳмонов идоранашаванда ва ё дар ихтиёри ӯ нест? Мисолҳо, гузаронидани эътирозҳои оромона дар ҳама шаҳрҳои Руссия метавонанд бошанд, ки ҳеҷ гоҳ чунин даъватҳо ба назар намерасиданд.

Моддаи 29-уми Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад: “Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш ва раҳпаймоии осоишта иштирок кунад.”

Пас чаро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарқонунро риоя намекунад? Барои чӣ шаҳрвандони Тоҷикистон наметавонанд дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш ва раҳпаймоиҳои осоишта иштирок кунанд? Барои чӣ ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ки Сарқонун ба онҳо додааст, риоя карда намешаванд? Мувафиқи Моддаи 1 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон: ‘Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.” Барои чӣ дар давлати ҳуқуқбунёд, ҳуқуқҳои шаҳрванд, ки кафолатдиҳандааш Сарқонун мебошад, риоя намешаванд?

На танҳо мисолҳо ва моддаҳои дар боло зикршудаи Сарқонун риоя намешаванд, балки чунин намунаҳо зиёданд.

Моддаи 1: “Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.” (Дар Тоҷикистони имрӯза инро дар куҷо мебинед?)

Моддаи 5: Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олиро доро мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.” (Дар Тоҷикистон баръакс, Раҳмонов ва наздиконаш дахлнопазир буда, онҳо ҳуқуқ ва озодиҳои дигар шаҳрвандонро маҳдуд месозанд).

Моддаи 6: “Ғасби ҳокимият ва ё тасарруфи салоҳияти он манъ аст.” (Магар ҳокимият дар Тоҷикистон аз ҷониби Раҳмонов ғасб нашудааст?)

Моддаи 7: “Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад. Тартиби таъсис ва тағйири воҳидҳои маъмурию ҳудудиро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.” (Дар кадом асос замини Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, 1-уми октябри соли 2011 ба Давлати Мардумии Чин бе маълумот ва иштироки халқ дода шуд? Ин моддаи Сарқонун мустақим ва дағалона вайрон карда шудааст.)

(навор)

Моддаи 9: “Ҳокимияти давлатӣ дар асоси тақсимоти он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.” (Пас барои чӣ ҳар се шохаи ҳукумат дар дасти Раҳмонов ва оилаи ӯст?)

Моддаи 10: “Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, беэътибор ҳисобида мешаванд.” (Лоиҳаи қонуни сафсатавии “Пешвои Миллат”, ки бо қаллобӣ қабул ва ба Конститутсия ворид карда шуд, муқобили ин модда ва моддаи 6-уми Конститутсия мебошад)

Моддаи 19: “Ҳар кас кафолати ҳифзи ҳуқуқӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди бесалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд. Ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир, ҳабс кардан мумкин нест. Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад.” (Мисоли рафти додгоҳ бисёре аз сарватмандон ва сиёсатмадорон, инчунин раванди додгоҳи Зайд Саидов, мустақиман вайрон кардани ин модда ва таҳқир кардани Конститутсия мебошад)

Муқобилият ва вайрон кардани қонунро аз ҷониби режими диктотурии Раҳмонов то беохирӣ метавон давом дод. Чунин намунаҳо зиёданд ва ҳамарӯза дар ҳодисаҳои гузаштаистода дар Тоҷикистон такрор мешаванд.

“Гурӯҳи 24” ва ҳаракати “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”- ро ҳаракатҳои экстремистӣ эълон ва фаъолияташонро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намуда, бо ин амалаш Раҳмонов барои тарсонидани халқ ва таъқиби дигарандешон заминаи хубе фароҳам овард. Ба ҷуз аз ин тамоми мақомоти дахлдор, то худи қушунҳои дифоъ дар ҳолати хуби ҷангӣ барои саркӯб кардани митинги сулҳомез тайёр карда шуда буданд. Ҳатто овозаҳо буд, ки Раҳмонов аз Чин дархост кардааст, то барояш баталёни қӯшунҳои дохилӣ ва қувваи махсус аз Чин барои саркӯби митинг равон карда шавад. Дар тамоми ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, дар ҷойҳои ҷамъи зиёди мардум силоҳбадастони милиса ва КДАМ барои бо қувва доштан ва фишор додани халқ, ҷамъ омада буданд. 9-ум ва 10-уми октябри соли 2014-ум, дар ҳар гӯша ва хиёбонҳо дастаҳои мақомоти дахлдор ва нақлиётҳои ҳарбӣ меистоданд. Мардумро дар кӯчаҳо дастгир карда, ба шӯъбаи милиса мебурданд. Ҳукумати Раҳмонов дар он рӯз тайёр буд, то халқи худро қатли ом кунад.

Ин вазъияти мардумӣ-сиёсиро ба назар гирифта, роҳбарияти ҳарду ҳаракатҳо ба хулосае омаданд, ки барпо кардани митинг бо сабабҳои хунрезӣ ва куштори миллат бефоида аст. Махсусан пас аз ҳодисаҳои Помир, золими Раҳмонов барои саркӯб ва куштани миллати худ таҷрибаи хуб ва кофӣ дошт. Умаралӣ Қувватов тавассути “Zello” ва расонаҳои хабарӣ халқро даъват кард, то ба митинги сулҳомези 10-уми октябр набароянд ва мардумро аз оқибати ин кор огоҳ намуд.

(навор)

Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза